Ҳар касеро баҳри коре сохтаанд

Ақрабаки соат қарибии ҳаштро нишон медиҳад. Ҳама шитоб доранд, ҳар кас кўшиш дорад ба нақлиёти ҷамъиятӣ пештар нишинад ва ба ҷои кори худ ҳозир шавад то аз маъмурияти худ сарзаниш нашунавад.

Аз саҳарии барвақт одамон мисли моку раву ой доранд. Касе ба сўйи коргоҳ мешитобад, касе ба сўйи донишгоҳ, касе бо кори худ ба самти дигар шитоб дорад. Қатори одамон бо як низоми хоса, дар ду қатор саф кашидаанд, мисли қаторе, ки мўрчагон ҳангоми дарёфт намудани чизе саф меороянд. Яке бо дигаре аз хусуси ким-кадом чизе сўҳбат мекунад, дигаре гоҳо бо чеҳраи ҷиддӣ ва гоҳо бо чеҳраи кушод ба қоғазҳои дар дасташ буда назар меафканад, чизеро бо қалам ислоҳ мекунад. Саввуми интизори нақлиёт аст.

Аҷаб дунёе, аҷаб сару савдое. Ҳар касе дарде дорад ва ҳар касеро барои чизе офаридаанд. Якеро духтур, дигареро ронанда, сеюмиро устои барқ, чорумиро барномасоз, панҷумиро муҳандиси сохтмон. Ҳар яке аз хусуси касби худ андеша дорад.

Ронанда мудом чашмони худ дар роҳ воситаи нақлиётро гоҳо дар чароғаки раҳнамо истодаву гоҳо дар истгоҳҳо таваққуф намуда меронад, одамонро ба манзилашон бурда мерасонад. Аз ҷойи коргоҳашон меоварад ва ё баръакс ба коргоҳашон бурда мемонад.

Духтур дар андешаи бемори худ аст. Дар хусуси қасами худ дар назди Гипократи бузург ёд мекунад, ба бемор, ки бо чашми умед назар меафканад, дасти мадад дароз мекунад, бемории ўро шифо мебахшад, дар пайрави Абўали Сино содиқ мемонад. Якеро мушоҳида мекунад, дигареро ташхис мегузорад. Ба яке доруву дармон мефармояд, ба дигаре бо лаҳни зебо сўҳбат мекунад, якеро таскин мебахшад, дигареро ҷарроҳӣ мекунад. Қалби якеро гўш медиҳад, дигареро ором мекунад.

Муҳандиси сохтмон бошад аз маҳсули дастранҷи худ ифтихор мекунад. Бо як чеҳраи хандон ба он биноҳои наву баландошьёна ва замонавӣ, ки маҳсули тахаюли ўст, назар меафканад, тарҳи нави биноҳоро мекашад. Биноҳои сохтааш яке беҳтар аз дигаре, зеботару барҳаво аз дигаре. Ҳар як бинои сохтаи ў ба ҳусни шаҳр ҳусни дигареро замъ мекунад. Онро зебову обод мегардонад. Ҳусну латофат мебахшад. Нақбҳо меканад, дили кўҳи Анзобу Шаҳристон, Чормағзаку Шар-Шарро мешикофад, роҳҳо буньёд менамояд, одамонро ба ҳам мепайвандад. Бо мақсади нурафшон намудани хонадони хар як миллати тоҷик НБО-и «Роғун»-ро бунёд мекунад, хатти баландшиддати Хатлон – Лолазор, Хуҷанд – Айниву Хуҷанд – Аштро мекашад.

Устои барқ шитоб дорад, шитоб дорад ба нерўгоҳҳои бузурги обиву барқӣ. Нерўгоҳҳои бузурги обиву барқӣ мисли Роғуну Сангтўда. Шитоб дорад то корҳои васлгариро ба анҷом расонад, хонаи моро пурнур гардонад, қувваи барқ истеҳсол намояд, кўчаҳоро чароғон намояд. Ҳангоми хомўш шудани барқ ҳоҷати мардумро барорад, асбобҳои барқии онҳоро таъмир намояд, ба хонадони онҳо хатти барқро ворид намояд ва онро ба таври дахлдор пайваст намояд.

Барномасоз бошад барномаҳои гуногунеро барои саноат месозад, истеҳсолотро автоматӣ мекунонад, қувваи кориро сарфа мекунад, технологияи навро вориди истеҳсолот мегардонад, технологияи нави компютериро меофарад. Кори деҳқонро сабук мегардонад, бофандаро аз заҳмати канда шудани ришта раҳояш мебахшад.

Аҷаб дунёе. Ҳар касеро баҳри кореву савдое офариданд. Ҳар касеро баҳри чизе офариданд, ҳар касе машғули чизест, ҳар касе машғули корест, ҳар касе машғули фаъолиятест, ҳар касе баҳри чизест…

 

8+

1
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
1 Муаллифони тавзеҳҳо
Ситора Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Ситора
Меҳмон
Ситора

Сомона хеле хуб аст.Агар байни хонандагон озмунҳои шавқовар ё викторинаҳо барои боз ҳам сайқал додани дониши онҳо гузаронида шавад боз ҳам беҳтар мешуд.Ба эҷодкорон раҳмат.Ба корҳоятон муваффақият.