Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Раёсати маориф

Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015

Соли 2011 Замима ба қарори Раиси шаҳри
Душанбе № 112 аз «18 » 02 соли 2011

 

Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015

1.Муқаддима
1.1. Барномаи компютеркунонии муассисахои тахсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015 (минбаъд Барнома) самтҳои афзалиятноки татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи компютеркунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияи иттилоотию коммуникатсиониро дар ҷараёни таълими муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян намуда, барои баланд бардоштани сифати таълим шароит фароҳам меоварад.
1.2.Татбики Барнома дар муассисаҳои таълимии шаҳр мазмуну моҳияти таҳсилотро ғанӣ гардонида, барои дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфтаи ба рақобати бозори меҳнат тобовар шароити муносиб фароҳам меоварад.

2.Мазмуни Барнома
2.1. Барномаи мазкур тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва бо мақсади иҷрои Қарори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон №667 аз 2декабри соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №707 аз 15 сентябри соли 2009 «Дар бораи Соли маориф ва фарханги техникӣ эълон намудани соли 2010» ва № 416 аз 2 сентябри соли 2010 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2011-2015» таҳия шудааст.
2.2. Максади Барнома дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ҷорӣ намудани омўзиши технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон барои қонеъ гардонидани талаботи шахс, давлат ва ҷомеа мебошад.
2.3. Вазифаҳои Барнома таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо техникаи компютерӣ ва телекомуммуникатсионӣ, диққати ҷиддӣ додан ба фаъолияти эҷодии омўзгорон ва хонандагон, ба воситаи технологияи компютерии муосир паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт мебошад.
2.4. Ҳаҷми маблағҳои молиявии Барнома барои солҳои 2011-2015 ҳамасола ҳангоми банакшагирии буҷети шахри Душанбе ва нохияхои шаҳр мувофики солҳо муайян карда мешавад.

3. Таҳлили ваъзи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе:
3.1. Барномаи компютеркунонии муасссисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солхои 2008-2010 ба охир расид. Дар ин давра муассисахои тахсилоти умумии шаҳр бо 2533 адад компютер таъмин карда шуданд.
3.2. Муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дорои 173 синфи компютерӣ буда, бо 2533 адад компютер таъмин карда шудаанд, ки ба ҳар як компютер 26 хонанда рост меояд.
3.3. Ба шабакаи Интернет 90 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳр пайваст карда шуданд, ки он 73,2 фоизро ташкил медиҳад.
3.4. Барномаи мазкур дар самтхои зерин татбик гардид:
-ташкил намудани синфҳои компютерӣ (таъмини барқ, таъмини қисман синфхонаҳои компютерӣ бо мизу курсии мувофиқ ба синфҳои компютерӣ); -таъсиси маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе;
– тайёр намудани омўзгорони технологияи иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
– тавассути шабакаи Интернет иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр дар озмунҳои байналмиллалӣ.
3.5. Макомоти ичроияи хокимияти давлатии дар шахри Душанбе ва нохияҳои шаҳр тибқи талаботи Барнома барои харидорӣ намудани техникаи компютерӣ, ташкили кабинетҳои таълимии иловагии технологияи иттилоотӣ, таъмини онҳо бо компютер, тахтаи электронӣ, мизу курсӣ, таъмир ва барқарор кардани компютерҳои ба таъмир эхтиёҷ дошта маблағҳои зарурӣ ҷудо менамоянд.
3.6. Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи шахри Душанбе бо техникаи компютерии замонавӣ ва тахтаи электронӣ таъмин карда шуда, ҳамзамон таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар муассисахои таҳсилоти умумии пойтахт ба роҳ монда мешавад.
3.7. Марҳилаи сеюми Барнома ва иҷрои он ба хонандагон имконият медиҳад, ки бо навигариҳои илму техника ва технологияи муосир бевосита шинос гардида, барои омўзиши технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ замина гузорад.
3.8. Омўзгорони фанни технологияи иттилоотӣ компютерро ҳамчун воситаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода, фанни мазкурро ба хонандагон дар сатҳи баланд пешкаш карда тавонанд.

4. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
4.1.Тибқи талаботи накшаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №416 аз 2 сентябри соли 2010 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисахои тахсилоти умумии Чумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2011-2015» вазифаҳои Барнома иборатанд аз:
-таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ;
-тайёр ва бозомўзии кадрҳо барои муасисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба истифода ва ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотию коммуникатсионӣ;
– ба шабакаи Интернет пайваст намудани ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва дар ин замина ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ;
-ташкили системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тахсилоти умумӣ;
– таъмини манфиятҳои шахсият, давлат ва ҷамъият дар раванди ҷорӣ намудани технологияи нави компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимии пойтахт;
-инкишоф додани фаъолияти таълимӣ ва инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр;
-ба роҳ мондани истифодаи компютерҳо дар таълими фанҳо ва ба воситаи он баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.

5. Самтҳои асосӣ ва механизми татбиқи Барнома
5.1. Самтҳои асосӣ ва механизми татбиқи Барнома иборатанд аз;
-ба ҳайати омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр омўзонидани усулхои истифодабарии технологияи нави иттилоотию коммуникатсионӣ;
-ташкили фазои ягонаи иттилоотию таҳсилотӣ дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе;
-такмили назорат ва ба танзим даровардани омўзиши технологияи нави компютерӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр; -баланд бардоштани сифати таҳсилот вобаста ба компютеркунонии муасисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр;
-мукаммал намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва таъмини онҳо бо технологияи компютерӣ;
-таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо омўзгорони технологияи компютерӣ ва иттилоотӣ;
-дар маркази такмили ихтисос ба рох мондани курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорони фанни технологияи иттилоотии муссисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр.
5.2.Татбиқи Барнома дар давраи солхои 2011-2015 пешбинӣ шудааст ва он бо техникаи компютерӣ таъмин намудани тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳрро дар бар мегирад.

6. Манбаъҳои маблағгузории Барнома
6.1. Манбаъҳои асосии маблағгузории Барнома маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, грантҳо ва қарзҳои фондҳои байналмилалии ёрирасон, шахсони ҳуқуқӣ ва фондҳои хайрия мебошанд.
6.2. Ҳаҷми маблағҳои маблағгузории Барнома барои солхои 2011-2015 ҳамасола ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе ба нақша гирифта мешавад.
6.3. Маблағгузории Барнома ба зиммаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе гузошта мешавад.

7. Натиҷаҳои ниҳоии татбиқи Барнома
7.1. Ба натиҷаҳои ниҳоии Барнома дохил мешаванд:
-низоми ягонаи идоракунии иттилоотӣ дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе;
-таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ;
-шинос шудан ва истифода бурда тавонистани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо техника ва технологияи муосир;
-инкишофи фаъолияти таълимӣ ва инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр;
-барои рушди минбаъдаи раванди компютеркунонии соҳаи маориф шароити мўътадил фароҳам овардан;
-мўҳити ягонаи иттилоотии таҳсилот дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе амалӣ гардад;
-омўзиш ва истифодаи технологияи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ боиси инкишофи тафаккури техникии хонандагони муассисаҳои тахсилоти умумии шаҳр мегардад;
-сифати дониши хонандагон аз фанни технологияи информатсионӣ, истифодаи компютер ва шабакаи Интернет тибқи талаботи замон ба роҳ монда мешавад.

8. Ҳадафҳои марҳилаи сеюми компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе
8.1.Марҳилаи сеюми компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар давоми панҷ сол ҳадафҳои зеринро ба амал меорад:
-истифодаи компютерҳо дар таълими фанҳо ва ба воситаи он баланд бардоштани сифати таълим ба роҳ монда мешавад;
-компютерҳои корношоями муассисаҳои таълимӣ саривақт таъмир карда мешаванд;
-системаи ягонаи коммуникатсионӣ (пайваст ба Интернет) байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Раёсат ва шўъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр ташкил карда мешавад;
– шабакаи компютерии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ташкил карда мешавад;
-барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сабти электоронии китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, филмҳои таълимӣ дар дискҳо таъмин карда мешавад;
– мутахассисони соҳа дар кишварҳои хориҷаи дуру наздик тайёр карда мешаванд;
-дар маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе курсҳои доимоамалкунанда барои омўзгорони фанҳои мухталиф ташкил карда мешаванд;
-иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ таъмин мегардад;
-миқдори компютерҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо таносуби 1 компютер ба 15 нафар хонанда расонида мешавад;
-марказҳои иттилоотии захираҳои таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкил карда мешавад.

  1. Ассалом. Ба ман китоби “Самоучитель английского языка за 3 месяца” (бо забони тоҷикӣ бошад бисёр хуб мешуд) даркор буд. Агар мумкин бошад, ҳамин тавр китобҳоро низ ба сайт дароред бисёр хуб мешуд.

    • Салом, чунин китобхоро рузхои наздик хамчун китобхои фуруши дар сомона дохил хохем кард ва бахри Шумо дустон хамчун Интернет – маркетинг пешниход мекунем. Бо мо бошед!

  2. Abdulmajid:

    Салом ба хонандаи ин мактуб! Аз Шумо Эхтиромона хохиш менамоям, ки ба ман Барномаи давлатии Конпютеркунонии муасисахои тахсилоти умумии дар Чумхурии Точикистон-ро ба почтаи Abdulmajid.sl@gmail.com ирсол намоед. бо Эхтиром Абдулмачид. Пешаки минатдорам!!!

  3. Салом чаро китобхоро гирифта намешавад

  4. Khurshed:

    Admini сайт ки аст? Мехохам бо у сухбат намоем.

  5. РАВШАН:

    Ба ман хамин барнома даркор лекин барои нохияхои тобеи чумхури бошад, дар инчо ба фикрам 4 нохияи Душанберо дар назар дорад.

  6. накшаи кабинети инфарматикара гуед

  7. Зайниддин Мусоев:

    Мебахшед акачон барномаи компютеркунонии нави 2017-ро партоед

  8. Бахтиёр:

    Барномаи компютеркунони соли 2018-2019 аз кучо ёбем илтимос бисёр даркор шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *