23-феврал

Рӯзи 23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард.

Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 23 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.

Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Пайғамбари Худо (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидааст: “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.

Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо нӯги қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфи умри худро то дами марг барои ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,

Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.

Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷваонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Сурқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.

Ватан, чӣ қадар калимаи зебост. Вақте инсон ин калимаро ба забон меорад, пеш аз ҳама он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.

Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мордонагӣ омӯзем.

5+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин