Баъзе проблемаҳои тарбияи наврасон дар педагогикаи этникӣ ва халқӣ

Сабаби ба проблемаҳои тарбияи наврасон дар оила сару кор пайдо кардани педагогикаи халқӣ аз он иборат аст, ки ба проблемаҳои давраи гузариш аз сини бачагӣ ба синни наврасӣ алоқаи узвӣ дорад. Чунки баъди 3-солагӣ ин давра яке аз давраҳои ниҳоят пурихтилоф ва душвор дар ҳаёти наврасон ба шумор меравад. Аз ин рӯ дар баъзе сарчашмаҳо, ҳатто дар педагогикаи халқӣ ҳам ин давраро давраӣ заминҷунбии ҳаёт меноманд.

Дар ҳақиқат дар ин давра дар ҳаёти наврасон як такони бузурге ба вуҷуд меояд, ки дар ҳолати аз тарафи падару модарон дуруст дарк накардани чунин лаҳзаи ҳаёти наврасон он метавонад дар ҳаёти наврасон харобии калоне ба вуҷуд орад. Зеро он сабаби объективӣ дорад. Барои ҳамин ҳам онро давраи пурихтилоф, пур аз зиддият, давраи гузариш аз бачагӣ ба наврасӣ меноманд. Педагогикаи халқӣ ҳам, ба монанди психология эътироф менамояд, ки давраи гузаришро наҳамаи наврасон як хел аз сар мегузаронанд. Чунки он ба хусусиятҳои хоси инкишоф ва мизоҷи ҳар як наврас вобаста аст. Мизоҷ дар педагогикаи халқӣ «миҷоз» номида мешавад. мисол тунмиҷоз (тез ба хашму ғазаб меомадагӣ-худдори карда наметавонистагӣ). Аммо гуруҳбандии асосии онҳо дода намешавад. Дар психология бошад, мизоҷҳо чунин гуруҳбандӣ карда шудаанд: мизоҷи халерикӣ, сангвиникӣ, флегматикӣ ва меланхоликӣ, ки шарҳи мухтасари онҳо вобаста ба мавзӯъ оварда мешавад.

1. Наврасони (умуман одамони) мизоҷи халерики дошта, ки онҳоро одатан халерикҳо меноманд тез ба ҳаяҷон омада дар ин ҳолат худдорӣ карда наметавонанд, хашмгину ғазабнок мешаванд, суханро то охир гӯш намекунанд. Аз ин рӯ пеши роҳи онҳоро якбора гирифтан аз имкон берун аст. Ин хатари калон дорад. Бо саброна, ботамкинона муомила кардан лозим меояд. Чи тавре дар боло қайд шуд, ин давраи ниҳоят пурихтилоф, давраи такони бузург, давраи «заминҷунбӣ» дар ҳаёти наврасон, яъне давраи гузариш аз бачагӣ ба наврасӣ ва аз он ба ҷавони мебошад. Бинобар ин, наврасон ин давраро хеле душвор ва боизтироб аз сар мегузаронанд. Аз ин рӯ падару модарон бо ин гурӯҳи бачагон — халерикҳо бояд дар муомила хеле эҳтиёткор бошанд. Аз маломат, сарзаниш, танбеҳ, ҷазо ва дигар чораҳои дағалӣ таъсиррасонӣ худдорӣ намоянд.

2. Наврасони мизоҷи сангвиникӣ дошта, яъне сангвиникҳо ниҳоят хушҳолу зиндадил ва пурҷушу хурӯш мебошанд. Дар педагогикаи халқӣ онҳоро наврасони шуху беқарор , пурталотум, ҳатто масхарабоз меноманд. Ин амали онҳоро ҳеҷ гоҳ амали вайронкорӣ, қасдкорӣ ҳисоб кардан лозим нест. Чунки онҳоро ба ин гуна амал мизоҷи онҳо, талаботи организм ва табиати онҳо равона менамояд. ӯ маҷбур аст, ки ин талаботҳоро қонеъ гардонад. Бинобар ин чорае андешидан лозим аст, ки ин амалҳои онҳо оҳиста-оҳиста суфтатар гардад. Пеши роҳи ин хислатҳои наврасонро тамоман гирифтан аз имкон берун аст. Ҳамин тавр, сангвиникҳо давраи гузаришро пурҷушу хуруш, вале камнуқсонтар аз сар мегузаронанд. Фақат дар ҷои нишасти худ қарор истода наметавонанд, ҷасту хез менамоянд, дасту пои худро ором нагузошта ба ҳар тараф алвонҷ медиҳанд, гоҳ ба ин тараф, гоҳ ба он тараф ҳам мешаванд, ба шахсони дар наздашон буда шӯхӣ мекунанд.

3. Наврасони мизоҷи флегматики дошта, яъне флегматикҳо ниҳоят орому ботамкинанд. Барои ҳамин ҳам дар халқ мегӯянд, ки «агар ба сарашон санг борад ҳам парво надоранд».бинобар ин онҳоро на ҳар як ҳодиса ва воқеа, на ҳар як амал, ё рафтору кирдор ба ҳаяҷон оварда метавонад. Аз ин рӯ давраи гузаришро онҳо нисбатан ором аз сар мегузаронанд. Вале ин чунин маънӣ надорад, ки бо ин қабил фарзандон кор бурдани падару модарон, муаллимон ва дигарон осон аст. Ҳеҷ гоҳ не! Аз як тараф ба дили онҳо тез роҳ ёфтан душвор аст, аз тарафи дигар муайян кардан душвор аст, ки чораи таъсиррасонӣ ба ӯ чӣ тавр асар кардааст — оё асар кардааст, ё не. Бинобар ин онҳоро «хапак», «дурундор» ҳам меноманд. Чунин аст андешаҳои халқӣ ва психологияи давраи наврасӣ. Ғайр аз ин, онҳо бисёр чизҳоро дар дилашон нигоҳ медоранд кӯшиш мекунанд, ки сири худро ошкор накунанд. Ин бисёр хатарнок аст. Агар ба дили онҳо ки «пур аз ғаму ғуса» аст, нохун занед, ба қавли халқ якбора мекафанд. Баъди ин ба дили онҳо роҳ ёфтан ниҳоят душвор аст. Инро бояд дар хотир дошт.

4. Наврасони мизоҷи меланхоликӣ дошта, яъне меланхоликҳо ки аз рӯи табиати худ сусту беҷуръат (сустирода) вале хеле ҳассосу нозукдил мебошанд. Тез меранчанд. Ҳатто ҳазли оддиро ҳам намебардоранд. Ҳазлро қасдан масхаракунӣ ҳисоб мекунанд. Бинобарин тез меранҷанд. Ҳазлро дар дилашон ҳамчун санги маломат нигоҳ медоранд. Дар байни халқ одатан онҳоро «девори намкаш» меноманд. Чунки агар дар ҳузури онҳо дар бораи кассе (бе ном бурдани ному насабаш) ягон сифати ӯро ном баред ба худ мекашад, хусусан агар он характери танқидӣ дошта бошад. Бинобарин бо ин гурӯҳи наврасон ҳам кор кардан душвор аст. Ба онҳо тарзи рафтори махсус, аз ҳар ҷиҳат фикр карда шуда лозим аст.

Аз ин рӯ, нисбат ба онҳо бепарвоёна муносибат кардан лозим нест. Онҳо низ давраи гузаришро душвор аз сар мегузаронанд. Хусусан бо сабаби «бадгумонии худ», нозукдилию ҳассосию худ.

Чи тавре мушоҳида мекунем, наврасон (умуман ҳар як фард) аз рӯи хусусиятҳои психологӣ ва системаи асабашон хеле гуногунанд.

Душвории дигар аз он иборат аст, ки дар боло танҳо нишонаҳои хеле маъмулли мизоҷҳо ном бурда шуданд. Психологҳо муқаррар намуданд, ки ду шахси мизоҷи як хела дошта ҳеҷ гоҳ пурра қолиби якдигар нестанд. Мисол ду халерик. Сабаб аз он иборат аст, ки барои як мизоҷ боз тобишҳои мизоҷӣ мавҷуд, ки ин тобишҳо барои ҳар як намоянда як хел нестанд. Нафаре соҳиби як тобиши мизоҷӣ, дигаре соҳиби дигар тобишҳои мизоҷӣ мебошанд. Бо ақидаи Краковский А.Н. дар халерикҳо 16 тобишҳои мизоҷӣ, дар сангвиникҳо 21, дар флегматикҳо 17 ва дар меланхоликҳо 20 тобишҳои мизоҷӣ ба назар мерасанд.

Албатта он нозукиҳо дар педагогикаи этникӣ ва халқӣ инъикос наёфтаанд. Вале бе нишон додани онҳо душвории кори тарбияро бо ҳар як гурӯҳ пурра нишон додан аз имкон берун аст.

Боз як чизи дигарро ҳам бояд хотиррасон кард, ки ҳар як тип, ё худ гурӯҳи наврасон (умуман одамон)-халерик, сангвиник, флегматик, меланхолик дар баробари сифатҳои бад, сифатҳои нек ҳам доранд, ки падару модарон ва умуман тарбиядиҳандагон ба онҳо такя намуда, наврасонро бо роҳи дуруст бурда метавонанд. Масалан фаъолиятнокӣ, пурҳароратӣ, пурғайратии халерикҳо, хушҳолию зиндадилии сангвиникҳо; нозукдилию ҳассосии меланхоликҳо; ботамкинии флегматикҳо ва ғайраҳо.

Наврасони хушҳолро ҳатто ҳодиса ва воқеаҳои оддитарин ҳам ба ҷӯшу хурӯш меоварад. Онҳо ҳамеша саъю кӯшиш менамоянд,ки доими бо атрофиён дар тамос (алоқа) бошанд. Аз ин рӯ дар байни халқ онҳоро шуху беқарор меноманд. Ягон чиз аз доираи назари онҳо пинҳон намемонад. Ба ҳар тараф даву тоз мекунанд, ба ҳар кор худро шарик менамоянд ва ғайра.

Меланхоликҳо, агар ягон корашон барор нагирад, аз баҳри иҷрои он мебароянд. Чунки бо сабаби сустиродагӣ ва камҷуръатии худ, ба қувваи худ боварӣ надоранд.

Ҳамаи инро дар рафти тарбия бояд ба назари эътибор гирифт. Илова бар ин онҳо ба таъсири дигарҳо тез дода мешаванд.

Ҳамин гуна тавсифҳои зиёдро ном бурдан мумкин аст, ки бо мулоҳиза рафтор кардани падару модар ва дигар тарбиядиҳандагонро талаб мекунанд.

Проблемаҳои тарбия дар оила боз ба дигар ҳодисаҳои дар давраи наврасӣ-гузариш рух диҳанда низ вобаста аст. Ин давраи пуравҷи инкишофи ҷисмонӣ, саршавии балоғат, азнавсозии организм ва системаи асаб мебошад. Ин ҷиҳатҳоро хусусан духтарон хеле тез эҳсос мекунанд. Нобаробарвазнии байни онҳо ва писарон сар мешавад. Ин ба ҳар як ҷинс рафтори фардиро тезу тунд менамояд. Аз ин рӯ бисёр анъанаҳои халқӣ вобаста ба тарбияи духтарон ва писарон дар педагогикаи этникӣ ва халқӣ инъикоси худро пайдо кардаанд. Чунки дар давраи гузариш дар синни наврасӣ тамоми ҷисм, узвҳои бадан, хам аз ҷиҳати анатомӣ — физиологӣ, ҳам аз ҷиҳати психологӣ ва ҳам инкишофи ҷисмонӣ тағйир меёбанд. Наврасон тез калон мешаванд, хусусан духтарон. Ҳамаи дигаргуниҳое, ки дар давраи наврасӣ ё худ гузариш дар организм ва системаи асаб ба амал меояд,пеш аз ҳама ба суръати инкишоф ва болиғшавии наврасон вобаста аст. Ин бошад, дар навбати худ ба наврасон сахт таъсир расонда, дар рафтору кирдори онҳо тағъирот ба вуҷуд меоварад. Майлу хоҳиши алоқаи ҷинсӣ пайдо мешавад. Ҳатто кӯшиши озмудани он. Авҷ ва суръати ин майлу хоҳишҳо дар навбати худ ба кадом тип ё худ гурӯҳ-халерик, сангвиник, флегматик ва ё меланхолик мансуб будани наврасон низ вобаста аст. Бинобарин ҳодисаҳоро яке ниҳоят пуршиддат, пурҷушу хуруш, дигаре нисбатан оромтар аз сар мегузоранд. Дар ин давра тамошои филмҳое, ки муносибат ва алоқаи ду ҷинсро нишон медиҳанд. (ҳоло ин гуна филмҳо ҳаррӯза дар телевизионҳои мо намоиш дода мешаванд), хаёти номуътадили оилавӣ, хондани асарҳое, ки алоқаи ду ҷинсро тасвир менамоянд ва ахлоқи бади рафиқон ба бедоршавии ҳисси ба амал баровардани нияти худ ба наврасон таъсири ниҳоят сахт расонда, рафтору кирдор, хулқу одоби онҳоро дигаргун месозад. Ҳамин тавр кадам гузоштан ба болиғшавӣ бо ҷисму ҷон ва хулқу атвори наврасон таъсир мерасонад. Ин дар фикру андешаҳои мардум ҳам инъикоси худро ёфтааст. Бисёр анъана ва расму одатҳои мардум ҳам барои пешгирии ин фалокатҳо бахшида шудаанд.

Чи тавре дар боло қайд намудем, дар ин давра организми наврасон худро аз нав сохта, бо ҳаёти нав тайёр мешаванд. Гуё наврасон аз нав ба дунё меоянд. Барои ҳамин ҳам ин давраро-давраи таваллуди дуюмбора ҳам меноманд. Ғадудҳои секретсияи даруни ҳам дигаргун мешаванд. Он дар навбати худ ба кори системаи асаб таъсир мерасонад. Яъне системаи асаб ба таъсири он дода мешавад. Бинобарин наврасон дар тамоми давраи тағир ёфта истодани организмаш ҳиссиёти аҷиби психологиро аз сар мегузаронад. Тез асаби мешаванд, «бесабаб» ашк мерезанд, баъзан аз иҷро кардани талаб ва супоришҳои оқилона ва ҳақонии падару модарон ва дигар тарбиядиҳандагон қатъиян рӯ мегардонанд ва ғайра.

Ҳамин тавр, давраи гузариш, давраи душвори ҳаёт буда он ба наврасон ба осонӣ муяссар намешавад. Хусусан дигаргуниҳои анатомӣ — физиологӣ, системаи асаб ва инкишофи пурваҷи ҷисмонӣ.

Ин душворӣ бо як тағъироти организм маҳдуд намешавад. Дар ин давра муносибати наврасон ба одамон ҳам дигар шуда, он муҳите, ки ӯ дар давраи бачагӣ медид, ба назараш дигар хел менамояд. Дар ин давра ӯ худашро калон ва тавоно ҳисоб мекунад, калонсолон бошанд, ба ӯ ҳамчун ба кӯдак муносибат мекунанд. Ҳол он, ки дар ин давра дар табиати наврас бисёр хислатҳои номатлуб, ба монандӣ: таккабурӣ, худситоӣ, пайдо шуда худро чунон нишон медиҳад, ки гӯё ӯ хеле пурқувват, доно, накукор бошад.

Дар чунин давраи мушкил ба наврасон такьягоҳ дӯст ва маслиҳатчии оқилу ботаҷриба дар кор аст. Бинобарин дар ин давра нисбат ба онҳо ботамкину боилтифот будан, онҳоро бештар эҳтиром намудан лозим ва ба онҳо чун ба кӯдаки хурд бепарвоёна муносибат кардан лозим нест. Ба наврасон чунин маслиҳат додан ва талқин намудан зарур аст, ки онҳо ба монанди одамони калон рафтор намоянд, хушмуомилаву боодоб бошанд. Дар ин кор пеш аз ҳама падару модарон бояд намунаи ибрат нишон диҳанд. Бояд ҳаминро дар хотир дошта бошанд, ки наврасон мехоҳанд, мисли одамони калон ҳаёт ба сар баранд, яъне монанди онҳо мустақил амалкунанд, аммо калонсолон бошанд, ба онҳо мисли кӯдак рафтор мекунанд ва ба ҳар роҳу восита ин авҷи ғурури онҳоро пахш мекунанд. Дар натиҷа дар байни падару модарон ва наврасон ихтилоф пайдо мешавад.

Мувофиқи фикру андешаҳои халқ дар заминаи ҳамин гуна якдигаро нафаҳмидани падару модар ва фарзандон ва ба талаби якдигар ҷавоб дода натавонистани амали онҳо, рафтори онҳо, тарзи рафтор ва муомилаи онҳо аксар вақт наврасон дар пеши назари падару модар вайрон мешаванд. Масалан худро идора карда наметавонанд, якраву гарданшах, дағалу дилозор, бешарму густох мешаванд.

Падару модарон ин амалҳои наврасонро мушоҳида намуда ба мақсади ислоҳи ин нуқсонҳо нисбат ба пештара ба наврасон ҳар чӣ чора ва тадбирҳои қатъитар ба кор мебаранд, кӯшиш менамоянд, ки онҳоро дар «ишкел» нигоҳ дошта, доираи амалашонро маҳдуд кардани мешаванд, ки ин зиддияти (ихтилофи) байни наврасон ва падару модаронро боз ҳам пуршидаттар менамояд ва сабаби боз ҳам (авҷ гирифтани) пуршидаттар гардидани нуқсонҳои дар боло номбар шуда мегардад. Акнун наврасон ба муқобили аҳли оила руйрост эътироз баён намуда, амали гардондани ниятҳои нави худро дар кӯча ҷустуҷӯ кардани мешаванд.

Албатта дар ин бобат пеш аз ҳама падару модар айбдор аст. Чунки маҳз дар натиҷаи нодуруст амал кардани онҳо, сабаби боз ҳам авҷ гирифтани нуқсонҳои наврасон гардид.

Барои ҳамин ҳам аввал дуруст андеша карда, баъд чораҳои таъсиррасонӣ ё худ ислоҳкуниро интихоб намудан лозим аст.

Дар ин вақт зарур аст, ки падару модарон ба наврасон бо оҳанги ҳалимона гап зананд, муомилаи ҳалимона ва маслиҳатомез намоянд, ба ҷои фармон ва дар ишкел нигоҳ доштан, босаброна ва ботамкинона онҳоро бовар кунонанд, ки онҳо моҳияти масъаларо ба хуби фаҳмида гиранд, ба ҳаққони будани талабҳои падару модарон боварӣ ҳосил намоянд ва маслиҳатҳои падару модарро дастури зиндагии худ намоянд.

Аз ин рӯ, бо андешаҳои халқ барои тарбияи дурусти фарзандон, танҳо донистани дигаргуниҳои ботинию зоҳирии наврасон кифоя нест. Ба онҳо таъсири мусбат расонда тавонистан лозим аст. Барои он, ки падару модарон ба наврасон таъсири дуруст расонда тавонанд, пеш аз ҳама онҳо бояд сабабҳои рафтори наврасонро муайян намоянд. Чунки бе ин, онҳо наврасонро ислоҳ карда наметавонанд. Аксар вақт саъю кӯшиши падару модарон барои ислоҳи нуқсонҳои рафтору кирдори бади наврасон барои он бенатиҷа анҷом меёбад, ки онҳо сабабҳои ин ваё он тавр амал кардани наврасонро намедонанд. Бинобарин аввал сабабҳои нодуруст рафтор кардани наврасонро муайян карда баъд ба онҳо сару кор доштан лозим аст.

Дар кори тарбияи фарзандон, аз рӯи тавсияҳои педагогикаи оилавӣ падару модарон бояд айнан монанди табибон амал намоянд.

Маълум аст, ки табибон аввал дарди беморро муайян мекунанд, сипас сабаби онро ҷустуҷӯй (яъне муайян) менамоянд, ва ҳамин ки сабабашро муайян карданд, кӯшиш менамоянд, ки доруе интихоб намуда беморро муолиҷа намоянд. Падару модарон ҳам бояд айнан ҳамин тавр амал кунанд. Яъне, сабаби тағъир ёфтани рафтору кирдори наврасонро муайян карда, баъд чораҳои таъсиррасониро эҳтиёткорона интихоб намуда, аз он оқилона ва хеле эҳтиёткорона истифода баранд.

А.С.Макаренко, ки монанди Г.Н.Волков аз педагогикаи этникӣ ва халқи хеле хуб огоҳ буд, ҳамин ҷиҳатҳоро ба назари эътибор гирифта чунин гуфта буд: «Тарбия ана аз ҳамин ҷиҳат душвор аст, ки он меҳнати зиёд, ақли расо, меҳру муҳаббат ва фаҳми хубро талаб мекунад».

Аммо аксарияти падару модарон сабабҳои асосии дар ҳаёти наврасон ба вуҷуд омадани ин дигаргуниҳоро надониста, дар ин давраи душвори инкишофи наврасон, барои муътадил гардондани ҳаёти онҳо чораҳои зарурӣ андешида наметавонанд. Сабабҳои бадмуомилагӣ, зудранҷӣ, инҷиқӣ, беқарории, (серҳаракатии) зиёди онҳоро танҳо ба таъсири бад расондани одамони беруна медонанд ва наврасонро сарзаниш мекунанд, мераҷонанд. Дар натиҷа онҳо бисёр азоби рӯҳӣ кашида ё роҳи «гӯшнанишинӣ», ё роҳи кӯчаро пеш мегиранд. (Ин вобаста ва мизоҷ аст).

Муғамбирӣ мекунанд, ба касе гап намезананд, доимо дар онҳо нишонаҳои андӯҳгинӣ ҳис карда мешавад. ё ҳаммаслаки худро дар кӯча пайдо карда дарди дили худро гуфтанӣ мешавад. чи тавре дар халқ мегӯянд дарди дили худро холи кардани мешаванд» ё «дили худро кафонданӣ мешаванд» ва ё «дили худро холи кардани мешаванд».

Ин гунна муомилаҳо дар давраи наврасӣ боз хеле зиёданд, ки баъзеи онҳоро В.А.Сухомлинский дар мақолаҳои худ «Тавлиди писар –духтар», тавлиди зан-мард» қисман кушода додааст.

Барои ҳамин ҳам педагогикаи этникӣ ва халқӣ дар бораи проблемаҳои тарбияи наврасон ба таврӣ алоҳида машғул гардида аст. Гарчи онҳо характери эмперикӣ дошта, танҳо ба таҷрибаи ҳаёт асос ёфта, тавсия карда шудаанд, бо вуҷуди ин аз баски аз таҷрибаи ҳаёт сар мезананд, аҳамияти муайяни тарбиявӣ доранд. Чунки таҷрибаи ҳаёт ҳам мақоми ниҳоят калон дорад. Барои ҳамин ҳам Рудакӣ ба он баҳои баланд дода чунин гуфта буд:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Аз ин рӯ боз дар бораи паҳлуҳои он масоили тарбияи наврасон дар оила маълумот дода мешавад, ки онҳо маҳсули худи этнос ва халқ буда, ҳаёти бевоситаи онҳоро ба таври объективӣ, воқеӣ инъикос мекунад. Масалан, орзуву умеди халқро, ки дар расму одат, анъана оину маросимҳо инъикос ёфтаанд. Маҳз онҳо боиси ба вуҷуд омадани эҷодиёти даҳонакии халқ – зарбулмасалу мақолҳо, латифаю афоризмҳо, қофияву чистонҳо, афсонаву достонҳои халқӣ гардиданд, ки дар бораи рафтору кирдор ва ахлоқу одоби наврасон баҳс мекунанд.

Проблемаҳои тарбияи наврасон инчунин дар ҳадисҳо низ инъикоси худро пайдо кардаанд.Чунки дар онҳо ҳам муаммоҳои ҳаёт, таҷрибаи зиндагии одамон, орзуву умеди халқ дар бораи симои ояндаи фарзандон ва боз бисёр паҳлуҳои дигари зиндагӣ инъикос ёфтаанд. Ҳамаи онҳо боиси пайдо шудани расму оин ва маросимҳо оид ба тавлиди кӯдакон, муҳофизати онҳо аз ҳар гуна қувваҳои фавқулодаи зараррасон, ба монанди ҷину аҷина, деву парӣ ва паҳлуҳои дигари тарбияи бачагон  гардидаанд. Насиҳату пандномаҳо ва умуман афкори педагогии мутаффакирони халқ ҳам ба онҳо алоқа ва вобастагии узвӣ доранд. Сабаби ба онҳо дар тарбияи фарзандон такя намудани халқ аз он иборат аст, ки дар онҳо проблемаҳои тарбияи фарзандон ниҳоят барҷаста ифода ёфтаанд. Чунончӣ, «Бӯи фарзанд аз бӯи биҳишт меварзад» (Шояд «Аз фарзанд буи биҳишт меояд» ва ё «Аз буи фарзандон буи биҳишт меояд» бошад), «Фарзандон атои худоанд», «Лаззати умри одамӣ фарзанд аст», «Худои таолло дар рӯи замин аз ҳама чизи бузургтар фарзандро офаридааст», «Зевари дунё се чиз аст: молу фарзанду зан», «Аз неъматҳои дунё чанд чиз хуштар аст: яке фарзанд… мебошад», «Фарзандон меваи дил ва нури дидаанд», фарзанд офаридан, мисли дар рӯи замин биҳишт офаридан аст», «фарзанд бузургтарин неъмати дунёст» Ё худ ба қавли Мавлоно Ҷомӣ:

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад номи мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард».

Сабаби ин тавр садо додани бузургии фарзанд, шояд бақои умри падару модарон, идомаи наслҳо, пуштибони хонавода, авлод, ҳимоягари Ватан бошад. Бинобар ин фарзанд барои падару модар хушбахтӣ, бефарзандӣ бадбахтӣ, ё худ як бори гарон ҳисоб мешавад.

Барои ҳамин ҳам дар бораи ба дунё омадан ва тарбия намуда ба воя расондани фарзандон чӣ тавре дар боло қайд намудем, бисёр расму оин, маросим ва анъанаҳо ба монанди дар гӯши кӯдак азон гуфтан, ба даҳони ӯ равғани хаома чаконидан, се шабу се рӯз дар назди навзод оташ афрӯхтан, чиҳил рӯз танҳо нагузоштан, гаҳворабандон, сартарошон, дастҳалолкунон, ҷамолакбофон ва ғайра пайдо шудаанд.

Аз тарафи дигар, дар педагогикаи халқӣ ва афкори педагогии мутафаккирон мақоми тарбия дар ҳаёти инсон, дар ташаккули шахсият ва дар баробари ҳамин душвории кори тарбия, вале воҷибияти он низ инъикос ёфтааст. Ба монанди: «фарзандро накӯ тарбия кардани волидайн ба мисли биҳиштро дар рӯи замин муҳайё сохтан аст». «Боғро гуноҳ чист, ки боғбонаш коҳил (ҷоҳил ё беақлу бефаросат) бошад», «Тарбияи бад, диҳад ғаму дард», «Истеъдод бе тарбия дареғ аст», ва ғайра.

Раҳимов Б.Р. ва Нуров А. — Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

 

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *