Абдураҳмони Мушфиқӣ

Нақша:
1) Ҳаёт ва фаъолияти адиб
2) Мероси адабии Мушфиқӣ

Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба Абдуллохон қасидае навишта, аз мулки хеш — аз Бухоро дур афтодани худро хабар медиҳад. Мушфиқӣ дар хурдсолӣ аввал аз падар ва сонитар аз модар ятим мемонад. Мушфиқӣ аз сабаби тангии маишӣ ба хидмати яке аз ҳунармандони шаҳри Бухоро дохил шуда, аз ў бисёр дастгириҳо мебинад. Бо дастгирии ин марди шариф таҳсили ибтидоиро ба поён расонида, ба мадраса дохил мешавад. Мушфиқӣ илмҳои ҷории замонааш: ҳикмат, нуҷум, рамлу ҳисоб, каломро хуб меомўзад. Хусусан умуми адабӣ ва аз миён назмро бештар дўст медорад. Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии шоир дар шаҳри Бухоро сипарӣ мешавад. Ў шеъргўиро дар ҳамин шаҳр шурўъ кардааст. Мактабҳои адабии Бухоро Мушфиқиро ҳамчун шоири тавоно мепазиранд, вале ҳусудони дарборӣ ўро хеле фишор медиҳанд. Шоир дар ҷавонӣ ғолибан ашъори мутоибавӣ гуфтааст, зеро даврони ятимӣ ва бепарастории ў эҷоди чунин ашъор боис гардидааст. Мушфиқӣ соли 1564 ба Самарқанд меояд, ки шояд сабаби сафари шоир ҳамоно тангии маишӣ бошад. Шоир дар Самарқанд ба вазифаи китобдори Султон Саид пазируфта мешавад ва даҳ сол дар ин шаҳр истиқомат мекунад. Ў дар ситоиши Султон Саид чанд қасида низ эҷод кардааст ва девони якуми ғазалиёти худро низ ба ин ҳоким бахшидааст. Поёни умри Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро гузаштааст. Ў соли 1588 дар ҳамин шаҳри бостонӣ аз ин олам чашм бастааст. Ўро дар мазори Шайх Ҷамол дафн кардаанд. Дар санги мазори шоир байте аз як ғазали худи ў сабт шудааст:

Ба хоки Мушфиқӣ он дам, ки дўстон гузаранд,
Расад ба хотири эшон, ки хоксаре буд.

Аз Абдурраҳмони Мушфиқӣ то рўзгори кунунӣ осори зерини адабӣ боқӣ мондааст:

Девони мутоибот, Ду девони ғазалиёт, Девони қасоид.
Се маснавӣ: «Соқинома», «Гулзори Ирам», «Ҷаҳоннамо».

Дар эҷодиёти Абдурраҳмони Мушфиқӣ ғазал мақоми аввалиндараҷа дорад. Ду девони ғазалиёти шоир аз чаҳор ҳазор байт иборат аст. Мавзўъҳои асосии ғазалиёти шоир асосан ишқу исёнҳои ботинии инсон, садои қалбҳои лабрези муҳаббат, сўзи ошиқу бемеҳрии маҳбуба, ниёзи ошиқу бениёзии маъшуқа, маю бодагусорӣ, мусиқиву навохоҳӣ, тасвири баҳору ситоиши табиат ва ғайра аст. Ин мавзўъҳо бо ангезаҳои дигари иқтимоӣ: ноадолатиҳову золимӣ, бемеҳрию сустпаймонӣ, ҳавобаландиву кибр, фиребу дасисакорӣ, мунфиқиву авомфиребӣ ва ғайра хеле қавианд. Шоир дар суннати ғазалсароӣ ғолибан ба Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ пайравӣ мекунад. Дар ғазалиёти Мушфиқӣ ҷузъиёти образҳои лирикӣ хеле ўҳдабароёна васф карда мешавад. Шоир ба воситаи тавсифҳои «хусни хати ғолиябӯ», «бандаи рў», «ҳаваси ҳар сари мў» «хоки сари кў» ва ғайра ба маҳбуба сидқан изҳори муҳаббат мекунад. Дар ишқи маҳбуба садоқати асили худро баён менамояд.

Омодакунанда: Ниёзов Баҳодурҷон, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 55

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *