Ба фарзандон дуои бад макунед!

Хонандагони гиромӣ, тавре ба ҳамагон маълум аст, вазифаи падару модар нисбат ба тарбияти фарзанд бисёр сангин мебошад. Бояд волидайн аз таваллуди фарзандони худ, то синни булуғ ( ба воя расидан) мувозиби онҳо бошанд ва бо беҳтарин равиши тарбиятие, ки Расули акрам (с) ва бузургони дин баён фармудаанд, онҳоро таҳти назорати худ тарбият кунанд.

Падару модар бо ахлоқу рафтори дуруст бояд намунаи амалие барои фарзанд бошанд, зеро онҳо дар тарбияти фарзанд бисёр нақши муҳим доранд. Бояд зикр намуд, ки дар даврони кӯдакӣ вобастагии фарзанд аз падар дида, ба модар бештар аст. Аз ин рӯ, нақши модар дар тарбияти фарзанд таъсири зиёд дорад. Модар барои кӯдак аввалин муаллим ва нахустин мадраса мебошад, бинобар ин модарон нақшу таъсири худро бовар дошта бошанд ва дар тарбияи солиму дурусти онҳо ҳеҷ талошеро дареғ надоранд. Агар таърихро варақ занем, мебинем, ки модарони накӯкор, бо иффат ва донишманд бо дуои неку таваҷҷӯҳоташон тавонистанд, то фарзандони бузургу солеҳ тарбия намуда, ба хидмати ҷомеаи башарӣ тақдим намоянд.

Ҷойи бисёр таассуф аст, ки имрӯзҳо аксари модарон ҳангоми гиряи фарзандон ва баъзе вақт ғам додани кӯдакон ҳар гуна дуои бад мекунанд, аз ҷумла: мурӣ илоҳӣ, бало заната, номгум шавӣ , рӯта набинум ва ғайраҳо, дар сурате ки ин ношукрӣ нисбат ба фарзнд аст. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро аксари модарон ин ҷумлаҳои зиштро ба забон меоранд? Дуруст аст, ки тарбияи фарзанд бисёр душвор аст ва модар бисёр ранҷ мекашад, аммо бояд ба ҳамаи инҳо модарон сабр кунанд. Зеро фарзанд беҳтарин неъмати Худованд аст ва қадри ин неъмати бе баҳоро бояд донист. Қиматии фарзандро шахсони бе фарзанд хуб дарк мекунанд, бинобар ин аз ҳамаи модарони мушфиқу меҳрубон хоҳиш карда мешавд, ки ба фарзандони худ ҳамеша дилсӯзу меҳрубон бошанд ва дар ҳаққи он дустрӯякон дуо ва суханҳои нек гӯянд.

“Рисолат” Матинов Холиддин

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин