Намунаи «Барномаи идораи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо қарори Шўрои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Протоколи № 6/32

аз 18 июни соли 2010. Сардор       Х.М. Зиёев

НАМУНАИ

«БАРНОМАИ ИДОРАИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Сифати таҳсилот ин қобилияти амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ ва бадастории чунин сатҳи маърифатнокии таълимгирандагон маҳсуб аст, ки дар асоси ин хизматрасониҳо ба даст омада, ба талаботи истифодабарандагони натиҷаи таълим ҷавобгў аст. Идораи сифати таҳсилот бошад, ин таҳия ва татбиқи чунин маҷмўи чорабиниҳост, ки имконият фароҳам меоварад, то ба таври самаранок хизматрасониҳои таълимӣ ба чунин сатҳи сифатнокӣ расонида шаванд, ки мувофиқати натиҷаҳои таҳсилотро бо талаботи истифодабарандагони он таъмин месозад.

Барои таъмини низоми идораи сифати таҳсилот барномаи бисёрзинагӣ сохта мешавад ва он фаъолиятро дар самтҳое фаро мегирад, ки назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот танҳо як ҷузви таркибии он аст. Сатҳи мувофиқи сифати таҳсилот танҳо дар алоқамандии иҷрои ин зинаҳо  таъмин карда мешавад. Иҷрои барнома аз ҷониби тамоми воҳидҳои сохторӣ, ҳайати роҳбарият ва омўзгорони муассисаи таълимӣ таъмин карда шуда, ҳамоҳангсозии корро дар ин самт шўъбаи (бахш, гурўҳ) идораи сифати таҳсилоти ин муассиса амалӣ месозад.

Дар шакли пурра метавонед аз инчо дастрас кунед:

  Барномаи идораи сифати таҳсилот дар МТУ (172,0 KiB, 1 311 hits)

 

  1. 13 район:

    салом аз номи зафаробод ба хамаи хонандагон

  2. 13 район:

    барои чи китобхоро скачать карда намешавад?

  3. стандарт, накша ва барномахои таълими аз фанни физика

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *