Аз таърих сабақ бояд омӯхт

Таърих худ устоди бузурги ҳаёт буда, таълимдиҳандаи инсон ба шумор меравад. Гузашти вақт, ки дар саҳифаҳои таърих бо талхиву шириниаш сабт мегардад, таҷрибаи муайяни зиндагиро ба вуҷуд меорад. Аз гузашта сабақ меомўзанд, сабақи гирифтаи худро баҳри таълим ва тарбияи насли наврас истифода мебаранд, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамоянд. Он чиз беҳуда нест, ки ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо ҳатман шахсони калонсол даъват карда мешавад, он чиз беҳуда нест, ки ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо ҳатман бо шахсони калонсону рўзгордида маслиҳат карда мешавад, дуои неки онҳо гирифта мешавад.

Ҳар рўзе, ки дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои зарин сабт мегардад, як таҷрибаи бои зиндагист. Таҷрибаи бои зиндагист, ки аз он сабақ гирифта мешавад. Беҳуда нагуфтанд, моргазида аз ресмони ало метарсад. Ў ба хотире аз ресмони ало метарсад, ки худро аз газанди мор эмин нигаҳ дорад. Гар шахс аз гузашти айём барои худ аҷрибае ва ё баҳрае нагирад, пас ў наметавонад ин таҷриба ва ин баҳраро аз устоде ва ё аз шахсе гирад. Ба қавли шоир

Ҳарки наомўхт аз гузашти рўзгор,

Низ наомўзад зи ҳеҷ омўзгор.

Магар таърих нест дар хотираҳо нақш бастаанд бузургзани тоҷик малика Томирис, ҷавони чусту чолок Шерак, ҳомии Ватан Спитамену Темурмалик. Онҳо ҳама таъриханд. Таърихи гузаштаи халқи тоҷик, гузаштаи бою ғании халқи тоҷик, саҳифаҳои бонангу ори халқи тоҷик.

Таърих худ меомўзад шахсро, меомўзад шахсро аз хатогии худ, аз гузаштаи худ, аз таҷрибаи рўзгори худ. Ў қадамзанон андеша мекунад, андеша аз рўзгори гузаштаи худ. Саҳифаҳои ҳаёти худро варақгардон менамояд, таку рў менамояд, чизеро мекобад. Гузаштаи худро бо тарозуи ақл бармекашад. Ў кист, кӣ буд, кӣ шуд, бо ў чӣ хоҳад шуд. Андеша мекунад, умри худро чигуна паси сар кардааст, он чигуна дар саҳифаҳои таърих нақш бастааст, оё насли ў метавонад аз гузаштаи ў дар оянда ифтихор намояд, оё ояндагони ў аз ў фахр мекарда бошанд, аз рўзгори гузаштаи ў бо ифтихор сухан мекарда бошанд.

Андешаҳо хотири онро боз ҳам мушавваш сохт. Ў дар шигифт аст, афсўс мехўрад аз умри гузаштаи худ. Аз он умре, ки беҳуда гузаронидааст, аз худ боғе боқӣ намояндааст, ниҳоле нашинонидааст то раҳгузаре дар сояи он нафаси худро рост кунад, дар ҳаққи ў дасти дуо ба рўй кашад. Худро надомат мекунад, сарзаниш мекунад. Худро надомат мекунад аз оне ки умри худро беҳуда сарфи айшу ишрат намуд, аз омўзиши илму фан канорагирӣ кард, баҳри таърихи худ кореро анҷом надод.

Дар дами марг қарор дорад, ба олами фикру андешаҳо боз ҳам ғўтавар мегардад. Аз кӣ камӣ дошт, барои чӣ дигарҳо тавонистанд ба худ зиндагии орому осуда, пур аз шодиву нишотро таъмин намоянд, соҳиби фарзандони баобрў, бонангу номус гарданд. Барои чӣ ба суханони падару модари худ аҳамият надод, онро ба гўши худ халқа накард. Ҷавон буд, суханони падару модари худро гўш накард. Панду анарзҳои онҳоро, ки аз таҷрибаи бои зиндагии онҳо буд, афсона фикр намуд, мутобиқи гуфтаҳо онҳо амал накард. Акнун, ки дер шудааст ангушт ба дар мезанад, ба дари маломатҳо, ба дари нафринҳо.

Ў фиғон мебарорад, фиғон аз он, ки умри худ зоеъ гузаронидааст, панду андарзҳоро хаёли хом ҳисобид. Бо умед ба даргоҳи худованд назар меафканад, бо хаёле ба даргоҳи худованд назар меафканад, то он умри ўро дубора баргардонад, дубора баргардонад то ў хатогиҳо худро ислоҳ намояд, тавре зиндагӣ намояд, ки намунаи ибрати дигарон бошад, худ аз умри худ қаноатманд бошад. Ў чашми умед дорад аз даргоҳи худованд. Лек, афсў, сад афсўс, ки худованд умри инсониро дуюмбора барнамегардонад.

Дидаи ў ба кунҷи сақфи хона дўхта шуда буд. Нафрин мехонад ба ҳамон рўзҳое, ки аз гузаштаи худ сабақ наомўхт, онро сарфи мардумозорӣ намуд.

Ў оҳи сард кашид, чашмонаш пўшида шуданд, ба хоби абадӣ рафт, бо алам, бо дарду ғам аз таърихи гузаштаи худ, бо гузаштаи беранги худ, аз гузаштаи бесамари худ…

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин