Рӯбоҳ ва паланг

Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш гирифт.

Гурехта рафта истода буд, ки ҷарии чукуре баромад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданашро надониста, ба болои як санги калон баромаду ба гиря cap кард.

Паланг ҳайрон шуда, пурсид:

– Эй рӯбоҳ, ба ту чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ?

– Оҳ, ман шуморо дидаму падаратон ба хотирам омаданд. Раҳматӣ, ҷояшон ҷаннат шавад, ҳамин қатар нотарсу чобуку чолок буданд, ки аз чариҳо чашм пӯшида меҷаҳиданд, аз кӯҳ мепариданд, аз дарёҳо мегузаштанд. Сад афсӯс, ки дидани корномаҳои ин хел далерон ба ман муяссар намешавад. Гиряи ман ана барои ҳамин аст.

Паланг ин гапро шунида, бо ғypyp cap бардошту дар пеши рӯбоҳ чусту чолокии худро намоиш доданӣ шуда, aз ҷарӣ ҷаҳид. Ҷаҳиду ба қаъри ҷарӣ рафта зад.

Рӯбоҳ ба таги ҷарӣ нигоҳ карда, писханд зaдa гуфт:

– Ман медонистам, ки шумо дигару падаратон дигар. Ҳар фарзанд падараш барин намешавад.

  1. Парвиз:

    акачон чихе скачать кнем ёд тен илтимос

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *