Чӣ тавр метавон 100 сол умр дид?

Олимони соҳаи тиб чунин меҳисобанд, ки дарозумрӣ ҳамагӣ аз 50% генҳо  (ирсият) вобастагӣ дорад. Боқимонда ба тарзи ҳаёти солим, ғизохурӣ ва ҳолати равонӣ вобаста аст.

Алҳол давомнокии миёнаи умри аврупоиҳо то 80 сол, япониҳо 83 сол ва дар Тоҷикистон 71 солро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи олимон дарозумрӣ якчанд омилҳо дорад:

Хоби бароҳат

      Олимони Донишгоҳи Калифорния муайян карданд, ки ашхоси дар як шабонарӯз 7-8 соат бароҳат мехобида, имкони дурудароз ҷавон монданро доранд. Камхобӣ, алалхусус дуру дароз паридани хоб зарарнок буда, боиси стресс, хастагӣ ва афсурдаҳолӣ мегардад. Серхобӣ, яъне зиёда аз 8 соат хобидан низ зарар дошта, боиси дарди сар, сустӣ ва ланҷӣ мегардад.

Эҷодкорӣ

      Ба амали шавқоваре, мисли расмкашӣ, кӯлолгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ ва дигар шуғле, ки эҷодкориро талаб мекунад, машғул шавед. Эҷодкорӣ асабро ором намуда, сатҳи стрессро паст мекунад. Илова бар ин, фаъолнокии зеҳнро тақвият мебахшад, зеро шумо ҳар дафъа назди худ вазифаи муайян мегузоред. Ин ба фаъол будани майнаи сар кӯмак мерасонад.

Дуруст ғизо хӯрдан

      Истеъмоли антиоксидантҳо раванди пиршавиро пешгирӣ мекунанд. Ин моддаҳо дар таркиби карам, сабзӣ, қулфинай, моҳӣ, анор ва чойи сабз зиёданд. Ширинӣ ва чарбро низ кам бояд истеъмол кард, зеро инҳо шарикони фарбеҳшавӣ, диабет ва дигар бемориҳои ҷиддӣ мебошанд, ки раванди пириро метезонанд.

Дар Қуръони Маҷид таъкид шудааст, ки: “ Бо занон зисти накӯ намоед”. Оиладории хуб ва муҳаббати тарафайн боиси дарозумрии зану шавҳар мешавад.

Нафақа баромадан, маънои дар кунҷи хона хобида, рӯз то бегоҳ телевизор тамошо карданро надорад. Ҳар ҳафта, ҳар рӯз назди худ мақсаду вазифае гузошта, барои ба он расидан кӯшиш кунед. Масалан, ба буридани шохҳои зиёди дарахтон аз тирамоҳ то баҳор, тайёр намудани замин ба кишту кор, даравидан ё чидани алафҳои бегона аз киштзор, шустани оинаи тирезаҳо, аёдати хешовандон, назди духтур ташриф овардан, кори муздноки иловагӣ (дарс додан, ҳунар омӯзонидан ба хоҳишмандон). Фаъолнокӣ яке аз шартҳои асосии дарозумрист. Жекка Колемани фаронсавӣ, ки 122 сол умр дид, дар 85 – солагӣ ба машқи камонварӣ шурӯъ кард. Баъди 100 – солагӣ бошад, ба варзиши велосипедронӣ оғоз бахшид. Маҳмуд Айвазови озарбойҷонӣ, ки 152 сол умр дид, то охири умр дар боғу саҳро кор мекард, дар оби хунук оббозӣ намуда, дар ҳавои кушод мехобид. Ӯ кори ҳаррӯзаро яке аз шартҳои асосии дарозумрӣ меҳоисобид.

Ёрӣ ба дигарон

      Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) фармуданд, ки дар зиндагӣ ба поёнтар аз худ назар кунед. Яъне, чунин гумон накунед, ки вазъияти шумо вазнин аст, балки аз шумо вазнин будагон низ кам нестанд. Аз ин рӯ, ба қадри имкон ба шахсони ҳолашон вазнин кӯмак расонед. Аз ин коратон, Худованд аз шумо хушнуд хоҳад шуд.

Ҳеҷ гоҳ ба касе ҳасад набаред, ба дил кинаи касеро ҷой надиҳед, бахилӣ накунед. Ашхоси ҳасуд, бахил ва кинагир умри дароз намебинанд.

Дилкушоду пуртабассум бошед

      Муҳаққиқони Донишгоҳи Бостони ИМА миёни 246 нафар ашхоси аз 100 – сола боло пурсиш гузарониданд, муайян карданд, ки ҳамаи онҳо шахсони дилкушод, зиндадил, пуртабассум ва ба оянда хушбин буданд. Онҳо шӯхибардор, зарофатгӯ ва чеҳракушод буда, озодона гапи дар дил доштаашонро баён мекарданд.

Олимони Донишгоҳи Уэйни иёлоти Мичиган бошанд, муайян карданд, ки ашхоси дарундору ботакаббур ба ҳисоби миёна 70 сол ва одамони зиндадилу шӯх 80 сол ва зиёда аз он умр медидаанд.

Омодакунанда: Раҷабова Насиба, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин