Баробарҳуқуқии зану мард

Дар шароити кунунӣ, ки пеш­рафти илму тех­ника мушоҳида карда шуда, муносибатҳои нав ба нави ҷамъиятӣ ба назар мерасанд, бароба­рии вазъи ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардо­нии онҳо талаби замон аст, ки ин ба ҳарду ҷинс имконияти озодона инки­шоф додани қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иш­тирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва азхудкунии натиҷаи онро медиҳад.

Вобаста ба ин асоси таъмини шароити якхеларо барои амалигардонии ҳуқуқи мардону занон мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои умумии эъти­рофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ташкил менамо­янд.

Бо ин мақсад дав­лат иштироки баробари мардону за­нонро дар идоракунии давлатӣ кафо­лат медиҳад. Дар баробари ин давлат баробарии мар­дону занонро дар шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва су­дии ҳокимияти давлатӣ низ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд, ки аз ин 1-уми марти соли 2005 қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарии мардону занон» шаҳодат медиҳад. Мутобиқи қонуни мазкур поймол кардани ҳуқуқи мар­дону занон манъ аст. Вайронкунии принсипе, ки ба баробарии гендерӣ асос ёфтааст, поймолкунии ҳуқуқ  шуморида мешавад, ки инро ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул карда наметавонад.

Дар ин ҷо як чизро қайд кардан лозим аст, ки таъмини амалишавии баробарии занону мар­дон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ вогузор карда шудааст, ки дар асоси он мақомоти ҳокимияти двлатӣ дар дои­раи салоҳияти худ вазифадоранд омўзиши гендерии хизматчиёни дав­латии ҳамаи мақомотро тавассути системаи тайёркунӣ ва азнавтайёрку­нии кадрҳои дастгоҳи идораҳои давлатӣ мунтазам ба роҳ мо­нанд, ки бо ин мақсад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бод арки таъмини баро­барии занону мардон ҳатто фармони алоҳидаеро ба тавсиб расо­нид. Дар асоси фармони мазкур мавқеъи зан дар корҳои ҷамъиятӣ боз ҳам мустаҳкам карда шуд.

Дар шароити кунунӣ барои амалигардонии им­конияти баробари мардону занон, аз он ҷумла ба воситаи эҳё ва эҷод кардани расму оин ва гуза­ронидани чорабиниҳои дигари му­шаххас, барта­раф намудани сабабу шартҳои ба баробарҳуқуқии комил халалрасонанда чораҳои мушаххас анде­шида шуда, барномаҳои махсуси рафъи поймолку­нии ҳуқуқи шаҳрвандон аз рўи ҷинс таҳия ва дар ҳаёт ҷорӣ шуда истодаанд.

Муассисаҳои маориф ва илмӣ бошанд ба мар­дону занон барои амалӣ намудани ҳуқуқ ба таҳсилот шароити баробар фароҳам оварда исто­даанд. Барои духтарони ноҳияҳои дурдасти кўҳистону деҳот бошад ҳангоми дохил шудан ва давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии олӣ шароити имтиёзнок муҳайё мегар­данд, ки аз ин тибқи квотаи Президент ба донишгоҳҳои олии мамлакат дохил шудани ҷавондухтарон шаҳодат медиҳад.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худи­доракунии маҳаллӣ ва роҳбарони ташкилотҳо вазифадоранд карда шуданд, ки баробар дастрас будани захираҳои иқтисодии ҷамъиятро барои мардону занон, аз ҷумла дастрас будани амволи манқул ва ғайриманқул, замин, дороии молиявӣ, кредитҳо, ҳамчунин фаъо­лияти соҳибкории озод, дигар хел фаъолияти бо санадҳои қонунгузорӣ манънашударо таъмин намоянд.

Гуфтаҳои боло ишора ба он месозанд, ки таъмини баробарии мар­дону занон бо мурури вақт ба миён омада, таъмини комили онро аз мо талаб мекунад.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин