Душанбе пойтахти мо

ДУШАНБЕ ПОЙТАХТИ МО

Шаҳри паймони ман, Душанбе,
Фахри даврони ман, Душанбе.
Пояи ваҳдати тоҷикон,
Дар дилу ҷони ман, Душанбе.

Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг, пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Баъди Инқилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд.

Халқи тоҷик аз ин бохти таърихӣ рӯҳафтода нашуда, баҳри эъмори Душанбеи азизаш камари ҳиммат баст. Оҳиста – оҳиста деҳаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гашт. Баъди ҷумҳурии иттифоқӣ ном гирифтани он эьтибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифт. Соли 1961 аз нав номи қадимааш барқаpop карда шуд.

Шаҳр қомат афрохта қабои рангин ба бар кард. Хонаҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ ҳамон солҳо сохта шудаанд. Илова бар ин, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Дар канори ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дӯстона зиндагӣ доранд. Онҳо, аллакай ба расму русуми тоҷикон мутобиқ гашта, дар чорабиниҳои миллӣ, мисли Наврӯз, Сада, Ҷуфтбаророн, Иди Қурбон фаъолона иштирок менамоянд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба чаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст.

Байти машҳури шодравон Боқӣ Раҳимзода далели андешаи болост:

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.

Халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи оламиён буданд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо бокӣ мондааст.

Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ – об, фазо, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳу зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидқу сафоро фурӯзон нигоҳ дорем.

Нагардам сер аз рӯйи Душанбе,
Нигоҳам меравад сӯйи Душанбе.
Ба мақсад мерасад оне ки нӯшид,
Гулоби синаи ҷӯйи Душанбе.

Эмомалӣ хонандаи «Литсей – интернати Президентӣ»

4+

3
Назари худро бинависед

avatar
2 Занҷираи тавзеҳ
1 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
3 Муаллифони тавзеҳҳо
АбубакрМаъмуриятRewqaz Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Rewqaz
Меҳмон
Rewqaz

Adminjon хамон web-сайти мактаби тахсилоти миёнаи умумии №17 чи шуд?

Абубакр
Меҳмон

Ташаккури зиёд барои иншо тавсия медихам ки чунин иншохо дар шабакаи чахонии ИНТЕРНЕТ зиёд карда шавад агар ин хохиши мо ичро шавад пас мо хонандагон хушхолем Иншои Душанбе хело хам зебо ва дилнишин буд вокеъан хам Душанбе шахри зебову дилнишин макони илму ирфон аст