Бузу гӯсфанду гӯсола

Як бузи кӯтурро соҳибаш ба замини беда cap дод. Чанд рӯз чарида буд, ки буз кам-кам мӯй баровардан гирифт. Рӯзе дар бедазор як гӯсфанди кӯтур пайдо шуд. Бузак давида омаду гӯсфандро шох зад. Гӯсфанд гуфт:

-Ҷӯра, маро назан, ман кӯтур шудагӣ соҳибам ин ҷо оварда монд, ки алафи тоза хӯрам. Ту аз як тараф хӯрдан гир, ман аз дигар тараф мехӯрам. Охир буз розӣ шуд. Ҳар ду аз ду тарафи замин алаф хӯрда гаштанд.

Як рӯз ба як тарафи замин як гӯсола даромад. Бузак хез карда омаду гӯсоларо шох зада, пеш кардани шуд, гӯсола гуфт:

-Ҷӯра, мон, ман ҳам бо шумо аз ин алаф хӯрам, ин алаф, ки тамом шуд. Боғи Шимол меравем хазон мехӯрем. Бузу гӯсфанду гӯсола чанд рӯз алаф хӯрда гаштанд, алаф тамом шуд. Онҳо ҳар се ба сӯи Боғи Шимол равон шуданд. Рафта истода буданд, ки аз роҳ як пӯсти гург ёфтанд. «Ягон вақт даркор мешавад» гуфта пӯстро гирифта, ба гирди шохи буз печонданд. Боз рафтан гирифтанд. Рафтанд, рафтанд, аз пешашон як хона баромад. Диданд, ки аз мӯрии хона дуд баромада истодааст. Буз гуфт:

-Ҷӯраҳо, ташна мондем, биёетон, даромада як пиёла чой
нӯшем. Пӯсти гypгро дар тaги дари хона монданду дарро кушода диданд, ки дар хона се гург нишастааст. Бузу гӯсфанду гӯсола гурехтанӣ шуданд, лекин гургҳо гуфтанд:

-Меҳмонҳо, дароётон, мо ҳам шумо барин роҳгузар ҳастем, ҳамроҳ чой менӯшем. Бузу гӯсфанду гӯсола ба хона даромада, чой нӯшида шиштанд. Яке аз гургҳо бисёр калон буд. Гурги калон ба гурги дигар гуфт:

-Шарик, ҳамон дуторро ба ман деҳ, аз падарам як қисса монда буд, ҳамон қиссаро ба ин меҳмонҳои азиз гуфта диҳам. Ба ӯ дуторро доданд. Гург дутор зада, хондан гирифт:

Ин шохкалонаш ини ман,
Ишкамкалонаш ини ман.

Ҳамроҳонаш ба хониши вай «дӯст» мегуфтанд. Баъд гурги миёна дуторро гирифта гуфт:

Ман ҳам аз бобом як қисса ёд гирифта будам, ба меҳмонҳо хонда диҳам. Дуторро гирифту ба хондан даромад:

Дасткалонаш ини ман,
Почадарозаш ини ман.

Гург мехонду ҳамроҳонаш «дӯст» мегуфтанд. Навбат ба гурги хурдӣ расид. Гурги хурдӣ дуторро гирифту ба хониш cap кард:

Бедуму шохаш ини ман,
Дунбакалонаш ини ман.

Ин ҳам мехонду ҳамрохонаш «дӯст» мегуфтанд. Гургҳо хонда шуда буданд, ки буз гуфт:
-Набошад, дуторро ба мо ҳам диҳед, мо ҳам як қисса гӯем. Дутрро ба буз доданд, бузак дуторро зада хонд:

Якто пӯсти гург доштем,
Ба пеши дар партофтем.
Пӯсти се гурга гирем,
Пӯстини хуб месозем.

Буз мехонду хамроҳонаш «дӯст» мегуфтанд. Гурги калон ба гурги хурдӣ оҳиста гуфт:

-Баро берун бин, канӣ, пӯст ҳаст ё не? Гурги хурдӣ берун баромада дид, ки ба таги дар пӯсти гург партофтагӣ. Тарсида гурехта рафту дигар наомад. Сонӣ гӯсфанд дуторро гирифт. Дуторро гирифта ба хониш даромад:

Якто пӯсти гург доштем,
Шуд ба моён чойпулӣ.
Пӯсти инро ҳам гирем,
Мешавад боз ошпулӣ.

Мехонду ҳамроҳонаш «дӯст» мегуфтанд. Гурги калони ба гурги миёна оҳиста гуфт:

– Хез баромада бин, магар гапашон рост аст, ки гурги хурдӣ наомад.
Гурги миёна баромада, дар пеши дар пӯстро диду ин ҳам тарсиду гурехта рафт. Навбат ба гӯсола расид, гӯсола дуторро гирифта ба хониш cap кард:

Мо гургака пӯст кардем,
Аз пӯсташ пӯстин кардем.
Ба таги дар партофтем,
Хай, лайло, лайло, лайло.

Мехонду бузу гӯсфанд «дӯст» мегуфтанд: Гурги калонӣ фикр кард, ки аз афташ инҳо рост мегӯянд, худам як баромада бинам, чаро ин гурги хурдию миёна наомаданд? Баромада дид, ки ба таги дар як пӯсти калон партофтагӣ. Ин ҳам тарсиду гурехта рафт. Бузу гӯсфанду гӯсола соҳиби хона шуданду кайф карда гаштанд.

  1. Хушҳол шудам! Аҷиб, вай гургон пӯстро дида тар ҳам кардагистанд. Қиссаи аҷоиб будааст, офарин!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *