Донишҳои ҳуқуқӣ омили пешгирии қонуншикании наврасони хурдсол

Дар чаҳорчӯби бахши «Хабарҳои ҷадид»-и сомона ба тозагӣ китоби муҳаққиқи ҷавон дар соҳаи педагогика УМЕД ҲАМИДОВ бо номи “Донишҳои ҳуқуқӣ омили пешгирии қонуншикании наврасони хурдсол”, ки инъикосгари натоиҷи тадқиқоти гузаронидаи ӯ дар самти муайянсозии тарзҳои моҳиятан нави таъмини раванди тарбияи ҳуқуқии хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мебошад, дар ҳаҷми 154 саҳифа, бо теъдоди 500 нусха рӯйи чоп омад.

Дар китоби мазкур бо такя ба далелу манобеи илмӣ тамоми нишондодҳо оид ба роҳу усулҳо ва воситаҳои таҳкиму густариш бахшидани дараҷаи фарҳанги ҳуқуқии наврасони хурдсол дар шароити мактабу оила оварда шудааст, ки воситаи хубест баҳри огоҳии комил пайдо кардан аз нозукиҳои кор дар самти дуруст ба роҳ мондани раванди тарбияи ҳуқуқии хонандагони синни миёнаи мактабӣ мебошад.

Ҳамчунин дар ин дастури илмӣ намудҳои нисбатан паҳнгаштаи ҷиноятҳо миёни ноболиғон ва бархе сабабу ваҷҳҳои даст задани наврасон ба содир кардани онҳо дарҷ ёфтааст.

Дастур ба кулли кормандони соҳаи таълиму тарбия, аз ҷумла созмондиҳандагони фаъолияти беруназтаълимии мактабиён, масъулини бахшҳои кор бо ноболиғони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидайн, донишҷӯёни макотиби олии омӯзгорӣ, муҳаққиқон ва ба ҳамаи онҳое, ки бо тадрису парвариши насли наврас сару кор доранд, тавсия мегардад.

Бояд гуфт, ки дар оянда бидуни ҷой намудани донишҳои ҳуқуқӣ дар шуури насли наврас бунёди ҷомеаи шаҳрвандиву давлатӣ бар пояи қонун асосёфта ғайриимкон аст. Китоб дорои сифати хубу нархи дастрас буда, фарогири мундариҷаи зайл аст:

Пешгуфтор.

1. Вазъи маърифати ҳуқуқии наврасони хурдсол.

2. Зарурияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон.

3. Сабабҳои душвортарбия гардидани кӯдакони наврас.

4. Ҷинояткории наврасон ва роҳи асосии пешгирӣ аз он.

5. Роҳу воситаҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии наврасон.

6. Нақши корҳои беруназсинфӣ дар густаришбахшии шуури ҳуқуқии наврасони хурдсол.

Замима.

Хулоса.

Луғат.

Феҳрасти адабиёти истифодашуда.

Хоҳишмандон метавонанд маводро тариқи тамос гирифтан бо телефони 918-74-15-51 дастрас намоянд.
Шитобед, то дер намонед!

0

12
Назари худро бинависед

avatar
8 Занҷираи тавзеҳ
4 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
6 Муаллифони тавзеҳҳо
ALISHERFarzonaҲалимДиловарМаъмурият Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
АВРАНГЗЕБ
Меҳмон
АВРАНГЗЕБ

Мехохам, ки на ин ки чор нохияхои марказ балки тамоми макотиби ЧТ дар инчо чойгир карда шаванд, зеро ин икдоми бисёр хам начиб аст. Роххои дохил кардани макотибхои дигар тарики мачбури чалб карда шавад ва боз мехохам, ки барои рох надодани сохтакории хуччати номаи камол, хар як хонандаро номнавис карда руйхати алохидаи тахсилкунандагони мактаб тартиб дода шавад. Инчунин равзанаи махсуси иртиботи волидайн бо сарвари мактаб ташкил дода шавад. Бо мувофика бо Вазорати маориф дар хар як мактаб мутахасиси чойгиркунандаи маълумотхои тоза аз кабили давомоти толибагон, сатхи азхудкунии донишхои назарияви ва амалии онхо, хамчун штати кори таъин карда шавад. Равзанаи дигар… Бештар дар ин бора »

Диловар
Меҳмон
Диловар

мехохам, ки ба ин сайт аъзо шавам агар имкон бошад ба ман нишон медодед аъзо шуданро…..

Ҳалим
Меҳмон
Ҳалим

Агар мушкил набошад, версияи элекронии ҳамин китобро ба сайт мемонден, ба омӯзгорон хеле калон ёрии методӣ мерасонден)

Farzona
Меҳмон
Farzona

Салом. Агар имконият бошад, версияи электронии лугати турки-руси, ё ин, ки турки-точикиро хам дар сомонаатон чой медодед.

ALISHER
Меҳмон

Салом Агар имконият бошад, версияи электронии лугати точики туркиро дар сомонаатон чой медодед.

ALISHER
Меҳмон

Ташаккури зиёд.

ALISHER
Меҳмон

Салом. Шумо ба саволхое, ки пешниход чавоб мегардонед ё не.

ALISHER
Меҳмон

Шумо ба кадом саволхо чавоб мегардонед.