Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон

Олами набототи Тоҷикистон хеле бой аст. Дар он зиёда аз 5 ҳазор намуди растанӣ мерӯяд. Қисми зиёди онҳо аҳамияти хоҷагӣ доранд.

Дар байни олами наботот растаниҳои мевадеҳ, ороишӣ, шифобахш (доругӣ) ва ғайра хеле бисёранд. Аз 1500 намуди растаниҳои доруворӣ ҳамагӣ 145 намудро дар тиб истифода мебаранд.

Хусусияти фарқкунандаи набототи Тоҷикистон дар он аст, ки онҳо алафҳои гуногун, нимбутта ва буттагиҳои минтақаи биёбон, дашт ва баландкӯҳҳо доранд. Набототи қисми ҳамвор хусусияти биёбонию нимбиёбонӣ доранд. Барги ин растаниҳо аксар майда ва хордор буда, обро кам бухор мекунад. Ба чунин растаниҳо ҷорубак, чинорак, лолахасак ва баъзе хушадорҳо мансубанд.

Набототи баландкӯҳҳо ба иқлими хушк ва номусоиди он мутобиқ шудаанд. Дар ин ҷо растаниҳои болиштмонанд бартарӣ доранд. Набототи марғзорҳои Айнӣ 2-3 моҳ нашъунамо карда, сипас аз хунукӣ маҳв мешаванд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор намуди гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳоро растаниҳои доругӣ ташкил медиҳанд. Дар байни онҳо барги зулф (зуф), ангур, бедгул, биҳӣ, бодом, газна, гули офтобпараст, дӯлона, занҷабил, зардчуба, зарпечак ё худ зардпечак, зира, испанд, каду, кокути, наъно, пиёзи ансул, пудина, себарга, чормағз ва дигар растаниҳо аҳамияти беандоза доранд.

Пистазорҳо дар Тоҷикистони Ҷанубӣ нисбатан бисёранд. Масоҳати умумии онҳо зиёда аз 100 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Писта то 60 фоиз равған дорад ва хӯроквории пурбаҳост. Пистаро чун ранг инчунин барои гирифтани катрон (дар техника ва тиб) кор мефармоянд.

Чормағз чӯби хушсифат ва меваи серғизо дорад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 28 ҳазор гектар чормағззор мавҷуданд. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 200 тонна чормағз ҷамъ оварда мешавад.

Ғайр аз арча, писта ва чормағз дар ҷангалҳои Тоҷикистон инчунин чинор, дӯлона, настаран ва бисёр дарахтони мевадеҳ мерӯянд.

Тавре маълум гардид, дар Тоҷикистони биҳиштосо олами наботот хеле рангин буда, аксари растаниву гиёҳҳои кишвари офтобрӯяамон шифобахшанд. Онҳо метавонанд ба садҳо бемориҳои мухталиф сари вақт даво бахшанд.

Пас табиати зебою нотакрор, бахусус, олами набототи Тоҷикистони азизамонро дӯст доред ва ҳифз намоед!

Омодакунанда: Алимов Хаитназар, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи педиатрия, гурӯҳи 1

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин