Фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба анҷоми соли хониши 2011-2012, аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади ба анҷом расидани соли хониши 2011-2012, ташкил ва гузаронидани аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм дар асоси Дастуруламали аз аттестатсияи давлатӣ гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 29-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва банди 49-и Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:


1.Машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-4 рӯзи 31.05.2012 ва дар синфҳои 5-11 (12)-и ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактаб-интернатҳо ва мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ 25.05.2012 ба анҷом расонида шавад.
2. Аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронии синфҳои 4 аз 1 июн то 06 июн, синфҳои 5-8 ва 10 (11)-и ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 26 май то 31 май ва барои синфҳои 10 (11), ки аз рӯи равия ва равияҳои соҳавӣ кор мекунанд, аз 26.05.2012 то 04.06.2012 аз рӯи маводҳои тасдиқкардаи раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои муассисаҳои таълимии шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) гузаронида шавад (Замимаи 1).
2.1.Ба роҳбарони муассисаҳои таълимие, ки зиёда аз 5 синфи баробар (параллелӣ) доранд, иҷозат дода мешавад, ки мӯҳлати гузаронидани аттестатсияҳои аз синф ба синфгузарониро тибқи қарори шӯрои педагогӣ бо назардошти шумораи синфҳо то 5 рӯз тамдид намоянд.
3.Дар синфҳои 9-и ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аттестатсияи давлатии хатм аз 26 май то 09 июни соли 2012 гузаронида шавад ( Замимаи 2).
3.1.Аттестатсияи давлатии хаттии хатми синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои «Алгебра» (хаттӣ) 28-уми май, «Забони модарӣ» (нақли хаттӣ) 2-юми июн, «Забони давлатӣ» (нақли хаттӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ, «Забони русӣ» (нақли хаттӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ 6-уми июн аз рӯи маводи пешниҳодкардаи Маркази ҷум-ҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
4.Дар синфҳои 11 (12)-и ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аттестатсияи давлатии хатм аз 26 май то 16 июни соли 2012 гузаронида шавад (Замимаи 3).
4.1.Аттестатсияи давлатии хаттии хатми синфҳои 11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои «Адабиёт» (иншо) 30-юми май, «Алгебра» (хаттӣ) 04-уми июн, «Забони давлатӣ» (нақли хаттӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ, «Забони русӣ» (нақли хаттӣ ) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, «Забони хориҷӣ» ( диктант), «Химия» ва «Технологияи информатсионӣ» (хаттӣ) 12-уми июни соли 2012 аз рӯи маводи пешниҳодкардаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
5.Дар мактаб-интернатҳои махсус ва мактабҳои ғоибонаи калонсолону наврасон барои бачагони гирифтори иллати руҳӣ ва ҷисмонӣ аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронӣ гузаронида намешавад.
6.Аттестатсияи давлатии хатми синфи 11 (12)-и ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои довталабони медали тилло ва нуқра дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, гузаронида шуда, натиҷаи он ба шӯъбаҳои маориф барои ташхис тибқи мӯҳлати дар «Низомнома дар бораи бо медалҳои тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовара аз 01.12.09, №18/19) нишон- додашуда пешниҳод карда шавад.
7.Сардорони раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд:
7.1.Ҳуҷҷатҳои довталабони медали тилло ва нуқраро тибқи талаботи бандҳои 6-7-и «Низомнома дар бораи бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
7.2. Ба хонандагоне, ки зинаи сеюми таҳсилотро пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома (справка) ва ба онҳое, ки таҳсилоти иловагӣ мегиранд, сертификат диҳанд.
8.Ба мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супорида шавад, ки ҷадвали гузаронидани аттестатсияҳои давлатии аз синф ба синфгузаронӣ ва хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва маводҳои аттестатсияҳои давлатии аз синф ба синфгузарониро як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия тасдиқ карда, мӯҳлати гузаронидани аттестатсияи такрории (тирамоҳӣ) ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар моҳи август муайян намоянд.
9.Ба Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф (Ф.Партовов) супорида шавад:
9.1.Маводҳои корҳои хаттӣ ва саволномаҳои (билетҳои) аттестатсияи шифоҳӣ барои хатмкунандагони синфҳои 9, 11 (12)-и ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти умумиро то 02.04.2012 таҳия намуда, барои тасдиқ ба вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
9.2.Маводҳои корҳои хаттӣ ва саволномаҳои (билетҳои) аттестатсияи шифоҳӣ барои хатмкунандагони синфҳои 9, 11 (12)-и ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба шумораи мактабҳо то 20-уми апрели соли 2012 нашр намуда, дастраси раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ гардонад.
10.Директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вазифадор карда шаванд:
10.1.Маводҳои иловагии аттестатсияи шифоҳии аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмро дар асоси барномаҳои таълимӣ тавассути омӯзгорони фаннӣ тартиб дода, як моҳ пеш аз давраи аттестатсия бо тавсияи Шӯрои методӣ ва иттиҳодияҳои методӣ тасдиқ ва дар ҷойи махсус маҳфуз доранд.
11. Сардорони раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд, ки аз натиҷаи ҷамъбасти аттестатсия ва сатҳи дониши хонандагон ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10-уми июли соли 2012 маълумотномаи муфассали таҳлилӣ ирсол намоянд.
12.Ба раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (А.Муллоев) ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ф.Партовов) супорида шавад, ки рафти омодагӣ ва баргузории аттестатсияҳои давлатии аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ санҷида, аз натиҷааш ба ҷаласаи назоратии наз-ди вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июли соли 2012 маълумотномаи таҳлилӣ манзур созанд.
13. Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» ( Н.Нуралиев) вазифадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дар саҳифаи навбатии ҳафтанома чоп намояд.
14.Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Маҳмадова гузошта шавад.

Вазир Н.Саидов

12.03.2012
№410
шаҳри Душанбе

  1. Салом Алейкум ое сарвари мактаб метавонад хонандаи гимназияро хорич кунад аз сабаби аз ду ва зиёда бахои 3 дошта бошад ва барои ин ягон хел шартнома хаст е нест.

    • абдуб салом! Мо ба ин саволатон посух гуфта наметавонем, ба Раёсати маорифи Душанбешаҳр муроҷиат кунед. Барори кор ба шумо!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *