Ду бузича

Буд набуд, ду бузича буд,яке сиёҳу дигаре сафед. Бузичаҳо дар ду канори ҷӯй мечариданд…

  • Эй ҷӯра, ба ин тараф гузар якҷоя бозӣ мекунем! -гуфт рӯзе бузичаи сиёҳ ба сафед.
  • Не,ту худат ба ин тараф биё! -гуфт бузичаи сафед.
  • Хуб, ман ба назди ту мегузарам, гуфт бузичаи сиёҳ.
  • Не ман назди ту меравам! -гуфт бузичаи сафед.

Ҳар ду дар як вақт давида-давида ба рӯйи пул баромаданду дар миёнаҷои он рӯ ба рӯ шуданд. Азбаски пул борик буд, онҳо аз паҳлӯи якдигар гузашта, натавонистанд.

  • Ту каме ақиб гард, ман гузарам! -гуфт бузичаи сиёҳ.
  • Не, ту ақиб рав! -якравӣ кард бузичаи сафед.

Ҳеҷ кадоме аз онҳо намехост, ки ақиб гардад. Ҳар ду дар қаҳр шуда, ба ду пои ақиб нимхез шуданд. Онҳо гурсогурс калла ба калла зада ба ҷанг даромаданд. Он қадар калла ба калла заданд, ки ҳар ду ба ҷӯй ғалтиданд.

Ҷӯй чуқур буду обаш зуд ҳаракат мекард. Бузичаҳо дар оби сард хунук хурда, бо азоб ба канори ҷӯй баромаданд. Ҳар ду аз хунуки дарақ-дарақ меларзиданд.

  • Айби ту шуд! -гуфт бузичаи сафед.
  • Не, айби ту шуд! -якравӣ кард бузичаи сиёҳ.

Ҳар ду хеле баҳс карданд ва ба чунин хулоса омаданд:

-Дигар якравию ҷанг намекунем! -эълон карданд бузичаҳо.

Омодакунанда: Раҷабова Насиба, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

1+

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *