Намунаи «Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо қарори Шўрои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Протоколи № 9/8

аз «__8__»_октябри_ соли 2010. Сардор       Х.М. Зиёев

НАМУНАИ

«БАРНОМАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

ТАВСИФИ УМУМӢ

Сифати таҳсилот ин қобилияти амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ ва бадастории сатҳи маърифатнокии таълимгирандагон аст, ки ба талаботи истифодабарандагони натиҷаи таълим ҷавобгў мебошад. Идоракунии сифати таҳсилот бошад, ин таҳия ва татбиқи маҷмўи чорабиниҳоест, ки имконият фароҳам меоварад, то ба таври самаранок хизматрасониҳои таълимӣ ба чунин сатҳи сифатнокие расонида шаванд, ки мувофиқати натиҷаҳои таҳсилотро ба талаботи истифодабарандагони он таъмин созад.

Барои таъмини низоми идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барномаи бисёрзинагӣ сохта мешавад ва он фаъолиятро дар самтҳое фаро мегирад, ки назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот танҳо як ҷузъи таркибии он аст. Сатҳи мувофиқи сифати таҳсилот танҳо ба таври маҷмўӣ (комплексӣ), дар алоқамандии иҷрои ин зинаҳо таъмин карда мешавад. Иҷрои барнома аз ҷониби тамоми воҳидҳои сохторӣ, ҳайати роҳбарият ва омўзгорону устоҳои таълими истеҳсолии муассисаи таълимӣ таъмин карда шуда, ҳамоҳангсозии корро дар ин самт муовини роҳбари муассисаи таълимӣ оид ба такшили раванди таълим ва идоракунии сифати таҳсилот (мухтасаран: муовин оид ба таълим ва сифат, муовин оид ба корҳои таълими истеҳсолӣ) тавассути шўъба (бахш, гурўҳ)-и идоракунии сифати таҳсилоти ин муассиса амалӣ месозад. Амалӣ сохтани барномаи бисёрзинагии идоракунии сифати таҳсилот ба принсипҳои муайян асос меёбад.

ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ  ТАҲСИЛОТ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

  1. Идоракунии сифати таҳсилот бояд дар доираи банақшагирӣ ва назорат маҳдуд нагардад.
  2. Низоми идоракунии сифати таҳсилот бояд тағйирпазир, кушода ва сервариант бошад.
  3. Ваколат ва вазифаҳо дар идораи сифати таҳсилот бояд байни тамоми ширкаткунандагони раванди таълим тақсим гардида, ин ваколатҳо бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ тасдиқ карда шаванд.
  4. Идоракунии сифати таҳсилот бояд бе бюрократикунонии иловагии раванди таълим ба роҳ монда шавад.
  5. Бонизомӣ, татбиқи мукаммали вазифаҳои идоракунӣ, ташкили зинагии идоракунии сифати таҳсилот, робитаи омилҳои дохилӣ ва берунӣ, идомаи анъанаҳо ва ғайра дар тамоми марҳилаҳои амали низоми идоракунӣ риоя карда шаванд.
  6. Сифат дар низоми болоии таҳсилот бояд сифати низомҳои поёнии таҳсилотро фаро гирад. Низоми идоракунӣ дар ин маврид чунин зинаҳоро аз боло ба поён дар бар мегирад: муассисаи таълимӣ дар маҷмўъ; барномаҳои таълимӣ (факултет, шўъба); силсилаи фанҳо (кафедра); фанҳои алоҳида (омўзгор, устои таълими истеҳсолӣ) ва хонанда (донишҷў).
  7. Идоракунии сифати таҳсилот дар ду самт бояд сурат гирад: таъмини сифат ва рушди сифат. Таъмини сифат барои татбиқи ҳадафҳои меъёрӣ, истифодаи самараноки иқтидори таълимии мавҷуда, бавуҷудории муҳити босифати таълимию касбӣ ва бадастории натиҷаҳои сифатноки таълим равона шудааст. Рушди сифат зиёдкунии иқтидори таълимии мавҷуда ва болобарии самаранокии онро аз ҳисоби татбиқи навовариҳо, такмили  сифати муҳити таълимию касбӣ ва натиҷаҳои таълим дар назар дорад.
  8. Сатҳи эъломшудаи сифати таҳсилот бояд ба истифодабарандагони маҳсули муассисаи таълимӣ кафолат дода шавад.
  9. Сифати таҳсилот бояд ба талаботи тамоми субъектҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷавобгў бошад: хонанда (донишҷў) таҳти мафҳуми сифат чунин таҳсилотеро дар назар дорад, ки барои рушди иқтидори шахсӣ ва болобарии ў дар зинаҳои вазифаи хизматӣ нигаронида шудааст; кордиҳанда чунин корманди босалоҳиятеро баъди таҳсилот интизор аст, ки аз рўзҳои аввали фаъолияташ бояд вазифаҳояшро босифат иҷро карда тавонад; давлат аз таҳсилот мутахассиси бомаҳорат ва шаҳрванди аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомасъулиятро нигарон аст; ҷомеа ба он манфиатдор аст, ки мутахассиси бомаҳорат ба фаъолияти иҷтимоии эҷодкорона низ омода бошад.
  10. Идоракунии сифати таҳсилот бояд ба тарбияи чунин мутахассиси хатмкардаи муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ равона карда шавад, ки дониши амиқи назариявӣ, маҳорати баланди касбӣ, қобилияти муошират бо ҳамкасбон ва ба тарафи худ ва андешаи худ кашидани мардумро дошта, дар фаъолияти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, робита бо мардум ва ғайра фаъол аст ва барои иҷрои нақши касбӣ ва иҷтимоии худ дар ҷамъият омодагии ҳамаҷониба дорад.

Дар шакли пурра метавонед аз инчо дастрас кунед: 

  Барномаи идораи сифати таҳсилот дар МТИМК (316,0 KiB, 1 656 hits)

  1. Мехохам аз имтихонхои синнфи 9 шинисои пайдо кунам мефиристед хуб мешуд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *