Ғамхорӣ – дўст доштан аст

Далелу нишони меҳру муҳаббат ғамхорӣ аст. Дўст доштан бо ғамхорӣ нишон дода мешавад. Пас ғамхорӣ чи тавр бояд бошад?

Гурўҳе аз падару модарон, хусусан падарон, ғамхориро дар таъмин намудани фарзанд бо хўрокаю пўшока мебинанд. Албатта, ҳоҷоти зарурии фарзандро баровардан ғамхорист нисбати фарзанд. Валекин зиёда аз таъмини моддӣ, ниёзи маънавии фарзанд ё эҳтиёҷи қалбии ўро дидан лозим аст. Ғамхории бузургтарин ҳамин аст. Ҳатто ин ҷиҳати ниёзи маънавӣ ба таври бояду шояд бароварда нашавад, дидани ҳоҷоти моддии фарзанд дар инкишофи тарбияи вай аҳамияте надорад.

Аз ҳамин ҷост, ки баъзе падару модарон чунин шиква мекунанд: “Гарчи бо ў вақт гузаронида натавонистам, тез-тез аз ҳолу аҳволаш хабардор нашудам, вале аз касе кам набошад гуфта ҳаматарафа ўро таъмин кардам, нагузоштам, ки ба касею чизе мўҳтоҷ шавад…”.

Ҳол он ки инсон фақат аз гўшту пўсту устухон иборат нест. Аз робот ба куллӣ фарқ мекунад. Бинобар ҳамин, фарзанде, ки аз меҳру шафқати волидайн бархурдор набошад, ҳаматарафа таъмин будан дар тарбияташ заррае фоида надорад.

Ҳатто дар зери як бом зиндагӣ кардан маънои онро надорад, ки шумо ғамхорию меҳрубонии кофиро нисбати фарзандатон нишон дода истодаед.

Бо фарзандатон дар сари як дастурхон нишинед, якҷоя хўрок хўред.

Якҷоя китоб хонед, хондаатонро таҳлил кунед, фикри фарзандатонро гўш кунед, муҳокима кунед.

Якҷоя ибодат кунед, ба ҳамдигар дуои хайр кунед. Ин қалбҳои шуморо бо ҳам бо риштаи ногусастание мепайвандад.

Якҷоя ба сайру гашт бароед.

Якҷоя бозӣ кунед.

Якҷоя фикру маслиҳат кунед ва дар бисёр масъалаҳо якҷоя қарор диҳед. Фарзандатон бо шумо дар корҳои шахсӣ машварат кунад, байнатон дустӣ пойдор мегардад. Барои он ки фарзандатон бо шумо маслиҳат кунад, шумо бояд пешакӣ бо ў дар масъалаҳои мувофиқи синнаш машварат карда бошед. Яъне, бояд машварат карданро ҳам чун дигар мавзўъҳои муҳим аз шумо омўхта бошад.

Дар ғаму шодияш бо ҳам бошед.

Аз ҳолаш пурсон шуда, мушкилоташро гўш кунед.

Дар гиряю ханда якҷоя бошед.

Гар бо фарзанд на танҳо обу нон, балки ҳиссу фикрҳоятонро бо ҳам дида тавонед, пас шумо падару модари ҳақиқӣ ҳастед.

Ва дилаш аз шумо ҳеҷ гоҳ канда нахоҳад шуд.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 3, соли 2011
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин