Бино ва нобино

Шаби сарди зимистон бино ва нобиное бо ҳам роҳ мерафтанд, нобино пояш бар санге бархӯрду ба замин афтод ва барои асояшро ёфтану бархостан заминро ҷустуҷӯ кард, ногоҳ дасташ ба море, ки аз сарди ях карда буд расид хурсанд шуда бархост ва гуфт: “Асоям кӯҳна шуда буд, акнун асои нав ёфтам”. Бино, ки манзараро медид ба ӯ гуфт: “Ин мори яхшуда аст”, нобино гумони он, ки  бино ба ӯ бахилӣ дорад ба суханонаш гӯш надод. Ҳамроҳ ба манзилашон расиданд нобино ба худ гуфт: “Асои ёфтаамро таъмир карда, бо нархи гарон хоҳам фурӯхт”. Субҳ шуд, нобино асоро ба дасташ гирифтан хост, ки онро таъмир кунад, чун ҳаво гарм шуд мори яхшуда об шуд, мор ба гардани нобино печида ӯро хаффа карда кушт.

Ин аст сазои бахилӣ ва нобоварӣ ба дӯст.

Омодакунанда: Ҷаҳварова Мавҷуда, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи педиатрия, гурӯҳи 1

3+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин