Андарзномае аз гӯшаи эҷодӣ

Дар ин дунё, ки ду рӯз аст, намонад то абад чизе,

Ҳама покону нопокон раванд монанди маризе.

Ту кардӣ нек – ҷавобаш бад, машав ғамгин, Худо дорӣ!

Сабурӣ кун, бидон дар қалб, ки дорӣ боз он ҷо азизе.

Бидидӣ гар миёни ҷамъ якеро афтода бар минбар,

Бирав наздаш, бигир дасташ, ба чашмонаш ҷудо бингар,

Бубин он ашки пур аз ғам, биандешу бидеҳ ёрӣ,

Бидон чархи фалак дорад ба худ дунёи бозингар!

Саҳаргоҳон чу бедорӣ, бикун шукронаи Яздон,

Ба вақти кору дарси худ бирав бо чеҳраи хандон.

Саломгӯён бифармо ҳар куҷое мешавӣ ворид,

Таҷассум кун накӯкорӣ барои дӯсту наздикон.

Ҷилав боздор ба ҳангоме, ки нафсат пурзур гардад,

Бидор он аспи раҳгумро, ки ҷонат беғурур гардад.

Агар душман бувад золим, ту бо некӣ музаффар шав,

Бизан теғе зи росткорӣ, ки қалбаш пурнур гардад.

Якеро, гар дилаш ранҷид зи ту, дарҳол бипурс бахшиш,

Нарезон ашк, насӯзон қалб, набар пояш бар лағжиш.

Ба роҳи рост ҳидоят кун, агарчӣ роҳ пур аз хок,

Ҳамин некист сабабгоре, ки андар дил бувад таппиш!

Порчаҳои эҷодӣ аз Раҷабова Насиба, донишҷӯи курси 2-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

2+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин