Лаку Пак

Буд, набуд, дар рӯи ин олам Лаку Пак буд. Лак зани Пак буд. Лаку Пак духтари зебое доштанд, вале аклаш норасо. Як рӯзе ба хонаи онҳо хостгор омад. Лак хостгорҳоро дида ба духтараш гуфт: — Духтарам, ба ту хостгор омад. Рафта об биёр. Чаққон бош, ки хостгорҳо «духтари бадаступо будааст» гуфта, туро хуш кунанд! Духтар кӯзаро гирифта, тозон ба лаби ҳавз рафт.

Об гирифта истода фикр кард, ки: «Раваду хостгорҳо маро хуш кунанд. Тую тамошо шавад. Сони як писарча зоям. Писарчаам калонакак шаваду аз дастакаш дошта, ба хонаи падару модарам меҳмонӣ биёям. Модарам гӯяд: «ҷони бибӣ, калонакак шудӣ, дастёракак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем». Бачаякам биёяду аз ҳавз об мегирам гуфта, пояш лагжида ба ҳавз ғалтаду ғарқ шавад! Баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли мане, рӯям сиёҳе!» Духтар ҳамин тавр фикр карду доду фарёд бардошту шаш қатор оби дида рехта нишаст.

Модар мунтазири духтар, хостгорон мунтазири чой. Пак рӯи ҳавлӣ баромаду овоз баровард: — Лак! Лак! — ҷони Пак! — Канӣ чой? Меҳмонҳо интизоранд. — Духтарамон ба ҳавз, ба об рафтагӣ ҳозир меояд. — Тез лаби ҳавз рав, ки чаро дер кардӣ — Хуб шудааст, ҷони Пак. Лак ба лаби ҳавз рафт. Дид, ки духтарашон оби дидааш шаш катор гиря карда нишастааст. — ҳа, духтарам, чӣ шуд ба ту? Барои чӣ гиря карда нишастаӣ? — пурсид Лак. — Эй модарҷон, ман гиря накунам, ки гиря кунад?! — ҷавоб дод духтар. — Об гирифта истода фикр кардам, ки: «Раваду хостгорҳо маро хуш кунанд. Тую тамошо шавад. Сони як писарча зоям. Писарчаам калонакак шаваду аз дастакаш дошта, ба хонаи падару модарам меҳмонӣ биёям. Модарам гӯяд: «ҷони бибӣ, калонакак шудӣ, дастёракак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем». Бачаякам биёяду аз ҳавз об мегирам гуфта пояш лағжида ба ҳавз ғалтаду ғарқ шавад! Баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли мане, рӯям сиёҳе!» — Вой, бар акли расоят модаракат қурбон шавад! — гуфта Лак ба паҳлӯи духтараш нишасту гирён шуд.

Пак як дам духтарашро интизор шуд, занашро интизор шуд, аз касе дарак нашуд, хесту ба лаби ҳавз омад. Омада дид, ки духтару зан дар лаби ҳавз зор-зор гиря карда нишастаанд. — Лак, Лак, чӣ гaп шуд? Барои чӣ шумо гиря мекунед? — пурсид Пак. — О, Пак, Пак! Чӣ хел мо гиря накунем? Чаро оби дида нарезем? — ҷавоб медиҳад ба Пак Лак — гӯш кунед духтари баақлаки мо чӣ мегӯяд? — Чӣ мегӯяд, Лак? — ҳайрон шуд Пак. — Мегӯяд, ки: «Раваду хостторҳо маро хуш кунанд. Тую тамошо шавад. Сонӣ як писарча зоям. Писарчаам калонакак шаваду аз дастакаш дошта, ба хонаи падару модарам меҳмонӣ биёям. Модарам гӯяд: «ҷонӣ бибӣ, калонакак шудӣ, дастёракак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем». Бачаякам биёяду аз ҳавз об мегирам гуфта пояш лағжида ба ҳавз ғалтаду ғарқ шавад! Баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли мане, рӯям сиёҳе!» — Ой, духтараки баақлаки ман! Чӣ хел ту ақли расо дорӣ! — гуфта Пак ҳам дар паҳлӯи зану духтараш нишаста зор-зор гиря кард.

Се кас — Лаку Паку духтар он чунон баланд нолаву гиря карданд. Хостгорҳо шунавида, ҳайрон шудаву хавотир шуда, ба лаби ҳавз омаданд. Омада диданд, ки соҳибони хона — зану шавҳару духтар шаш қатор оби дида рехта гиря карда шиштаанд. — Чӣ гaп шуд, Пак? Чаро шумоён гиря карда шиштетон? — пурсиданд онҳо. — Лак, Лак! — гуфт: Пак—гӯед, барои чӣ мо гиря дорем? — Мо гиря накунем, кӣ гиря кунад? — гуфт Лак. — Гӯш кунед ин духтараки баақламон чӣ мегӯяд. — Духтаратон чӣ мегӯяд, Лак? — пурсиданд хостгорҳо. — Мегӯяд, ки: «Раваду хостгорҳо маро хуш кунанд. Тую тамошо шавад. Сонӣ як писарча зоям. Писарчаам калонакак шаваду аз дастакаш дошта, ба хонаи падару модарам меҳмонӣ биёям. Модарам гӯяд: «ҷони бибӣ, калонакак шудӣ, дастёракак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем». Бачаякам биёяду аз ҳавз об мегирам гуфта, пояш лағжида ба ҳавз ғалтаду ғарқ шавад! Баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли мане, рӯям сиёҳе!»

Хостгорҳо ин гапро шунида: — Ақли духтари шумо ҳуснаш барин расо будааст! Ин гапро гуфта, духтари Лаку Пакро туй карданд. Туй шуд ва духтари Лаку Пак ба хонаи шавҳар зиндагӣ мекард. Аз байн чӣ қадар вақт гузашту Лаку Пак духтарашонро ёд карданд. Дар дилашон хоҳиш пайдо шуд, ки ӯро хабар гиранд. Лак хост, ки барои духтараш самбӯса пазад, ки дар хона равған набудааст. Пас ӯ ба Пак гуфт: — Пак, Пак! Пиёларо гиреду ба назди равғанфурӯш равед, каме равған харида биёед. Пак як пиёла гирифта, пеши равганфурӯш рафт. Равғанфурӯш як қадаҳ равған чен карда, ба пиёлаи Пак андохт. Андаке равған зиёдатӣ кард. — Камакак ҳаққатон монд, ба пиёла ҷо нашуд — пурсид равғанфурӯш — инро чӣ кор кунам? — Мана, ба ин ҷо андозед, — гуфта Пак пиёларо чаппа карда, пушташро дошт. Равғанфурӯш бақияи равғанро ба пушти пиёла рехт. Пак равғанро оварда, дасти занаш дод. — Пак, Пак! — ҳайрон шуда пурсид Лак — Шумо кам равған харидед. Барои пухтани самбӯса намерасад! — Кам не, азизакам, дар даруни пиёла ҳам ҳаст. Лак пиёларо рост карда, дарунашро диданӣ шуд, ки як камакак равғани дар пушти пиёла будагӣ ҳам ба замин рехт. Бе равған монданд Лаку Пак. Чӣ бояд кард? Бе равған самбӯса пухта намешавад. Дуру дароз маслиҳат карданду қарор доданд, ки хуб мешуд як рӯймол нони гарм пухта баранд. Лак ба Пак гуфт: — Ман хамир мекунам, шумо танӯра тафсонда истед. Лак машғули хамир кардан шуду Пак ба беруни ҳавлӣ баромад. Ҳезум майда карда хост ба танӯр андохта даргиронад, ки дид: даруни танӯр тафсидагӣ барин суп-сурх — ин шӯълаи офтоб буд дар даруни танӯр. «Ин худаш тафсидагӣ-ку, — фикр кард Пак, — роҳ дар пеш, то нон бастани Лак як хоб карда гирам». Ҳамин хел фикр карду рӯи суфаи зери тут дароз кашида, ба ҳузур хоб кард.

Лак бошад, нон рост карда, пеши танӯр овард. Дид: танӯр суп-сурх тафсидагӣ. Ба танӯр нон часпонда мунтазир шуд. Як соат нигоҳ кард, ду соат нигоҳ кард, хеҷ не, ки нон сурх шавад. Пак аз хоб сер шуда, хеста пешаш омад. Ин дам Пак мегӯяд: — Лак, Лак! То кай интизор мешавем, ки нон мепазад. Ҳамин танӯра канда, ба китфамон бардошта барем, нон дар роҳ пухта мемондагист! Ҳамин хел карданд. Танӯрро канда ба хонаи духтарашон барои меҳмонӣ рафтанд. Як замон хешовандони домод диданд, ки падару модари келинашон як танӯри калона бардошта омада истодаанд. Тозон баромада, танӯри пур аз хамирро аз китфи онҳо гирифта, б а як сӯ монданду худашонро бо иззату ҳурмат ба хона дароварданд. Пас аз хӯрдани хӯрок ба Лаку Пак ҷойгаҳ андохтанд. Лаку Пак ба ҷойгаҳ даромаданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *