Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳи тоҷикон

Бар асари пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ муддате фазои сиёсии кишварҳои воҳид ноором гашта, ҳаводиси хунангезро ба миён овард.

Мутаассифона, Тоҷикистон ба гирдоби назму сиёсати нодуруст афтода, ба мавҷи низоъ ва бесарусомонӣ рў ба рў омад. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва бетаҷрибагии давлатдории мустақил ба суст гаштани низоми ҷомеа ва парокандагӣ боис гашт. Ҳазорон нафар сокинони кишвар ба мамолики дуру наздик муҳоҷир гаштанд.

Фазои сулҳу субот аз байн рафт. Хисороти дар ин муддат ба миён омада ба раванди такомули ҷомеа монеъ гашт. Хатари аз байн рафтани миллат ва қисм-қисм шудани он низ эҳсос мегардид. Хушбахтона, ба василаи нури маърифати азалӣ охирин умед дар дили азият кашидаи халқи тоҷик зинда монда, худро чунин тасало дод:

Аз ноумедиҳо басо умед аст,
Поёнии шаби сияҳ сафед аст.

Бешубҳа, офтоби миллат Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанўз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рўйдоди сарнавиштсози миллат шинохта буд. Дар Иҷлосия ба Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сардори давлат дода шуд. Новобаста аз надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки бо дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ дар такя ба халқи азизашро тақдири давлатро муайян созад. Бо ҳамин мақсад фаъолияти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуда, дар андак вақт назми ҷомеаро барқарор сохт. Ин марди сиёсатмадору ҷасур, поквиҷдону далер аз рўзи ба сари давлат омадан ҷомаи нангу номус ба бар карда, тамоми нерўи ҷисмонӣ ва ақлонии хешро дар роҳи истиқрори сулҳ масраф намуд.

Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳад шуд. Ў аз чандин музакираҳои бебарор хаста нашуда, богузашти зиёд ва олиҳимматӣ ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон, яъне 27-уми июни соли 1997 шарафёб гардид. Дар ситоиши ин амали муборак ва корнамоии беназири Эмомалӣ Раҳмон Шоири халқи тоҷик устод Лоиқ гуфта буд:

Имоми дутарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик ба тоҷик.

Пайдост, ки ҳанўз ҳам дидаи ҳасуди душманони тангназар ба сўи мост. Аз ин хотир, ба таъбири Сарвари давлат ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод, зеро он раҳномаи фардои дурахшони Тоҷикистон аст.

Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷик, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дўст дорем. Тоҷикистон дар оинаи чашми Сарвари давлат чунин ба назар мерасад:

Меҳри ту дар вуҷудаму ишқи ту дар дилам,
Бо шир андарун шуду бо ҷон бадар шавад.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин