Диққатамро ба як нуқта ҷамъ карда наметавонам

Ба сабаби парешон шудани хотира самаранокии таҳсил паст мешавад. Ҳарчанд вақти бисёр сарф шуда бошад ҳам, вале натиҷаи хубе ба даст намеояд. Боз шахс аз машғулиятҳое дур мегардад, ки ба шавқу завқ ва хоҳиши ў мувофиқ аст. Аз тарафи дигар сустшавии фаъолият ва аз шуғли дўстдоштаи худ дур будан, шогирдро аз мактаб ва дарсҳо низ дур мекунад.

Барои омўзиши амиқ ва муваффақ гаштан ба мақсади гузоштаи худ унсури асосӣ ин оғоз ва давом додани ҳамон кори саркарда мебошад. Аксари мо ҷумлаҳои зеринро шояд чандин маротиба гуфта бошем:

«Медонам, ки ман бояд хуб хонам, вале натавониста истодаам»;

«Китобро ба дастам мегирам, вале чӣ тавре ки гирифтам, боз ҳамон хел мемонам, зеро хонда наметавонам»;

«Намедонам чаро, умуман, дарс тайёр карда наметавонам»;

«Фикрам зуд парешон мешавад» ва ғайраҳо.

Фикр мекунам, ки дар саҳифаҳои баъдина мақсади мо равшан мешавад, ки аз сабаби парешон будани фикрамон  ё ин ки пурра диққатамонро ба кори карда истодаамон равона карда натавонистанамон чунин муаммо ба вуҷуд меояд. Бояд қайд кард, ки аксари шогирдонамон:

«Фикрамро ҷамъ карда наметавонам, ба бисёр саволҳо аз сабаби беаҳамиятии худам нодуруст ҷавоб додам» – гуфта худро сарзаниш мекунанд. Дар аксари маврид ин ҳолат ба мо нишон медиҳад,ки диққати хонанда нисбат ба ҳалли масъала суст шудааст. Ҳол он ки хонанда бояд ҳамеша дар ҷидду ҷаҳд бошад.

Агар мақсади муайян ва ё завқи зиёде барои расидан ба мақсад дошта бошед, он гоҳ дарс тайёр кардан осон мегардад. Зеро шумо алакай мақсади муайян доред, ки вақти аниқе барои дарсхонӣ ҷудо карда, худро маҷбур кунед. Минбаъд ин кор одат мегардад. Калиди муваффақиятҳо дар ҳамин аст, ки вақти ҷудокардаатонро дар ҳаёт ба одат табдил диҳед. Баъд шумо фикр мекунед, ки як қувваи ноаёне шуморо ба ин кор ташвиқ мекунад. Кам одаме ёфт мешавад, ки худ аз худ ихтиёран нишаста кор кунад ва ё дарс хонад. Чунин як ҳаёти бонизом дар асоси талаботи муайяне гузаронида мешавад. Чӣ тавре ки дар боло гуфта гузаштем, агар шахс бошуурона худро идора кунад, иродаи мустаҳкам дошта бошад ва аз рўи тартиби муайян фаъолият карда тавонад, он гоҳ ин як одати доимию ҷудонашавандаи ҳамон шахс мегардад. Яке аз омилҳои парешонхотирӣ ин хаёлҳои бисёри беҳуда мебошад,ки онҳоро бо якчанд мисоли оддӣ намуна меорем:

«Оё ман ҳамин имтиҳонро супорида метавониста бошам? Агар натавонам!? Ба рўи падару модарам чӣ тавр нигоҳ мекунам? Рафиқонам бисёр кўшиш карданд ва баҳои хуб гирифтанд, вале ман ба таври кофӣ тайёрӣ дида натавонистам.

Ба фикрам оқибати ин корам хуб нест…

Бисёр мавзўъҳое ҳастанд,ки ман бояд хонам, вале вақт хеле маҳдуд аст.

Ман ҳеҷ кор карда наметавонам.»

Агар боз дар баробари ин хонанда дар вақти дарс тайёркуниаш дароз кашида мусиқӣ шунавад, телефонбозӣ кунад, ҷамъ кардани диққаташ амри маҳол аст. Зеро аз як тараф фикру андешаҳои дар боло гуфташуда аз тарафи дигар телефону телевизору ғайраҳо диққати хонандаро парешон мекунанду ихтиёри дарсхониро аз дасти ў мегиранд.

Тавсияҳо ба талабаҳое, ки худро парешонхотир мешуморанд.

– Асоси мутамарказонидани фикр на ба якчанд кор, балки ба як кор машғул шудан аст.

– Вақте ки миқдори дарсҳо зиёд мешавад, вақти дарстайёркунӣ ҳам тўл мекашад. Ин бори гарон қувваи мутамарказонандаро суст мегардонад, аз ин рў дарсҳоро бо реҷаи муайян дар вақташ бояд тайёр кард. Дигар ин ки вақти  дарстайёркуниро аниқ муайян кардан сабаби ҷамъ шудани хотир мегардад.

– Шарти дигар тезкорист. Агар шумо кори яксоатаро дар сӣ дақиқа иҷро кунед, ин фаъолият оҳиста-оҳиста боиси самаранокии омўзиш мегардад.

– Бо мавзўъ пешакӣ шинос шудан сабаби фаро гирифтани фаъолият ва пайдо шудани шавқу завқ мегардад.

– Ҷудо карда навиштани калимаҳои асосии матн сабаби дар зеҳнатон ба тезӣ нақш бастани мавзўъ ва дарки амиқи он мегардад.

– Барои парешон нашудани хотир дар вақти нақли муаллим чизҳои асосиро дар дафтаратон нависед.

– Дар вақти такрори мавзўъ онро аз нав навиштан сабаби тезии хотир ва аниқ фаҳмидан мегардад.

– Дар вақти омўхтани мавзўъ қисмҳои асосиашро ҷудо карда сабт кунед, ва онро ба рафиқатон фаҳмонед. Ба ин роҳ то кадом дараҷа мавзўъро аз худ карданатон маълум мегардад.

– Боз барои муайян кардани он ки мавзўъро фаҳмидаед ё не, ба худ ба овози баланд савол дода ҷавоб гардонед. Ҳамин тавр маълум мешавад, ки Шумо дарсро хуб фаҳмидаед ё не.

– Фаромўш накунед, ки дар аввали дарстайёркунӣ ва рафти он ба мушкилӣ дучор шуданатон мумкин аст. Муҳим он аст, ки дар омўзиш ҷиддӣ ва самимӣ бошед, аз чизҳои хаёлро парешонкунанда парҳез кунед, муҳити хуби корро омода намоед. Дар ҷое, ки самимияту ҷиддият ҳаст, ҳеҷ чиз монеъи шумо шуда наметавонад.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 1, соли 2007
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин