7-усули рӯбардоркунӣ аз дафтари хонандаи аълочӣ

«Вазифаи хонагӣ» тайёр нест? Худро дар вақти кори хаттӣ гум мекунӣ? Пас аз кӣ рӯбардор кард… албатта аз аълочӣ. Чӣ тавр ин корро анҷом дод, агар ӯ муқобил бошад. 😉

1. Васваса. Агар аълочӣ – писар бошад, он гоҳ ҳарак кун то чашмаки ман чашмаки туро ба кор барӣ. Ва баракс барои ҷинси муқобил.

Фикр дорӣ, ки ӯ танҳо ба китобчаҳо назар мекунад? Ҳеҷ кас нагуфтааст. Шавқу ҳавасро ба кор бар, таваҷҷӯҳ зоҳир намо ва мебинӣ, ки ӯ ба мисли дигарон хоҳад шуд. Фақат каме донояк. 🙂

2. Олиҳимматӣ. Ба ӯ нишон деҳ ва ё бигӯ, ки чӣ тавр ӯ меҳрубону сахӣ аст ва танҳо ӯ метавонад ба ту кӯмак кунад. Баъди ин гапҳо рад кардан хеле мушкил мешавад.

3. Мардонагӣ. Ӯро ба мардонагӣ даъват кун то ки ба ту кӯмак расонад. Ба маънии… рӯбардор кардан.

4. Дилсӯзӣ. Ба он нафароне дуруст меояд, ки ҳисси ғамхорӣ дошта бошанд… чашмонатро бечоравор сохта қиёфаатро ғамгин ифода намо ва хоҳиши кӯмак кун, ҳодисаи бадтаринро барояш нақл кун, масалан: хориҷшавӣ аз мактаб, агар ӯ барои рӯбардор кардан иҷозат диҳад.

5. Таъриф. Чоплусӣ – яроқи беҳтарин аст. Шавқу шодии худро нисбати ақлу қобилият ва намуди зоҳирии ӯ иброз намо. Ин кор метавонад роҳеро барои ҳал кардани кор ба сӯи дафтари ӯ кушояд.

6. Хизмат баҳри хизмат. Агар ӯ ба ту барои рӯбардор намудан иҷозат дод, пас ту бар ивази ин кор ба ӯ масалан тарзи дурусти рақскуниро биомӯз. Муҳим бояд бидонӣ, ки ба ӯ дар ҳақиқат чӣ лозим аст.

7. Рағбати умумӣ. Пас аз он бо ҳам ҷӯра шавед ё худ муносибататонро боз ҳам қавитар гардонед. Чунки ба дӯстон ё ба шиносони хуб дасти ёрӣ дароз накардан мушкил аст.

Умуман ин маслиҳатиҳо на фақат барои духтарон дуруст меояд, балки барои писарон низ.

Чӣ хеле ки набошад ҳам, хубтар мешуд, ақли худатонро истифода мебурдед.

Маъмурият: Дилшод Ҳамидов

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин