Анималотерапия ба инсон манфиатбахш аст

Доктори илмҳои тиб, профессор Борис Шевридин мегӯяд, ки анималотерапия (табобат бо ёрии ҳайвонот) усули илман асоснокшудаи муолиҷаи аксар бемориҳост. Ашхосе, ки ҷонварони хонагӣ доранд, камтар бемор шуда, умри дароз мебинанд. Системаи асаби онҳо нисбат ба дигарон дар ҳолати беҳтар қарор дорад. Беҳтарин “табиб-ҷонварон” сагу гурба ба шумор мераванд. Зуд-зуд ба боғи ҳайвоноти иподром рафтан низ манфиати зиёд дорад. Ба ҷонварон нигоҳубин намудану онҳоро меҳрубонона сила кардан маснуият (имунитет)-и инсонро баланд намуда, асабро ором мекунад. Аз нигоҳ доштани ҷонварон дар хона натарсед. Дар натиҷаи нигоҳубину бозӣ бо ҷонварон майнаи сари кӯдакон боқувват шуда, маснуияташон баланд мешавад. Танҳо ба кӯдакон фаҳмонед, ки бо ҷонварон дӯст бошанду онҳоро наранҷонанд.

Таҳқиқот муайян кардаст, ки одамони сагу гурбадошта, нисбат ба дигарон 4-5 сол зиёдтар умр мебинанд. Касе, ки ҷонвареро меҳрубонона сила мекунад,  16% задани набзаш сусттар шуда, мушакҳояш эҳсоси оромӣ мекунанд. Ҷараёни ҳазми таом дар онҳо беҳтар мегардад. Ашхосе, ки сактаи қалб ё инсултро паси сар кардаанд, дар ҳолати дар хона нигоҳ доштани саг ё гурба хатари дубора сар задани беморӣ кам мешавад. Қариб 30% беморони системаи асаб зимни бо саг сайругашту нигоҳубин кардан табобат меёбанд.

Зимни гипертония, фишорбаландӣ, ревмтизм, сактаи қалб, бехобӣ, захми меъда, гастрит, бронхит, зуком, афсурдаҳолӣ ва ғайра гурба доштан кӯмак мерасонад. Гурба ҷонвари зирак буда, маҳз дар ҷои дардманди инсон худро ҷой мекунад.

Паррандагон ба инсон энергия бахшида, рӯҳияашро баланд мебардоранд. Мушоҳидаи паррандагон беҳтарин василаи наҷот аз афсурдаҳолӣ ва бемориҳои асаб мебошад. Хониши форами паррандагон ба равон (рӯҳия)-и инсон таъсири мусбат мерасонад. Зимни бемориҳои сактаи қалб, неврастения, нейродермит ва бемориҳои дилу рагҳо мушоҳидаи паррандагон ва гӯш додан ба хониши онҳо тавсия дода мешавад.

Аквариум беҳтарин воситаи эпилепсия (саръ, припадка), истерия, стенокардия ва пешгирию табобати бисёр намуди бемориҳо мебошад. Аз тамошо кардани моҳичаҳо асаб ором гашта, эҳсоси хушӣ касро фаро мегирад.

Хазандагонро дар боғи ҳайвонот тамошо кардан беҳтар аст. Мушоҳидаи хазандагон системаи асабро пурқувват намуда, ҳангоми неврастения, пневмонияи музмин, камақлии модарзодӣ, эпислепсия, нейродермит кӯмак мерасонад.

 

Омодакунанда: Раҷабова Насиба, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин