Ду гург

Замоне як пирмард ба набераи худ ҳақиқити зиндагиро кушод.

-Дар ботини ҳар як инсон мубориза меравад, ба монанди муборизаи ду гург. Як гург бадӣ- бахилӣ, рашк, афсӯс, худбинӣ, такаббур ва дурӯғро муаррифӣ мекунад.

Гурги дигар бошад, дар худ хубӣ- сулҳ, муҳаббат, умед, ҳақиқат, некӣ ва вафодориро нишон медиҳад.

Кӯдаки хурдакак, ки суханҳои бобояш ба ӯ сахт таъсир карда буданд, чанд дақиқа ба фикр фурӯ рафт ва баъд пурсид:

-Кадом гург дар охир ғолиб меояд?

Пирамард ноаён табассум кард ва ҷавоб дод:

— Ҳама вақт он гурге, ки ту парвариш мекунӣ, ғолиб меояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *