F1[iMDOD] ба ятимон тӯҳфа дод!

Бо мақсади аз худ зоҳир сохтани пешаи мардонагӣ ва раво дидани амали хайр нисбати ятимон дар арафаи таҷлили ҷашни соли нави мелодӣ муаллифони интирнет — портали «MAKTAB.TJ» ва боз чандин сомонаҳои дигар, аниқтараш гурӯҳи эҷодии F1[iMDOD] ба 17-нафар дастпарварони мактаб — интернати №2-и тобеи Раёсати маорифи Душанбешаҳр ба маблағи беш аз 500 сомонӣ аз ҳисоби даромади иловагии хеш тӯҳфаҳо тақдим намуд.

 

Зимнан, бино ба қавли раҳбари ҳамин гурӯҳ Дилшод Ҳамидов иқдом гирифтан ҷиҳати тақдими тӯҳфаҳо ба ятимон, аслан нияти ҳанӯз як сол қабли шахсии ӯ буда, ба муносибати як соли расо фаъолият доштани гурӯҳи эҷодиашон дар фазои хизматрасониҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар мамлакат мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки гӯрӯҳи эҷодии F1[iMDOD] 23-юми декабри соли 2010 расман ба фаъолият шурӯъ кардааст.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *