Гурги нодон

Буд – набуд, як гург буд. Вай гурусна монду дара ба дараю саҳро ба саҳро гашта, дар хеҷ куҷо хӯрок наёфт. Харобу беҳол шуд базӯр роҳ мерафт. Як рӯз ғамгину маъюс роҳ мерафт, ки дар роҳ бо як бузак во хӯрд.

-Оҳ бузаки ширину ҷонон – гуфт гург.

-Ман туро чунон ёд кардам, ки ҳеҷ вақт дар хеҷ куҷо ягон ҷонвари дигарро ин қадар ёд накардаам.

-Аз ин гапҳо маълум, ки ту маро нияти хӯрдан дорӣ – ларзида гуфт бузак.-Аммо ба ту бояд гӯям, ки хозир гӯшти ман бемазза аст агар розӣ бошӣ ин ҷо исту ба он тарафи кӯҳ гузашта зираю пиёз хӯрда меоям. Гуштам хеле бомазза мешаваду баъд кайф карда мехӯрӣ!

Гург ба гапҳои бузак бовар карда, розӣ шуд. Бузак бошад, рафту дигар гашта наомад.

Гург “барои чӣ бузак наомад’’гуфта, ба ақиби кӯҳ рафта дид, ки дар он ҷо на пай ҳасту на хайдар. Гург аз карда пушаймон шуда гуфт:

Эй гурги нодон,

Ахмақу нодон.

Диди, ки бузак

Бихӯр бамазак.

Гушт-ку тайёр

Зира чӣ даркор.

Наход бе пиёз

Гушти нағзу соз.

Бе мазза бошад

Хурок надорӣ.

Ҳам бемадорӣ

Акнун медонӣ.

Мурда мемонӣ

Гурги гурусна боз хӯрок кофта рафтан гирифт. Лекин базӯр роҳ мерафт пойҳои бемадораш печутоб мехӯрданд.Чашмонаш хира мешуданд.

Мушу калламушҳо аз хонаҳояшон сар бароварда гурги харобу бемадорро дида масхара мекарданд. Аз боли сари гург калхотҳо гузашта “ин ҳамин замон мемураду дар болои мурдаааш базм мекунем” гуфта, механдиданд. Аз пеши гург ногаҳон як асп мебарояд.

-Туро Худо ба ман расонд- гуфт гургу дандонҳояшро ба асп нишон дод.

-Ту маро хурдан мехоҳӣ –мегӯяд асп. -Ин хел бошад, ба ту як гап мегӯям – ман ба як ҷо хат бурда истодаам. Ин хат тақдири як галаи аспонро ҳал мекунад. Агар як дамакак сабр намоӣ зуд гашта меоям.

Баъд маро мазза карда мехӯрӣ.

-Ту ҳам бузак барин маро фиреб доданӣ ҳастӣ – гуфт гург – Ту хат-пат намебарӣ дурӯғ мегӯӣ!

-Дошта бошӣ нишондеҳ-талаб кард гург.

-Дар таги пойи ақибам гуфт асп – Бовар накунӣ омада худат бин. Гург ба ақиб гузашта, ба таги пойи рости асп нигоҳ кардани мешавад, ки асп гӯшашро сих карда чунон ба манаҳаш лагад зад, ки хамаи дандонҳояш шикастанд. Гург бехуш шуда афтод. Асп хандида чорхез карда гурехта рафт. Гург баъд аз чанд вақт ба хуш омада мебинад, ки ҳам асп аз даст рафтаасту ҳам бедандон мондааст. Вай нолону гирён худ ба худ ҳасрат карда мегӯяд:

Эй гурги нодон

Аҳмақу нодон

Аз дур дидӣ, асп

Дарав раву часп

Ту на хатхонӣ

Балки нодонӣ

Аз гуруснагӣ

Мурда мемонӣ

Гург ҳар чанд зӯр зад аз ҷояш хеста натавонист ва оқибат аз гуруснагӣ мурд.

1+

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *