Бад макун, ки бад афтӣ

Мафҳуми зишт, нохуб ва норавост дар тамоми давру замонҳо ҳамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Бадӣ чун фасоду зиён танҳо ва танҳо зиштиву нооромӣ падид меорад, зеро ин амал хоси ҳайвоноту дарандаҳо ва ҳашароти зараррасон аст, ки онҳоро табиат чунин офарида.

Инсоният чун бандаи хокии ҷаҳони гузарон бояд хоси хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарӣ некию накукорӣ ва саховатмандию хайрхоҳӣ бошад. Ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, то ба амалҳои хубу савоб, манфиатдору хайрхоҳона даст занад. Касеро хушдилу осуда гардонад. Ягон дастоварди хубе аз худ боқӣ гузорад, то зинданом бошад.

Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд, зеро: «Давлат ба ақл наздик аст». Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор ҳамеша ба ҷазои Офаридгори бузург сазовор хоҳад буд.

Ҳар ки ба мардум хиёнат мекунад,
Нарасад ҳаргиз ӯ ба неьмату ноз.

Оре, ҳар як пешравӣ мукофоти бузурги Офаридгори созанда аст, ки танҳо ба шахсияти арзанда сазовор дониста мешавад. Бадон, ки асоси матлабу маромашон бадкориву мардумозорист, дар ягон давру замон соҳибиззат гашта наметавонанд. Ноандешида бар он, ки ҳамаи нуқсону норасоиҳои хаёташон бар ивази амалҳои номатлубашон, ки ба фарзанди инсоният раво дидаанд, аз даргоҳи Худованди муттаол рӯзияшон гашт. Надониста аз он, ки ҳар як амали инсон дар ҳаёт сазовори мукофотест, ки дар тарозуи ҳаёт баркашида:

Худое, ки болову паст офарид,
Сазовори ҳар даст даст офарид.

Барҷост, ки ҳамаи хубию бадиҳо дар зиндагӣ дар ҳадди худ ҷавобе, мукофоте доранд. Ҳамеша бояд кӯшид, ки некӯкор ва росткору аз бадиҳо дур зист. То ҳадди имкон ба дармондагон дасти ёрӣ дароз кард:

Ту некӣ бикуну дар Даҷла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.

Бадкорону бадхоҳонро роҳу равиш бояд омӯхт ва аз бадиҳо дур гардонд, ки дар корҳои неку савоб даст зананд. Зеро онҳо худ аз худ баҳри дигар гаштани хулқу атвори худ намекӯшанд. Барои инсони комил шудани кас бояд ҳамеша дӯстону наздикони хуб пайдо кунад, бо кадом роҳе, ки набошад, ононро ба росткорӣ ҳидоят кунанд ва аз вартаи бад бираҳонанд.
Вале ҳастанд шахсиятҳое, ки ҳеҷ гоҳ ононро бо ягон кушишу мадади атрофиён аз роҳи бад наметавон гардонд. Онон аллакай пайроҳаи бузургро тай намудаву худ бехабаранд. Тавре мегӯянд: «Бадкор азоб накашад, агар азоб мекашид, бадӣ намекард, аммо некӯкор аз он ки ба қадри тавон некӣ накарда, дар қайди ранҷ асту азоб». Хуллас, ҳеҷ як бадкарда бе ҷазо нахоҳад монд. Ҳар як амалеро ҷавобест ва ҳар бадкоре ба қадри бадиҳои анҷомдодааш ҷазое хоҳад дид. Беҳуда нагуфтаанд:

Бад макун, ки бад афтӣ,
Чоҳ макан, ки худ афтӣ.

Албатта, бадкарда рӯзе сазовори ҷазои бад ва накӯкорон ба қадри заҳмати беандозаашон сазовори ҳаёти хушу гуворро, фарзандони солиму поктинат ва обрӯю манзалати бузург хоҳанд гашт.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *