Фарзанди бад – доғи падар

Тифлро аз кӯдакӣ омӯз адаб,
В-аз камоли тарбият одам шавад.

Ҳар як инсон дар зиндагӣ вазифадор аст, ки фарзанди хуб шавад, то ки дар оянда номбардору ифтихори волидони хеш гардад. Аз бадон канорачӯӣ намояду бо бузургону соҳибхирадон дӯстӣ варзад. Ба амалҳои бад даст назанаду мулоҳизакорона рафтор намояд. Албатта, ҳамаи волидон ҳамеша мекӯшанд, ки фарзандони онҳо поктинату боиффат ба воя расанд.

Мутаассифона фарзандоне ёфт мешаванд, ки на ҳама вақт обрӯю ифтихори волидон мегарданд. Ин гуна фарзандон бо вуҷуди ҳама гуна тарбияи баланд, муҳити солим ва волидони бузургашон бад ба воя мерасанд ва боиси афсурдагии волидони хеш мегарданд. Бехабар аз он, ки рӯзе ин амалҳои зишташон пеши роҳи онҳоро мегирад. Ҳар як амали зиштро барвақт ҳангоми пайдо гаштан аз худ дур кардан лозим аст. Пеш аз ҳама аз бадон худро бояд канора гирифт, набояд бо онҳо шишту-хез кард, то бад набуд, зеро:

Бо бадон манишин, ки сӯҳбати бад,
Гарчӣ покӣ, туро палид кунад.

Бисёр мебояд аз гуфтаҳои бузургон хирад омӯхт, зеро ақли солимро ҳамеша панду андарзҳо рӯҳи тоза мебахшанд, ба ҳаёти солим равона месозанд, соҳибобрӯ мегардонанд.

Фарзанде, ки дар рӯҳияи озодандешиву поктинатӣ тарбия ёфтааст, бешак сазовори хислатҳои хубу ҳаёти осоишта мегардад ва обрӯю эътибори муҳиту волидони хеш мешавад, зеро ӯ аллакай ба тақдиру камолот ва ба сарбаландии хеш сазовор гардида, тақдирсози хеш гаштааст.

Аммо фарзандони бад акси ҳолатҳои дар боло зикршударо аз сар гузаронида, боиси паст задани обрӯву эътибори худ дар назди наздикону ҷомеа мегарданд.

Онҳо, на танҳо обрӯю эътибори хеш, балки муҳити иҳотакардаашонро паст мегардонанд. Бевосита дар чунин маврид, пеш аз ҳама эътибори падару модар, низ паст мегардад. Албатта, волидон на бо чунин умед фарзанд парвардаанд, ки онҳоро доғдор гардонанд.

Ҳар як амали бади фарзанд ба назари падару модар чун доғи бузургу ғализ мерасад. Лекин фарзандони бад чун ангушти шашум, ки ба буданашон эҳтиёҷ нест, вале ба буриданаш дард меорад, монанданд. Оре, фарзандони бад мисли мори бад танҳо заҳр меоранд. Мисли каждуми нешрасон танҳо маломат ва заҳр меоранду бас. Аммо онҳо ҷисми зиндаанд. Бояд зиндагӣ кунанд ва то рӯзи марг, ки қазо тақдирашон бинмуда, ҳастӣ намоянд. Пас онҳо чӣ тавр зиндагӣ мекунанд? — саволе ба миён меояд. Онҳо тавре, ки дар боло гуфтем, аз бемаърифатию нодонӣ ва нодорию ранҷурӣ даст ба содири ҳама гуна аъмоли зишт, аз қабили дуздию роҳзанӣ, мардумфиребию авбошӣ ва монанди инҳо зада, худ низ дар ана ҳамин роҳҳои зишт ҷон ба қазо месупоранд, ки ҳатто барои наздикон рӯзҳои дафнашон низ ору номус меорад.

Фарзанди хуб — боғи падар,
Фарзанди бад — доғи падар.

Фарзандони хуб ҳамеша мисли дарахтони пурбор танҳо ва танҳо ҳосили хубу фаровон ва гулҳои умеду орзу меоранд. Обрӯю ифтихори волидон мегарданд, аммо фарзандони бад ҳамеша доғи волидону доғи ҷомеаанд, халалгари муҳити солиму зиндагии хушу рӯзгори осоишта ва маломатшунав. Чун шахси солиму дурандеш ва боақлу заковат ҳамеша дасти дуо мебардорем, то ҳамаи фарзандон хубу боодоб ва ифтихори волидон ба воя расанд.

Бодо, ки ҳама оқилу доно монанд,
Пайванди баду неки ҷаҳонро донанд.
Фарзанд чу пайванди дилу ҷони кас аст,
Бодо, ки ҳама умр ба имон монанд.

0
  1. Хасан:

    Бисер хуб!Оличаноб!

    0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *