Чанд талабот нисбати истифодабарӣ аз тестҳо

Ташаккули ҳаматарафаи шахс масъалаест, ки дар ҳар давру замон муҳим ва дар маркази диққати олимону татқиқотчиён буд. Аз ин лиҳоз, воситаҳои гуногунро барои рушди шахсияти солим эҷодкорона истифода мекарданд. Танҳо шахси ҷисману рӯҳан солим ва ҳамаҷониба инкишофёфта метавонад фарди ба маънои васеъаш солимро ташаккул диҳад. Саволе пайдо мешавад, ки агар худи ҳамон шахси масъул дорои донишу маҳорати тарбияи насли наврас набошад, он гоҳ чй гуна метавонад насли рӯҳан, ҷисман ва зеҳнан солимро инкишоф диҳад. Барои он ки шахсро таълиму тарбия диҳем, бояд ӯро аз хар ҷиҳат донем. Дар ҳалли ин масъала донистани маҷмӯаи тестҳои психологӣ имконият медиҳад.

Тадқиқотчӣ ҳангоми истифодаи тестҳо бояд масъулияти баландро ҳис карда, чунин талаботҳоро риоя намояд;

  • истифодаи дуруст ва бехато аз тестҳои пешниҳодшуда;
  • омӯзишу ташхис бояд танҳо бо розигии озмудашаванда гузаронида шавад;
  • натиҷаҳои мусбат ва манфии ташхисҳоро бояд баробар дар рафти ташаккул ва ислоҳкунии психикӣ ба эътибор гирифт:
  • махфӣ нигоҳ доштани натиҷаҳо ва маълумотҳои бадастомада — принсипи асосии истифодабарандагони рафти ташхис мебошад;
  • натиҷаҳои манфии ташхис набояд эълон карда шавад;

Ҳамин тариқ, маҷмӯи тестҳо метавонад ба омӯзгорон, волидон ва равоншиносони амалӣ дар ташхис намудани шахсияти фарзандону хонандагон ва дар ҳамин замина ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи онҳо хизмат кунад.

  1. hazoru sad savolu chavob az fanni Т.Х.Т монед

  2. Сироҷиддин:

    Саволу ҷавоб аз фанни химия мемондед бисёр хуб мешуд!

  3. дар ядроиионии Р+5 чанд протон мавҷуд аст?

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *