Гузориш (намуна)

Гузориши мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ғарм дар бораи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил

Муассисаҳои таълимии соҳаи маорифи ноҳияи Ғарм бо назардошти шароиту имконоти маҳал ба соли нави таҳсил омодагӣ гирифтаанд, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини онҳо тайёрӣ ба зимистон буд. Мактабҳо, боғчаҳои бачагон аз таъмири ҷорӣ гузаштаанд. Ба қадри имкон сӯзишворӣ ҳам захира шудааст, ки ба 5-6 моҳ мерасад. Боми мактаби миёнаи рақами 1 таъмири пурраро талаб мекунад. Барои ин тунука ва 20-30 ҳазор сомонӣ лозим аст. Имсол барои ҳалли он шароит надорем. То ҷое, ки имконият буд, мактабҳоро бо печкаю ҳезум таъмин намудем. Аммо на ҳамаи мактабҳо ин имкониятро доранд. Китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ ба мактабҳо дода шудаанд, вале миқдорашон хеле кам аст. Бояд гӯям, ки кадрҳои омӯзгорӣ намерасанд. Шумораи муаллимони соҳибмаълумот хеле кам шудааст. Азкорравии муаллимон идома дорад. Мутахассисони ҷавон ба кор намеоянд. Кӯшиш мекунем, ки муассисаҳои таълимӣ ба зимистон омодагӣ бигиранд. Ёрии шумо ҳам лозим аст.

М. Аҳмадов, мудири шӯъбаи маориф

08 августи 1996

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин