Духтари зирак ва марди танбал

Як подшоҳе буд. Ду вазир дошт ӯ. Яке вазири дасти рост буд ва дигаре вазири дасти чап. Боре подшоҳ ҳамроҳи вазири дасти рости худ ба шикор рафт. Ҳамин, ки онҳо машғули шикор шуданд, дар болои сарашон зоғе пайдо шуду қар-қар кард.

— Зоғ чӣ гуфт? — пурсид подшоҳ, аз вазир.

— Намедонам, — ҷавоб дод вазир. — Зоғ, ки аст, қар-қар карду рафт.

— Ту чӣ хел вазир ҳасти, ки маънои қар-қари зоғро намефаҳмӣ?! — оташин шуда гуфт подшоҳ.

— Ту, ки вазири дасти рости мани, ҳамаро бояд донӣ! Агар фардо ту маънои қар-қари зоғро ба ман нагӯи, сарат аз тан ҷудо мешавад!

Вазири дасти рост ғамгину малол ба хонааш баргашт.

— Чаро ин хел ғамгин ҳастӣ? — пурсид аз ӯ духтараш.

Вазир ба духтар ҳодисаи вақти шикор рӯйдодаро нақл кард.

— Ғам махӯр, падар, — гуфт духтараш, — ман ба ту ёрӣ мерасонам.

Духтар ин гапро гуфту ба назди дугонааш — духтари камбағал рафт. Дугонаашро Оқилахон меномиданд, ба сабаби оқила буданаш. Ӯ дар воқеъ духтари хирадманд буд. Оқилахон духтари вазирро гӯш карду гуфт:

— Пеши падарат раву ба ӯ маънои қар-қари зоғро бигӯй, ӯ қар-қар карда гуфт, ки: «Зани хирадманд шавҳари нодонро доно мекунад». Ана ҳаминро ба падарат гӯй, фақат ба ӯ нагуй, ки ин гапро ман гуфтам.

Духтари вазир ҳамин хел кард. Вазири дасти рост фардо қасри подшоҳ омаду ба подшоҳ гуфт:

— О подшоҳи бузургвор ман қар-қари зоғро мегӯям. Зоғ бо забони паррандагон гуфт:

«Зани оқила шавҳари нодонро доно мекунад!»

Подшоҳ ҷавоби вазири худро гӯш карду аз дилаш гузаронид: «Маънои қар-қари зоғро худи вазир дарнаёфтааст, ба ӯ касе ин маъноро гуфтааст, онро бояд ёфт».

Подшоҳ хизматгорони худро ба ҳар тарафи қаламрави мамалакати худ фиристоду фармуд: касеро, ки забони паррандагонро мефаҳмад, кофта ёбанд. Хизматгорони подшоҳ баромада, ба шаҳру деҳаҳои мамлакат рафтанд. Подшоҳ хост то баргаштани онҳо кайфу тамошо кунад. Дар қасри ӯ ландахӯрон зиндагӣ мекарданд, ки ба коре даст намезаданд шабу рӯз дар рӯи қолину кӯрпа мехобиданд, мехестанду мехӯрданду боз мехобиданд. Онҳо ҳатто ба фикр намерафтанд ба ин сабаб нодон ҳам буданд. Подшоҳ кайфу тамошо кардан хоста, ба хизматгоронаш фармуд, ки онҳоро ба сарои чӯбин баранду саройро аз чор тараф оташ зананд. Хизматгорон фармони подшоҳро иҷро карданд, саройро оташ фаро гирифт, бому девори он афтоданд.

Ландахӯрон хеста гурехтанд, як нафар аз ҷой наҷунбид, ки аз ҳама танбалон танбалтар буд. Подшоҳ фармуд, ки ӯро ба наздаш оранд. Ин замон фиристодагони подшоҳ ба қаср баргаштанд. Ба ӯ гуфтанд, ки дар мамлакати ӯ духтари хирадманде зиндагӣ мекунад, ки Оқилахон ном дорад ва гӯё забони паррандагонро медонад. Подшоҳ ба хизматгоронаш фармуд, ки духтарро гирифта биёранд. Хизматгорон Оқилахонро ба қаср оварданд ва подшоҳ ба ӯ гуфт:

— Ман фаҳмидам, ки ту ба вазири ман ҷавоб гуфтаи. Ӯ забони паррандагонро намедонад, ту ҳатто қар-қари зоғро нашунида, ба ӯ гуфтаи, ки қар-қари зоғ чӣ маъно дорад. Инак ман мехоҳам донам, ки оё зоғ дуруст гуфтааст.

Подшоҳ инро гуфту ба хизматгоронаш фармуд, ки он ландахӯри аз ҳама танбалон танбалтарро ҳамроҳи духтари аз ҳама доно ба биёбони бекасу кӯй бурда монанд. Хизматгорон фармони ӯро филҳол иҷро карданд. Дар он биёбони бекасу куй он ландахӯру духтар танҳо монданд. Ландахӯр беҳаракат дар рӯи замин мехобид, ӯ гап задан он тараф истад, ба тарафи духтар ҳатто нигоҳ намекард, аз ғояти танбалӣ.

«Ман ба подшоҳ исбот мекунам, ки зоғ ҳақиқатро гуфтааст», — қарор дод Оқилахон. Ӯ ландахӯрро ба ҳоли худ монду роҳ пеш гирифт. Ӯ рафт-рафт ва билохира ба деҳае расид. Оқилахон дар он деҳа зани танҳои бечораро кофта ёфт.

— О модар, ту танҳою бенавоӣ, — гуфт ба ӯ, — ман мехоҳам ба ту хизмат кунам. Ман ба ту хизмат мекунам, ту бар ивази хизмат ҳар рӯз дуто нон медиҳи.

Зани куҳансол хурсанду розӣ шуд. Оқилахон дар хонаи ӯ монд. Як рӯз гузашт. Духтар якто нонро худаш хӯрду дигареро гирифта, ба рӯмол печонда, ба ҷои хоби ландахӯр рафт. Омада дид, ки ландахӯр ҳамон ҷо ноҷунбон хобидааст. Оқилахон рӯмолро кушода, нонро гирифта, се қадам дуртар аз ҷои хоби ландахӯр гузошта монду бо овози баланд гуфт:

— Эй ландахӯр! Ба ту нон овардам! Хез, бигир!

Ландахӯр чашм кушоду ба нон нигаристу аз ҷой наҷунбид. Бисёр мехост бихӯрад, вале хушаш намеомад, ки аз ҷой биҷунбад. Даст дароз кард, вале ба нон нарасид ӯ ба паҳлӯ гашту гавак кашид, нонро гирифта хӯрду боз аз ҷояш наҷунбид.

Рӯзи дигар духтар ду нонро худ нахӯрда ба рӯймол печонида ба пеши ландахӯр омаду як нонро аз рӯймол бароварда дар масофаи даҳ қадам аз ландахӯр дуртар гузошт. Ин дафъа ҳам овоз баровард:

— Эй ландахӯр! Ман нон овардам бароят! Хез аз ҷоят, бигиру бихӯр!

Ландахӯр чашм кушоду дид: нон аз дирӯза дуртар гузошта шудааст. Ҷунбидан намехост, вале гурусна, ки буд, илоҷе наёфта, гавак кашида, рафта, нонро гирифта хӯрд. Оқилахон нони дигарро боз ҳам дуртар гузошта, худ ба деҳа гашта омад.

Рӯзи оянда духтар ба биёбон боз дуто нон овард. Омада дид, ки ландахӯр нони дигари дирӯзро ҳам гирифта хӯрдааст. Оқилахон ин дафъа нонро ба шохи дарахти яккаю ягона овехт, ки он ҷо сабзида буд. Нонро ба дарахт овехта, он тарафтар нишаста, мунтазир шуд. Ландахӯр нонро дид, ба тарафи дарахт хазиду ба даст оварда натавонист, дар боло овезон буд нон. Илоҷе набуд, ландахӯр маҷбур шуд аз ҷой бархезад. Ин замон Оқилахон ба ландахӯр нони дигарро нишон дод, вале ба ӯ надод. Ландахӯр ба нон ҳарисона нигарист. Оқилахон дар даст нон ба сӯи деҳа рафт. Ландахӯр медид, ки духтар мераваду ҳамроҳаш нонро мебарад. Чӣ илоҷ?! Ландахӯр маҷбур шуд, ки аз паси Оқилахон равад.

Онҳо ба хонаи пиразан омаданду Оқилахон ба ландахӯр гуфт:

— Ин ҷо подшоҳи ахмақ, ки туро муфт мехӯронд, ҳозир не. Агар хӯрдан хоҳӣ, меҳнат кун, кор кардан нахоҳи, чор тарафат қибла, ҳар ҷо хоҳи, бирав!

Ландахӯр тарсид, ки духтар дигар ба ӯ хӯрок намедиҳад, дар хонаи пиразан монд. Аз ҳамон рӯз cap карда ҳар чи, ки ба ӯ Оқилахон мегуфт, иҷро мекардаги шуд. Ҳезум мешикаст, аз ҳавз об меовард, молҳоро мехӯронд.

Маълум шуд, ки ландахӯр ахмақ не, як ҷавони некдил аст. Вай заҳмат мекашиду нони ҳалол мехӯрд. Билохира Оқилахон ҷавонро дуст дошт. Дере нагузашта тӯй шуд ва дар хонаи пиразан зиндагӣ карда гаштанд. Ҳар се хурсанд буданд.

Ин замон дар қасри подшоҳ вазири дасти чап аз ҷаҳон гузашт. Подшоҳ намедонист, ки киро ба ҷои ӯ таъин кунад. Ва ӯ қарор дод, ки бози худро ба парвоз оварад ва ба китфи касе, ки боз рафта нишинад, ӯро вазири дасти чап таъин мекунад. Ҳамин хел фикр карду ҳамин хел кард.

Боз ба ҷои дуре парвоз карда рафт. Подшоҳ хизматгорони худро ба чор тарафи мамлакат равон кард, то раванду бинанд, ки боз рафта, ба китфи ки нишаст. Боз парвоз карду рафт-рафту ба деҳаи дурдасте расида, ба китфи деҳқоне нишаст. Ва деҳқон вазири дасти чапи подшоҳ шуд. Вазири оқилу заҳматдӯст ба подшоҳ маъқул шуд.

— О, вазири дасти чапи ман! — гуфт рӯзе подшоҳ — ман аз ту розӣ, ту нодон не, корро дӯст медорӣ.

Вазири дасти чан хандиду гуфт:

— Зани оқил шавҳари нодонро метавонад доно бикунад!

Подшоҳ ин суханонро шуниду бо хитоб гуфт:

— Зоғ дуруст гуфтааст!

— Дуруст гуфтааст духтари хирадманд, ки Оқилахон ном дорад! — гуфт вазири дасти чап — ман ҳамон ландахӯрам, ки ҳамроҳи он духтари доно бо фармони ту маро ба биёбон бурда партофтанд. Ӯ зани ман, ман вазири дасти чапи ту шудам.

Ана ҳамин хел Оқилахони зирак дурустии суханони худро пеши подшоҳ исбот кард.

1+

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *