Ҳам роҳату ҳам табобат

Истеъмоли доруву қабули сӯзандору на ба ҳар кас хуш меояд. Усулҳои табобатие низ ҳастанд, ки дар баробари шифобахши роҳатбахш низ мебошанд. Яке аз онҳо обдармонӣ(гидротерапия) ба шумор меравад.

Об нерӯи аҷоиби шифобахшӣ дорад. Ҳанӯз аз давраҳои Буқрот (Гипократ) сар карда, то имрӯз обдармониро ҳамчун яке аз роҳҳои халосӣ аз бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Дар ҷумҳурии мо низ чашмаҳои обашон гарм ба дарди ҳазорон нафар даво гаштаанд. Аммо обдармонӣ низ мисли дору меъёри худро дорад. Вайрон кардани меъёр метавонад ба кас таъсири манфӣ расонад. Ғайр аз осоишгоҳ баъзеҳо дар хона низ бо истифода аз ваннаҳои табобатӣ худро муолиҷа мекунанд.

Ваннаҳои оби гарм (аз 40 дараҷа гарм)

       Истифодаи он ба васеъшавии рагҳои хунгард мусоидат намуда, табодули моддаҳоро беҳтар мегардонад. Ҳамчунин боиси гармшавии ҷисм шуда, стресс ва асабониятро рафъ мекунад. Дар ин гуна ваннаҳои гарм беҳтараш аз 5 дақиқа зиёд нашинед. Алалхусус, дил бояд аз об боло истад. Сарро беҳтараш бо сачоқи дар оби ширгарм таркарда печонед. Баъди қабули ванна баданро бо оби ширгарм шӯед.

Ба беморони гирифтори касалиҳои дилу рагҳо, фишори баланди хун, бемориҳои шуш, васеъшавии рагҳо ваннаи обаш гарм тавсия дода намешавад.

Ваннаи обаш сард ( 18 – 20 дараҷа гарм)

        Барои одамони солим бо мақсади обутоб додани бадан, беҳтар кардани кори системаи хунгузар муфид аст. Дар чунин ванна аз 30 сония то 2 дақиқа нишастан лозим аст. Баъди қабули ванна баданро сахт бо сачоқ хушк бояд кард. Ҳангоми сустию беҳолӣ, фишори баланди хун, бемории қалб, вайроншавии ҳазми таом истифодаи ваннаи сард тавсия дода намешавад.

Шиками гурусна ва ё дарҳол баъди ғизо хӯрдан оббозӣ кардан ва қабули ванна зарар дорад. Беҳтарин вақти қабули ванна 1,5 – 2 соат баъди истеъмоли ғизост. Дар вақти аз ҳад зиёд хаста будан, аз чизе нигарон (хавотир) шудан қабули ванна тавсия дода намешавад. Баъди қабули ванна баданро хушк намуда, ним соат дар ҷойгаҳ дароз бояд кашид.

Ваннаи дорои скипидар

       Ин намуди муолиҷаро дар осоишгоҳ ва марказҳои табобатӣ тайёр мекунанд. Истифода аз он хусусияти бедардкунанда дорад. Зимни бемориҳои узвҳои такяву ҳаракат ва системаи асаб, гипертонияи дараҷаи 1, простатити музмин манфиатбахш аст. Дар он ба ҳисоби миёна 10-20 дақиқа нишастан лозим аст. Як давраи табобатӣ 10-15 ваннаро дар бар мегирад.

Барои бемориҳои саратонӣ, захмҳои кушода ва ҷароҳатҳои гуногун истифодабарии ваннаҳои скипидарӣ манъ аст.

Ваннаҳои сулфидӣ (34 – 37 дараҷа)

       Барои беморони гирифтори экзема, псориаз, дерматозаи алергиявӣ, гипертония, бемориҳои дилу рагҳо, гинекологӣ ва асаб тавсия дода мешавад.

Барои гирифторони бемориҳои атеросклероз, зимни стенокардия ва равандҳои илтиҳобӣ зарар дорад.

Ваннаҳои карбонатдор ( 34 – 35 дараҷа)

       Рагҳоро васеъ намуда, фишори хунро паст мекунад. Ба беморони системаи дилу рагҳо, аз ҷумла бемории ишемиявии дил, фишори баланди хуни дараҷаи 1 ва 2, бемориҳои системаи асаб муфид аст.

Ба бемориҳои шадиди дилу рагҳо, фишорбаландии дараҷаи 3 ва ба инсулт тамоюлдошта тавсия дода намешавад.

Ваннаҳои марворидӣ ( 35 – 38 дараҷа)

      Гардиши хунро беҳтар намуда, ба ҷисм оромиву ҳаловат мебахшад. Ҳангоми хастагӣ давраҳои аввали гипертония, бемориҳои узвҳои такяву ҳаракат тавсия дода мешавад.

Ба беморони системаи дилу рагҳо, тромбофелит, пӯст, васеъшавии рагҳо ва диабети қанд зарар дорад.

 

Омодакунанда: Раҷабова Насиба, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

2+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин