Категорияи архивҳо: Афсонаҳо

Се сагу як гург

Рӯзе се саг як гургро дар қарибиҳои деҳа дида, ӯро таъқиб карданд. Се саг сиёҳу хокистаррангу зард забонҳояшонро бароварда, беист аз қафои гург медавиданд. Гург мегурехту сагҳо медавиданд. Давиданд, давиданд, билохира гургро мадори гурехтан намонд. Ва он хаставу бемадор ба

Хар ва шутур

Буд – набуд, корвоне буд. Дашту саҳрову кӯҳу биёбон тай карда, мерафту мерафт. Маълум набуд, ки кай ба ҷое мерасаду боз меистад. Дар ин сафар як шутуру як хар хеле монда шуданду тадбире ҷуста, ақиб монданд. Баъд “ҷонамон халос шуд”

Мурғ, мурғобӣ ва муш

Буд – набуд, мурғу мурғобӣ ва муш буданд. Мурғу мушу мурғобӣ ҳамроҳ зиндагонӣ мекарданд. Мурғ рӯзе ин тарафу он тараф рафта, камакак гандум ёфту хурсанд шуда, қуд-қудкунон ба назди ҳамроҳонаш омад: Гандум ёфтам, гандум ёфтам! Орд кардан даркор. Кӣ ба

Хуруси зирак

Шағоле гуруснаю ғамгин шуда, дар фикри сайде афтод. Хурӯсакеро дид, ки дон чида гаштааст. Вай оҳиставу боэҳтиёт ва бесадо сӯйи хурӯсак қадам зад. Хурӯсаки хушёр пай бурд, ки шағол меояд, фиррӣ париду ба сари девор нишаст. Шағол пеши девор омада

Ду бузича

Буд набуд, ду бузича буд,яке сиёҳу дигаре сафед. Бузичаҳо дар ду канори ҷӯй мечариданд… Эй ҷӯра, ба ин тараф гузар якҷоя бозӣ мекунем! -гуфт рӯзе бузичаи сиёҳ ба сафед. Не,ту худат ба ин тараф биё! -гуфт бузичаи сафед. Хуб, ман

Мурғобича

Дар як рӯзи хуби тобистон, мурғобие, ки дар назди девори ҳавлии соҳибаш лона сохта буд, ҳис кард, ки тухмҳои дар зераш буда ҷунбида истодаанд. Аз онҳо овозҳои маҳину борик баромаду ҳар яке фарёд мезад ва яке аз дигаре пештар сар

Навозандагони ҷангал

Шахсе хар дошт. Вай солҳои зиёд ба соҳибаш хизмат карда буд. Вай хеле сабру таҳаммул карда аз ҷангал барои гармидиҳӣ ҳезум ва аз осёб орд меовард. Аммо вай акнун пир шуд ва қувваҳои баданаш ӯро тарк карда буданд ва барои

Хирсаки серкор

Рӯзе хирс саҳари барвақт хеста ба ҷангал барои ҳезум меравад. Баъдан ба хона бар мегардад оташ дар мегиронад ва барои кӯдаконаш шӯрбо мепазад ва барои бедор намудани кӯдаконаш меравад ва баъд аз чанде бӯйи шӯрбо ба машомаш мерасад ва давидакунон

Саги чашмгурусна

Саге дар пеши дӯкони қассоб устухоне ёфту, саросема ба даҳонаш гирифта гурехта рафт. Якчанд саги дигар дида, аз пасаш давиданд. Саг бо тамоми қувваташ тохта, худро ба тарафи дарё заду аз кӯпрук гузашта истода, назараш ба об афтода монд. Дид,

Рӯбоҳ ва паланг

Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш гирифт. Гурехта рафта истода буд, ки

Марди деҳқон ва кӯзаи зар

Як деҳқоне буд. Камбағал буд. Дар дил орзуе дошт, ки бою бадавлат шавад. Рӯзе ҷуфт меронд, ки нӯги сипор ба чизе бархӯрд. Кофта дид, ки як кӯза. Аз зери хок бароварда дид, ки даруни кӯза пур аз тангаҳои зар! Марди

Лаку Пак

Буд, набуд, дар рӯи ин олам Лаку Пак буд. Лак зани Пак буд. Лаку Пак духтари зебое доштанд, вале аклаш норасо. Як рӯзе ба хонаи онҳо хостгор омад. Лак хостгорҳоро дида ба духтараш гуфт: — Духтарам, ба ту хостгор омад.