Аз таърихи ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии халқи тоҷик

Соли ҷорӣ, аниқтараш 04 апрели соли 2019 ба муҳаққиқ ва коршинос дар соҳаи педагогика, ҳамзамон муаллими калони кафедраи психологияи касбии факултети психология ва таҳсилоти фарогир Умед ҲАМИДОВ имкон даст дод, то китоби сеюми илмӣ-тадқиқоти худро таҳти унвони «Аз таърихи ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии халқи тоҷик» (монография) дар ҳаҷми 80 саҳифа бо тамғаи «Ирфон» аз ҳисоби маблағгузории раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мунташир намояд.

Матолиби китоб асосан натоиҷи таҳқиқоти илман амиқи муаллифро атрофи қазияи мароҳили таърихии рушду густариши дастовардҳои ҳуқуқии ҳалқи тоҷик ва ҳам мутаносибан муваффақияти онҳоро дар самти пешбурди таърихии кори тарбияи ҳуқуқӣ дар бар гирифта, бо ҷолибияти мазмуни худ имкон фароҳам овардааст, то хонанда андар боби қазияи мазкур маълумоти муфассалу хостанӣ ба даст орад.Барои мутолиа ба олимону пажӯҳишгарон ва мутахассисини соҳаҳои таърих, ҳуқуқшиносӣ, педагогика, сотсиология, инчунин кулли дӯстдорони нақлҳо аз рӯйдодҳои таърихӣ ва доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.

Метавон изҳор дошт, ки мавод аз лиҳози сабки нигориш басо хонданиву соҳиб ба арзиши волои маънавӣ ҷиҳати воқиф гаштани кулли шавқмандони соҳа аз таърихи ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.

Зимнан, масъулияти таҳрири китобро, яке аз олимони шинохтаи тоҷик, муаллифи нахустин китоби дарсии Педагогикаи томактабӣ (дар ду қисм) дар миқёси кишвар, доктори улуми педагогӣ, профессор Маҷидова Б.А. бар дӯш гирифтаву ба он, инчунин аз сӯйи Муллоев Д.М. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сарходими илмии Институти фасласа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ ва ҳамчунин Шарофов Э. – номзади илми таърих, дотсенти кафедраи дохилифакултавии фанҳои гуманитарӣ ва умумитехникии ДМТБ – ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ тақризҳои мукаммалу мусбати илмӣ дар алоҳидагӣ пешниҳод гардидаанд.

Ин аст, ки мухтавои китоби илмии мазкур, қаблан дар чаҳорчӯби фаъолияти ҷаласаи Шӯрои илмӣ-методии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баррасӣ гардида, маҳз бо дарёфти қарори ҳамин ҷаласа таҳти № 2 аз 01.02.2019 ҷиҳати нашр тавсия гардидааст

Китоб ба ҷузъ аз муқаддима ва қисмати хотимавию феҳристи манобеи истифодашуда, инчунин аз ду боб иборат буда, дар боби аввал атрофи ташаккулёбии низоми ҳуқуқии халқи тоҷик дар тӯли таърих сухан меравад. Муаллиф таърихи ташаккулёбии низоми ҳуқуқии халқи тоҷикро дар ин боб аз аҳди бостон то фаноёбии низоми сотсиалистӣ ба риштаи таҳлил кашидааст. Гузашта аз ин, хидмати назарраси дар ин боб анҷомдода ин, даврабандии низоми ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад. Муаллиф пас аз таҳлили назари олимони соҳа ба андешаи инҷониб ба хулосаи хело пухтаи илмӣ расидааст.

Дар боби дуюм, ки аз чаҳор зербоб иборат аст, сухан атрофи таърихи тарбияи ҳуқуқӣ дар байни халқи тоҷик меравад. Ҳар кадом параграфи боби мазкур мароҳили куллан аз ҳам тафовутдоштаи вазъи татбиқи кори тарбияи ҳуқуқиро дар сарзамини таърихиии халқи тоҷик фаро гирифтааст, ки хонандаи заккӣ метавонад пас аз мутолиаи пурраи китоб атрофи он ҳама маълумоти муфассал ҳосил намояд.

Ёдрас мешавем, ки теъдоди китоб маҳдуд буда, он ҳамагӣ 100 нусхаро ташкил мекунад.

Хоҳишмандон метавонанд маводро тариқи тамос гирифтан бо телефони 918-74-15-51 дастрас намоянд.

0

1
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
1 Муаллифони тавзеҳҳо
Nasi) Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Nasi)
Меҳмон
Nasi)

Китоби бенихоят хуб, пурмазмун ва пурмухтаво! Тавсия мешавад ба хамаи хонандагону донишчуён ва ба онхое, ки ба хукук рагбати хосса доранд. Хонед-пушаймон нахохед шуд!Факту далелхои бисёреро дорост. Ман коил)