Аз таърихи Артиш

Ҳеҷ як давлат бе лашкари тавонову разманда вуҷуд дошта наметавонад. Ин аст, ки давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳояшон ҷузъу томҳои мухталифи лашкар созмон медоданд. Сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ месозанд, ки давлатҳои Ҳахоманишҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён дорои чунин лашкари далеру ҷасур буданд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо Искандари Мақдунӣ лашкари бонизому соҳибзафари худро дар асоси низому оини ҳарбии лашкари қавии аҷдодони дури мо Куруши Кабир ва Дорои I бунёд гузошааст. Сулолаи Сомониён дар ибтидои ба сари қудрат омадан Артиши миллии хешро бо дастуру оинномаҳои қавии низомӣ созмон доданд. Лашкари давлати Сомониён дар пояи низому тартиботи қавӣ, одобу ахлоқи баланд ва оинҳои волои ҷавонмардӣ шоиставу сазовори шоҳи хирадманду адолатпешаи худ буд. Номи Исмоили Сомонӣ дар саҳифаи таърих чун шоҳи одилу хирадманд ва лашкаркаши тавонову соҳибтадбир бо ҳуруфи зарин ҷовидонӣ шудааст. Корнамоиҳои ҷангии ӯ дар ҳама давру замон бо далериву шуҷоат, ҷавонмардию ҷасорат, ҳақиқатпарастию хайрхоҳӣ, адолату раъиятпарварӣ ва ба ин монанд ахлоқу фазилатҳои ҳамида намунаи ибрати ҷаҳониён мебошад. Аз ин рӯ, Исмоили Сомонӣ барои Бухоро девори шарафу ифтихор, нангу ор, худшиносию эҳсоси баланди миллӣ, ҳомии ҳувияту ҳама сунатҳо ва муқаддасоти миллати тоҷик буд. Номҳои бисёр гурдони ҷасуру диловар, ки марзу бум ва ҳама муқаддасоти сарзамини бостонии моро аз таҳоҷуму таҷовузи аҷнабиён дифоъу ҳифз кардаанд, ҳусни таърихи пурифтихори миллати кӯҳанбунёди мо мебошанд. Дар адабиёти бою оламгири мо, бахусус дар “Шоҳнома” – и безаволи Фирдавсӣ вожаи “гурд” ба маънии паҳлавон, баҳодур, далеру шуҷоъ, боақлу бохирад, бебоку қаҳрамон, ватанпарвару инсондӯст ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст. Ибораҳои “гурдони сафшикан”, “гурдони шерафкан”, “гурдони номовар”, “гурдони пилтан”, “гурди шерҷигар” ва амсоли ин шерозаву ҳусни баёни шоирони классики мо гаштааст, ки дар ҳамосаҳои хеш аз қаҳрамонию диловарӣ, садоқату сарсупурдагии гурдон ба халқу меҳан ва шоҳону саркардагони кишвару лашкари он қисса кардаанд. Аз ҷумла Фирдавсии бузургвор фармудааст:

Ҳаме зӯри гурдӣ ба ҷой оваред,

Ҷаҳонро зи мардӣ ба пой оваред.

Ба ин маънӣ гурдон сарбозону афсарони намунавию баргузидае мебошанд, ки ба ватани хеш, ба сарвари кишвар ва фармондеҳони олирутбаи низомӣ содиқонаву ҷавонмардона хидмат мекунанд.

Шояд мафҳуми форсии “гурд” баъдан дар Аврупо дар забони итолиёӣ ба пайдо шудани вожаи “гвардия” асосу сабаб гардида бошад. Дар ибтидо мафҳуми “гвардия” муҳофизону посбонони шахсии сарвари давлат ва роҳбарияти олирутбаи ҳарбии онро ифода менамуд. Баъдан қисму воҳидҳои беҳтарину яккачин ва дорои имтиёзҳои хоссабударо “гвардия” номгузорӣ мекарданд.

Мафҳуми гвардия дар италия аз асри XII пайдо гардид. Дар Руссия асосгузори аввалин гвардия Пётри I буд. Аввалин гвардияи миллӣ соли 1789 дар оғози инқилоби бузурги Фаронса аз ҳисоби ихтиёрони мусаллаҳи шаҳрвандӣ таъсис ёфт. Кумитаи гвардияи миллӣ то соли 1871, яъне то эълони Комуннаи Праиж ба шӯриши мусаллаҳона роҳбарӣ мекард. Дар баъзе мамлакатҳо нерӯҳои низомии имтиёздори полисро низ гвардия меноманд. Баъдан дар Руссия болшевикон дар нахустин рӯзҳои инқилоби февралии бурджуазӣ-демократӣ аз ҳисоби отрядҳои мусаллаҳи коргарон Гвардияи Сурх таъсис дода буданд, ки он соли 1918 ба ташкиёбии армияи сурхи давлати ҷавони шӯроҳо асос гузошт. Мафҳуми гвардия дар собиқ Артиши шӯравӣ унвони фахрие гардид, ки қисму воҳидҳо ва киштиҳои ҳарбии дар муҳорибаҳо қаҳрамонӣ нишондода ба он мушарраф мегаштанд.

Баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ба дасти фарзандони бонангу номусаш афтода буд. Пас, ташкилёбии артиши миллӣ сохторҳои дигари низомии кишвар мураттаб гардиданд. Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ аз уҳдаи ин вазифаҳои душвор, вале боифтихор сарбаландона баромада то имрӯз ба Ватан софдилона хизмат карда истодаанд.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин