Хаёлпараст

Дар як деҳае пиразане зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз як мурғе дигар моле надошт. Ин мурғ ҳар рӯз яктоӣ тухм мезоид. Ин занак тухмҳоро ба сабаде нигоҳ медошт. Пиразан як писаре ҳам дошт, ки хеле танбал буд! ҳеҷ коре намекард дар ҷои худ фақат хоб мерафт. Агар дар болояш жола борад ҳам аз ҷояш намехест.

Боре занак ба писараш гуфт: — Ман пир шудам, дигар барои як луқма нон ҳам кор кардан бароям мушкил аст. Акнун вақти он расидааст, ки ту дар бораи кор фикр кунӣ. Ҳамаи мардҳо бо як коре машғуланд: аз пахта ҳосил мегиранд, боғеро обод мекунанд, бо ягон ҳунаре ва ё тиҷорате машғуланд. Ту ягон коре карда наметавонӣ, ҳунаре ҳам надорӣ, ҳадиақал бо тиҷорат машғул шав. Шояд ягон пули пучак кор кунӣ? Ин гапҳоро гуфта, занак ба писараш сабадеро бо тухм дод. Аз бекорӣ писар бо тухмҳо сӯи бозор рафт. Рафт, рафту хаста шуд, писар. Ба таги як чанори ғафс хоб кард ва сабади пури тухмҳоро ба нӯги пояш гузошт. Чашмонашро пӯшиду ба хаёл рафт: «Дар ин сабад камаш панҷоҳ тухм ҳаст. Инро мефурӯшаму ба пулаш як хурӯсу чанд мурғ мехарам. Мурғ сад тухм мекунад. Аз сад тухм сад чӯҷа мебарояд. Чӯҷаҳо калон шуда, мурғ мешаванд. Мургҳо ҳам тухм мекунанд. Камаш панҷ ҳазор тухм мекунанд. Аз панҷ ҳазор тухм, панҷ ҳазор чӯҷа мегирам. Чӯҷаҳо ҳам калон шуда, мурғ мешаванд! Панҷ ҳазор мургғ! Ин мурғҳоро фурӯхта ба пулашон гӯсфанд мехарам. Ҳазор гӯсфанд! Гӯсфандҳо ҳам ана — мана нагуфта барра мезоянд. Баррачаҳо калон шуда, боз гӯсфанд мешаванд! Як рама гӯсфанд! Ин гӯсфандҳо ҳам барра мезоянду калон мешаванд. Ман соҳиби чандин рама мешавам! Нисфи гӯсфандонро мефурӯшаму ба пулаш қасре месозам, ки на камтар аз қасри подшоҳ! Баъд ман ба духтари худи подшоҳ хонадор мешавам! Подшоҳ давлату савлати маро дида, духтари зеботаринашро ба ман медиҳад. Мегӯянд, ки аз ҳама зеботарин ва аз ҳама бадфеълтарин ҳам духтари подшоҳ аст. Пас аз хонадор шудан, ғурурашро мешиканам ва маҷбур мекунам, ки гапамро гӯш кунад. Агар вай маро гӯш накунад, мана ин тавр як лағат мезанам!” Ин дам пои танбал ба чизи сахте расиду дард кард. Вай чашмашро кушода, чиро дид?! Сабадро дид, ки парида дар байни роҳ рафтасту тухмҳо шикастаанд. Як тухми бутун ҳам намондааст!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *