Аҳамияти об дар беҳдошти табиат

Оре, ҳаёти инсон бе об вуҷуд дошта наметавонад. Об дар рӯзгори инсон талаботи рӯзмарра ба ҳисоб рафта, нисбат ба дигар ғизоҳову манбаъҳо бештар истифода мегардад, ҳаёти инсонро бе истифода аз об тасаввур кардан мумкин нест. Дар ҳаёти инсон об бо мақсадҳои гуногун истифода мешавад. Пеш аз ҳама об ҳамчун ғизои организми инсон ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти вазъи саломатӣ нақши муҳим мебозад. Аз нигоҳи тиб истифодаи оби тозаи ошомиданӣ барои саломатии инсон зарур буда, барои ихроҷи баъзе касалиҳо ба организми инсон кӯмаки бисёре мерасонад. Аз нигоҳи дуюм дар рӯзгори бевоситаи инсон пеш аз ҳама барои таъмини гигиенаи худи инсон, тозагии мӯҳит ва ҳамчун воситаи таъмини талаботи рӯзмарра ба ҳисоб меравад.

Имрӯз дар ҳаёти байналхалқӣ мушкилоти таъмини аҳолии кураи Замин бо оби тоза яке аз проблемаҳои оммавӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин мушкилот дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ, инкишофи илму техника, аз худ намудани дашту заминҳои бекорхобида ва васеъ намудани доираи фаъолияти инсон ба вуҷуд омадаанд. Аз ин лиҳоз вазъи экологии мӯҳити зист хатари ҷиддиро дар ҳама уфуқҳояш ҳис карда истодааст. Олимон инкишофи аҳолӣ ва илму техникаро ба назар гирифта, ба хулосае омаданд, ки дар солҳои наздик дар ҷаҳон таъмини оби ошомиданӣ яке аз мушкилоти аввалиндараҷа ба ҳисоб хоҳад рафт. Аз ин рӯ, имрӯз ба қадри захираҳои оби тоза бояд расид ва онро сарфакорона истифода бурд. Лозим меояд, ки манбаҳои оби тозаро аз партовҳои саноатӣ ва дигар партовҳои ифлоскунандаи мӯҳити зист эҳтиёт намоем. Ногуфта намонад, ки бо ташаббуси СММ соли 2003 – соли оби тоза эълон шудааст, ки ҳар фарди ҷомеъаро водор менамояд, то дар ин кори хайр, заррае ҳам бошад, кӯмаки худро расонад. Иқдоми зикргардида қобили дастгирист, зеро имрӯз маҳз аз ифлосии оби нушокӣ бисёре аз шаҳрвандон ба касалиҳои гуногуни сирояткунанда гирифтор шудаанд, ки ин ба вазъи солимии ҷомеъа хатари ҷиддӣ меоварад.
Аз рӯи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ Тоҷикистони дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд. Захираҳои обии Тоҷикистон аз кӯҳҳои сарбафалакаш сарчашма гирифта, дорои ғизоҳои гуногуни маъданиву табобатӣ мебошанд. Қобили зикр аст, ки табиати Тоҷикистон дорои обҳои табобатӣ низ мебошад, ки барои табобати касалиҳои гуногун метавонанд даво гарданд.
Дар раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва такмили соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии кишвар, таъмини об барои хоҷагиҳои кишоварзӣ мавқеи муҳим дорад. Баракати кори деҳқон маҳз аз фаровонии об аст, ки ӯ тавонад ниҳоли парвардаашро шодоб гардонида, барои дастурхони халқ неъматҳои моддӣ биофарад. Ин амал метавонад барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд. Бояд қайд кард, ки дар ин самт кӯшишҳои бевоситаи роҳбари давлатамон Э. Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот ва таъмини шароити мусоид, бахусус манбаҳои обёрикунанда барои ривоҷи соҳаи кишоварзӣ, хело назаррас мебошад.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин