Бисквит ва ширинӣ аз он

Яке  аз  бисквитҳои  дӯстдоштаи ман  аст, аз он  метавонед ҳам торт ва ҳам  якчанд намуд шириниҳо тайёр намоед.

Маҳсулоти лозима:

Тухм  6 дона, шакар 1  стакан, моддаи ковоккунанда  1  пачка, какао 3  қошуқи ошӣ, орд.

Тарзи тайёр намудан:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Тухмҳоро каме бо миксер лат мезанем баъдан шакарро ҳамроҳ  карда боз  хуб  лат мезанем, какао моддаи ковоккунанда ва ордро  низ  ҳамроҳ  мекунем  ва  ҳамаи маҳсулотҳоро якҷоя  боз  каме лат мезанем.  Ба қолаб (28 см)   хамири бисквитамонро рехта ба тафдони 150 – 180  дараҷа гарм мегузорем, то тайёр шуданаш. Бисквити тайёр шудаамонро мегузорем то каме хунук  шавад  ва бо тарзи дилхоҳ  истифода баред.
Ман  бисквитро аз байн бурида крем молидам ва бо тарзи чоркунҷа буридам.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин