Барнома бояд ҳамоҳанги замон бошад

Дар замони инқилоби илмӣ-техникии тамоми соҳаҳои илм ва техника, тараққии рўзафзуни техникаи ҳисобкунӣ, татбиқи мошинҳои электронии ҳисоббарор ва микропротсессорҳо ҳаёти ҳаррўза такмили дониши математикии хонандагони муассисаҳои таълимиро талаб мекунад. Дар ин самт мувофиқати омўзиши курси математикаи мактабӣ ба талаботи ҷаҳонӣ ногузир аст. Барои амалӣ намудани ин мақсад, пеш аз ҳама, бояд нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо, китобҳои дарсӣ, методҳои таълимро мукаммал ва сарбории хонандагонро сабуктар гардонем.

Вақтҳои охир ҳамгироии фанҳои таълимӣ зиёд мушоҳида мегардад, алалхусус, ин вазъро ба дараҷаи баланд байни фанҳои технологияи информатсионӣ ва математика мушоҳида менамоем. Математика асоси лоиҳавии компютерҳоро ташкил медиҳад ва дар навбати худ компютерҳо ба амалигардонии алгоритмҳо имкониятҳои васеъ муҳайё месозанд. Дар замони имрўза таъсири байниҳамдигарии математика ва технологияи иттилоотӣ ба воситаи мошинаҳои электронии ҳисоббарор амали муқаррарӣ гаштааст. Бояд зикр кард, ки то пайдо шудани ин фанни нав истифодаи компютерҳо дар таълими математика, ҳалли алгоритмҳои сода барои ҳосил кардани малакаҳои ҳисобкунӣ, ки то ин вақт дастӣ иҷро шуда, барои мантиқан фикрронӣ ва ҳисобкуниҳо аз рўи алгоритмҳои мураккабтар таъсир мерасонид, мушоҳида намешуд. Хушбахтона, ҳалли ин гуна масъалаҳо имрўз тавассути мошинҳои ҳисоббарор ба осонӣ амалӣ гардонида мешавад.

То пайдо шудани мошинҳои электронии ҳисоббарори тезкор мо ин ҳисобкуниҳоро бо ёрии логарифмҳо (хаткашакҳои логарифмӣ, арифмометр, ҷадвалҳо, мошинаҳои суммиронӣ, мошинҳои нимавтоматии ҳисоббарор, ки амалҳои зарбу тақсимро осон мегардониданд) иҷро мекардем. Ҷадвали логарифмҳо ва хаткашаки логарифмӣ, ки онро В.Оутред ихтироъ карда буд, зиёда аз 350 сол ҳамчун олоти боэътимоди ҳисоббарориҳои тақрибӣ хизмат карда, ба сатҳи баланди инкишофи илм ва прогрессии техникӣ расидани инсоният кўмак расониданд. Вале пас аз ихтирои компютерҳо, ки онҳо ҳисобкуниро миллионҳо маротиба осон намуданд, амалан истифодабарии ҷадвалҳои логарифмӣ қимати худро ҳамчун воситаҳои ҳисоббарорӣ гум карданд. Ин маънои онро надорад, ки мо логарифмҳоро наомўзем. Логарифмҳои асосашон адади Непер (с+2,718…) имкон медиҳанд, ки вобастагиҳои гуногуни математикиро, ки онҳо ҷараёнҳои гуногуни табиат ва илмро тавсиф менамоянд (масалан, таҷзияи радиоактивӣ, қонуни тағйирёбии фишори атмосферӣ ва ғайраҳо), ба ин восита тавсиф шаванд. Алалхусус, масъалаҳои зерин бояд дар маркази диққати омўзгорон ва методистон бошанд:

1. Оё омўзонидани аёниятҳои алгебравӣ, табдилдиҳиҳои тригонометрӣ, ҳалли нобаробариҳо, ҳалли секунҷаҳои тезкунҷа, кундкунҷа ва ғайра, ки онро аз китоб ба китоб, фан ба фан такрор мешаванд, дар ҳаҷми аввалаашон зарур аст?

Мошинҳои электронии ҳисоббарор меҳнати зиёди ақлонии инсонро ба зиммаи худ мегиранд. Мо ҳоло коре карда истодаем, ки ҳезумро на бо табари оҳанин, балки бо табари аз санг сохташуда шикастанием. Яъне, барномаи таълими математика, ки мо аз рўи он кор карда истодаем, ҳанўз солҳои 60-70-уми асри XX аз тарафи Академияи илмҳои педагогии собиқ СССР тавсия шуда буд. Китобҳо низ дар асоси ҳамин барномаҳо навишта шуданд ва ё навишта шуда истодаанд.

2. Оё ҳаҷми масъалаҳои математикиеро, ки дар барнома пешбинӣ шудааст, кўтоҳтар карда, малакаҳои мустаҳками пурра ва ҳаматарафа ҳалкунии онҳоро ба даст овардаем?

Ҳар омўзгори бомаҳорат медонад, ки чизи аз ҳама муҳим дар ҳалли масъала тартиб додани нақшаи ҳалли он мебошад. Нақшаи ҳал дар намуди блок -схема тасвир меёбад. Дараҷаи амалишавии блок-схема аз имконияти мошини электронии ҳисоббарор вобаста аст ва он натиҷаро дар шакли ададӣ ҳосил мекунад. Ба ин тариқа, натиҷагирӣ аз барномаи тартибдода вобаста аст. Бояд қайд кард, ки дар синфҳои болоӣ аксар ҳисобкуниҳо ба охир расонида нашуда, дар намуди параметрӣ оварда мешаванд (масалан, дар шакли барои логарифмонӣ қулай ва ғайра).

3. Оё барои баҳо додан ба мураккабии масъалаи математикӣ, тартиб додани блок -схемаи ҳал кифоя аст?

4. Оё кифоя аст, ки дар вақти пурсидани хонанда аз рўи мавзўъ бо овардани нақшаи ҳалли масъалаҳои амалии пешниҳодшуда маҳдуд шавем?

Масъалаҳои дар боло баёнгашта моро ба андеша меоранд, то муайян намоем, ки ба барномаҳои омўзиши математика бо назардошти имкониятҳои компютер кадом мавзўъҳоро дохил ва кадоми онҳоро аз барнома хориҷ намоем.

5. Омўхтани кадом мав-зўъҳо аз бобҳои алоҳидаи математикаи мактабӣ дар кадом асос (бо назардошти барномаҳои худомўзӣ) дар компютерҳо заруртаранд? Тартиб додани чунин барномаҳо чӣ гуна асосҳои педагогӣ-психологӣ доранд? Дар атрофи чунин гузоришҳо бояд мулоҳиза ронд. Ҳоло ин гуна барномаҳо хеле зиёд шудаанд, вале самаранокӣ ва таъсири онҳо ба хонанда омўхта нашудааст.

6. Меъёри истифодаи компютерҳо талаб мекунад, ки таъсири онҳо хеле кам ва ё нест карда шаванд. Аз таъсири компютер оромии асабҳо халалдор гашта, фаъолнокии хонандагон, таассуроти фикрронии эҷодии онҳо ба фанҳои алгебра ва геометрия хеле паст мегардад. Хонандагон ба бозиҳои ғайримақсадноки компютерӣ банд мегарданд.

Гуфтаҳои болоӣ моро ба хулоса меоранд, ки мазмуни таълими математикаи мактабиро тағйир дода, дар методикаи таълим, тағйироти куллӣ бояд ворид намоем. Барои мактабҳо барномаҳои нави математикие заруранд, ки ба компютеркунонии таълим нигаронида шуда бошанд. Тартиб додани барномаҳои мактабӣ ва дар асоси он китобҳои дарсӣ заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Тартиб додани барномаҳо ва коркарди онҳо, навиштани китобҳои дарсиро танҳо ба зиммаи коркунони пажўҳишгоҳҳо, донишкадаву донишгоҳҳо вогузоштан мувофиқи мақсад нест. Ба фикри мо, ин проблемаҳоро бо кўшиш ва иштироки омўзгорони мактабҳо, коркунони улуми педагогӣ ва олимони соҳаи технологияи информатсионӣ ҳал кардан аз аҳамият холӣ нест.

С. САНГИНОВ, мушовири шўъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон

«Омӯзгор»

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин