Бобои барфӣ

Фармоиши хизмати бобо барои ҳар яки Шумо!

Мехоҳед «Соли нав»-и аҳли оила ва фарзандони хурдсолатон хуштар гузарад ва бароятон таасуротангез бошад?

Пас, бахши навтаъсиси мо – «Хизматрасонӣ барои аҳолӣ» дар хизмати Шумост!

Бахшида ба «Соли нав» интернет – портали «MAKTAB.TJ» бо мақсади васеъ намудани доираи накӯӣ ба мардум иқдоми наверо амалӣ мекунад, ки тибқи он ҳар оила метавонад аз хизмати кирояи «Бобои барфӣ» баҳравар шавад.

Фармоиш барои хизматрасонӣ дар доираи сомонаи «MAKTAB.TJ» ва ё бо телефони +992 (918) 94-32-31 аз ин баъд то 30-уми декабри соли 2011 барои дилхоҳ соат ва сана (на дертар аз соати 22:00 – и 31.12.2011) дар қаламрави Душанбешаҳр амалӣ шуда, ҳамзамон иҷрои он аз ҷониби мо бо гирифтани ҳаққи хизмат саривақт ва бо сифати баланд таъмин мегардад.

Шитобед, то дер намонед!

Лаҳзаи гуворро, баҳратон аз сӯи мо!

0