Аҳамияти истифодаи воситаҳои педагогикаи этникӣ ва халқӣ дар раванди тарбия

Тарбия ҳамчун яке аз категорияҳои илми педагогика, ҳамзамон дар радифи наслият (ирсият) ва муҳит яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсият ба шумор меравад. Тарбия падидаи иҷтимоӣ буда, ҳанӯз аз давраи обшинаи ибтидоӣ ва умуман метавон гуфт, ки аз замони пайдоиши одам дар рӯи олам ба вуҷуд омадааст. Ва он то ба имрӯз дар шаклҳои гуногун, ҳамчунин бо истифода аз воситаҳои мухталиф тадбиқ мегардад.

Ин як ҳодисаи табиист, зеро инсон ҳанӯз аз лаҳзаи таваллуд ба тарбия эҳтиёҷ дошта, берун аз он вуҷуд дошта наметавонад. Илова бар ин, инсон маҳз туфайли тарбия ба хислатҳои инсонӣ соҳиб гашта, «ба гули табиат» ва аз шахс ба шахсият табдил меёбад. Ва боз ҳам ҳамин тарбия ҳаст, ки ҳар як инсонро воқеан одам мекунад, вагарна ӯро одам гуфтан нашояд. Ба ин маънӣ шайх Саъдӣ хеле хуб фармудааст:

В-он одамиро, ки тарбият накунанд,
То ба садсолагӣ харе бошад.

Умуман, тарбия гирифтан тақозои табиати иҷтимоии инсон аст ва танҳо инсон табиати иҷтимоӣ дорад, аз ин лиҳоз тарбия ҳам танҳо ба инсон хос аст.

Боиси тазаккур аст, ки чӣ тавре дар боло ишора рафт, одамон аз замонҳои хеле қадим фарзандони худро тарбия мекарданду бо ин роҳ таҷрибаи дар зарфи асрҳо андӯхтаи хешро аз насл ба насл интиқол медоданд, вале ин амал чӣ гуна сурат мегирифт? Ин аст масъалаи асосӣ.

Ва ана ҳамин масъала боиси он гашт, ки дар солҳои начандон дур аниқтараш, аз оғози қарни ХХ як қатор муҳақиқону олимон рӯ ба омӯшизи афкори халқ оид ба тарбия оранд, ҳамчунин тарзу усулҳои тарбияро дар байни халқ омӯзанд. Илова бар ин, масъалаи мазкур боиси он гашт, ки дар заминаи омӯзиши олимон яке аз соҳаҳои нави педагогика ба вуҷуд ояд. Ин ҳам бошад, педагогикаи этникӣ ва халқӣ (этнопедагогика), ки асосгузори он олими рус Г. Н. Волков дониста шудааст.

« Дар зери мафҳуми педагогикаи этникӣ мо ҷамъи донишҳо, метод, роҳ, восита ва методикаи кори таълиму тарбияро, ки этноси муайян дар давраи таърихи мавҷудияти худ бо мақсади ташаккул додани дониш, малака, маҳорат ва сифатҳои шахсияте, ки барои ин ва ё он этнос хос аст, ба як система, қолиб ва ё шакл даровардааст, мефаҳмем» (айнан аз китоби «Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик», маллифон: Б. Раҳимов, А. Нуров Душанбе «Шарқи озод» — 2008, саҳ. 11).

Тавре ба мо маълум аст дар ҳама давру замонҳо масъалаи ташаккули ҳаматарафаи шахсият, яъне тарбияи шахси комил ҳамчун масъалаи асосӣ дар маркази таваҷҷӯҳи аҳли башар қарор дошт. Бинобар ин, халқ бо дарназдошти ана ҳамин ҷиҳати масъала педагогикаи худро кор карда баромад, ки ин чиз чандин аср муқаддам аз ба вуҷудоии педагогикаи расмӣ сурат гирифтаст.

Мавриди тазаккур аст, ки педагогикаи этникӣ ва халқӣ ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти инсон ва ҷамъиятро дар бар мегирифт, зеро рисолати асосии он ҳам аз таъмин намудани тарбияи ҳамаҷонибаи шахсият иборат буд. Расму оин, урфу одат, таомулу маросим, анъанаҳои диниву мазҳабӣ, пандномаву андарзномаҳои мутафаккирон, жанрҳои фолклорӣ (эҷодиёти шифоҳии халқ) монанди: афсона, ҳикоя, чистон, мақолу зарбулмасалҳо, суруду таронаҳо, достону ривоятҳо эпосҳои қаҳрамонӣ, латифа ва ғайра. Ба ҷуз аз ин, бозӣ, дин, методҳои гуногуни тарбиявӣ, ки онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1. Фаҳмондадиҳӣ ва эътиқод, машқ, панду насиҳат, ёддиҳӣ, боварӣ, хоҳиш ва дархосту илтимос кардан, муташакир будану изҳори сипос кардан, дуову фотиҳа, ҳамду сано гуфтан ва ҳоказо.

2. Таҳдид намудан, танбеҳ додан, сарзанишу маломат кардан, маҳкум намудан, таъна кардан, оқ кардан…, ки ин ҳама шаклҳои гуногуни ҷазодиҳӣ маҳсуб мешуданд, ба хусус задан (ҷазои ҷисмонӣ додан), ки он аксар вақт дар асоси ин гуна шиор анҷом дода мешуд:

Беадабро ҳар ҷо, ки ёфтӣ, бикӯб,
Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб.

Ин аст, дар маҷмӯъ педагогикаи этникӣ ва халқӣ.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин воситаву омилҳои тарбия на танҳо ҳангоми тарбияи насли наврас истифода мешуданд, балки дар рафти тарбияи ашхоси гуногунсин асари (таъсири) бузург доштанд. Зеро бештар вақт туфайли педагогикаи худ ба халқ муяссар мегашт, ки рафтори ин ё он шахсро тағйир диҳад ва ӯро ба роҳи рост ҳидоят намояд.

Лозим ба таъкид аст, ки истифодаи ҳар як унсури педагогикаи этникӣ ва халқӣ дар раванди кори таълиму тарбия ба чунин як нерӯи бузурги таъсиррасонӣ соҳиб аст, ки онро ҳатто дар методҳои тарбиявии педагогикаи расмии имрӯза баъзан дидан нашояд, ба шарте ки аз он мувофиқи вазъияти ба амаломада ва бо дарназдошти хусусиятҳои синнусолӣ ва фардӣ-психологии шахс истифода карда шавад. (Бо вуҷуди он ки педагогикаи расмӣ бартариҳои зиёдеро соҳиб аст, чунки он дар асоси афкори илмӣ бунёд гаштааст).

Махсусан зарбулмасалу мақолҳо хеле ва хеле нишонрас ҳастанд, вале агар онҳо дар лаҳзаҳои басо созгор истифода гарданд ва танҳо дар ҳамин сурат онҳо метавонанд дар аз роҳи бад баргардонидани одамон нақши муҳим бозанд. Ин ҷо боз як чизи дигарро набояд фаромӯш кард, ки зарбулмасалу мақолҳо танҳо дар тарбияи ашхоси солимақлу қобилияти дарку хулосабариродошта ва ба як дараҷаи муайяни синнусолӣ расида нисбатан натиҷаи дилхоҳ дода метавонанд.

Умуман, зарбулмасал ва мақолҳо яке аз намудҳои қадимаи афкори шифоҳии халқ мебошанд, ки дар онҳо хулосаҳои муҳими зиндагӣ ва панду ҳикматҳои гузаштагони мо инъикос ёфтаанд.

Инчунин бешубҳа метавон гуфт, ки афкори панду ахлоқии чӣ адибони классик ва чӣ адибони муосир ҳамагӣ аз эҷодиёти даҳонии халқ – педагогикаи этникӣ ва халқӣ сарчашма гирифтаст. Ба вижа дар шоҳбайтҳои классикони адабиёти тоҷику форс таъсири зарбулмасалу мақолҳоро баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Барои мисол ҷое халқ мефармояд: «Аз гови шохзан оғили холӣ беҳ».

Вале ба ин мазмун шайх Саъдӣ дар яке аз шоҳбайтҳои худ фармудааст:

Говону харони борбардор
Беҳ зи одамиёни мардумозор.

Ҷои дигар халқ дар мавриди сергапии баъзе аз тоифаи одамон овардааст, ки «Гапи бисёр ба хар бор».

Вале дар ин бора боз Саъдии Шерозӣ чунин гуфтааст:

Сухан бисёр дону андаке гӯй,
Якеро сад магӯ, садро яке гӯй.

Яке аз унсурҳои дигари педагогикаи этникӣ ва халқӣ афсона маҳсуб меёбад, ки он дар тарбияи насли наврас, хосатан хурдсолон саҳми беандоза дорад. Чунки афсонаҳо дар ҳама давру замонҳо тарғибгари сифатҳои неки инсонӣ, ба монанди: ҳушёрию далерӣ, ростқавливу поквиҷдонӣ, дӯстию бародарӣ, накӯкориву хайрхоҳӣ, саховатмандиву боадолатӣ, меҳанпарастию башардӯстӣ, чолокӣ, хоксорӣ, меҳнатдӯстӣ, боодобӣ ва ғайра буда, дар баробари ин дар онҳо ҳамаи амалҳои зишт маҳкум гаштаанд.

Чистону тезгӯяк ва суруду таронаҳо низ ҳамчун ҷузъҳои таркибии педагогикаи этникӣ ва халқӣ дар инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакону наврасон хеле ва хеле мусоидат менамоянд.

Бар зами ин, халқ дар тарбияи шахсони синну соли гуногун аз усулҳои (метод) мухталифи тарбиявӣ, ки чанд сатр болотар ба таври мураттаб зикр намудем, ҳамчун воситаи таъсиррасон истифода мекард. Истифодаи усулҳои тарбиявӣ одамонро на танҳо аз содир намудани аъмоли бад, ба туфайли нерӯи бузурги таъсиррасониро молик буданаш ҳамоно боз медошт, балки онҳоро барои тарбия ёфтан дар рӯҳияи одаму одамгарӣ ва риоя намудани бечунучарои меъёрҳои ахлоқӣ равона месохт.

Ин ҷо дар мавриди ба ҳар фард басо пуртаъсиру нишонрас будани педагогикаи этникӣ ва халқӣ боз ҳам бемуболиға ҳаминро гуфтан зарур аст, ки чун он аз қалбҳои худи халқ ҷӯш задааст, албатта, боз зуд ва ба осонӣ дар қалбҳо ҷой мегирад, ва ё ба қавле «аз мост, ки бар мост».

Аз ин рӯ, бодарназдошти ҳамаи ин феълан муаллимону мураббиёни муассисаҳои таълиму тарбиявии кишварро зарур аст, ки дар раванди таълиму тарбияи хонандагон умуман насли наврас бо мақсади таъмини рушди ҳамаҷонибаи онҳо ва бо дарки масъулият аз ин гаҷинаи бебаҳои халқ (педагогикаи этникӣ ва халқӣ), ки дар тӯли асрҳо суфтаву сайқал ёфтааст, ба таври шуурона ва васеъ истифода намоянд. Зеро имрӯзҳо, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бемайлон пеш рафта истодааст, ҳамчунин дар ин робита Ҳукумати кишвари мо низ рушди соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати хеш қарор додааст, истифода намудани педагогикаи этникӣ ва халқӣ дар кори таълиму тарбия на танҳо аз манфиат холӣ нест, балки истифодаи он дар баробари педагогикаи расмӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар макотиби таҳсилоти гуногун иқдом ва амали оқилона хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин маврид гуфтаниҳо хеле зиёданд, вале асбаски ин ҷо ҳадафи мо аз шарҳи мухтасари аҳамияти истифодаи педагогикаи этникӣ ва халқӣ дар раванди тарбия иборат буд, бинобарин овардани ҳамин қадарашро кифоя медонем. Шарҳи муфассали онро ҳар фарди хоҳишманд метавонад аз адабиёти бевосита ба ҳамин мавзӯъ бахшидашуда дастрас намояд.

Ҳамидов Умед – ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *