Табақаи: Ахбори тоза

Хирсаки серкор

Рӯзе хирс саҳари барвақт хеста ба ҷангал барои ҳезум меравад. Баъдан ба хона бар мегардад оташ дар мегиронад ва барои кӯдаконаш шӯрбо мепазад ва барои бедор намудани кӯдаконаш меравад ва баъд аз чанде бӯйи шӯрбо ба машомаш мерасад ва давидакунон

Тавонгарӣ ба ҳунар аст на ба мол…

Ҳунар омўз, к-аз ҳунармандӣ, Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ. Низомии Ганҷавӣ Ҳунар, қобилият, кордонӣ, касб, пеша фазилати инсонист, ки ҳамеша инсонро сарфарозу бахтиёр ме­гардонад. Қадри ўро сад ба ҳазор мегардонад. Дар ин бобат ривояте ҳаст. Рўзе подшоҳе сайри мамлакати худ мекунад.

Таҳлили достони “Лайлӣ ва Маҷнун”

Адабиёти форс-тоҷик осмони паҳноварест, ки ситорагони дурахшони бешумор дорад. Бадриддин Ҳилолӣ дар ин осмони паҳновари илму адаб, яке аз он ситорагони дурахшонест, ки бо андешаҳои олӣ, нерӯи халлоқонаи сухан дар силсилаи суханварони бузург ҷой дорад. Чакидаҳои оташбору маънодори шоир бо

20 маълумотҳои аҷиби химиявӣ

1. Дар таркиби организми одам қариб 70 элементи химиявӣ дар намуди пайвастҳо мавҷуданд.Қисми асосии организми одам, яъне 93 фоизашро оксиген, карбон ва ҳидроген ташкил медиҳанд. 2. Дар рӯйи Замин бо роҳи таҷриба муқаррар намуданд, ки 89 элементи химиявӣ мавҷуд аст.

Ҳифзи муҳити зист

Имрӯз замоне фаро расидааст, ки муносибати инсон бо табиат фақат маънои истеъмолӣ дорад. Ҳифзи муҳити зисти одамон кори тамоми инсоният аст. Ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи он масъалаи дастаҷамъӣ мебошад. Ҳалли ин масъала амалӣ сохтани чорбиниҳои давлатиро, ки ба муҳофизати

Ростгӯйи камоли инсонист

Ростгӯӣ ва росткорӣ аз шумори он хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки ба иродаву шуури ҳар кас вобаста аст. Касоне, ки умри худро дар фазои олами мунаввари ростгӯӣ ва росткорӣ масраф мекунанд, бешубҳа хушбахттарин шахсиятҳо мебошанд.

Суруди миллӣ – рукни муқаддаси давлатдорӣ

Агар ватану ватандорӣ аз гаҳвора оғоз гардад, пас ватанпарастиву ватандўстдорӣ аз ҳувияти миллӣ сарчашма мегирад, ки асоси онро нишони Ватан ташкил медиҳад. Нишони Ватан, ки дар ҳар куҷову дар ҳар ҷо аз Ватан дарак хоҳад дод. Беҳуда нест, ки гузаштагони

Ҳофизи Шерозӣ (1321-1390)

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз, ки даҳҳо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби “Ҳофиз’’ тахаллус

Камоли Хуҷандӣ (1318/21-1401)

Гар бичуянд ба сад карн наёбанд, Камол, Булбуле чун ту хушилхон ба чаманҳои Хуҷанд. Камоли Хуҷанди шоири ғазалсарои форсу тоҷик, дар аввалҳои асри XIV, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ҳамшаҳриҳои ӯ бо сари баланд хонаи Камоли Хуҷандиро нишон медиҳанд. Ҳозир

Ахмади Дониш (1826-1897)

Аҳмади Дониш соли 1827 дар Бухоро дар оилаи мулло Мир Носир таваллуд шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буд ва дар ҷавонӣ барои таҳсили илм ба Бухоро омада, дар ҳамин ҷо мадрасаро хатм мекунад ва аз ҳамин ҷо хонадор

Садриддин Айнӣ (1878-1954)

Асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қахрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ 15-апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Гиждувон, вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Падари устод Саидмуродхоҷа, ки соҳиби хату савод буд, яке аз одамони болаёқат ва зарофатманди қишлоқ ба ҳисоб мерафт.

Аз захми сухан захми табар беҳ

Забони сурх сари сабзро диҳад барбод. Ривоят мекунанд, ки дар як замон марди ҳезумкаше умр ба сар мебурд. Ў зиндагии ҳақиронае дошту ҳар рўз ба ҷангал мерафт ва аз он ҷо як банд ҳезум оварда дар бозор мефурўхт. Аз ҳисоби