Ибрат аз жандапӯшон

Соҳибдиле бо либоси жанда ва чиркин ба назди соҳибмақоме ташриф ёфт. Ба ӯ гуфтанд: бо ин гуна либосҳо чӣ гуна ба назди чунин шахси воломақоме рафтӣ? Ин гуна айб аст.

Ӯ дар ҷавоб гуфт: бо либоси чиркин назди бузурге рафтан айб нест, балки бо ҳамон либоси чиркин аз ҳузури вай баргаштан нанг аст, зеро ин гуна бозгашт нишони ин аст, ки он воломақом ӯро лоиқ надонист ва рад кард ва ҳадяву инъом ба ӯ набахшид. Мақсади гӯяндаи ин достон ин аст, ки бо гуноҳ ба сӯи Худованд рафтан ва дасти пур аз гуноҳро ба даргоҳи ӯ дароз кардан нанг нест, балки агар бар асари гузаштаи ношоист ва адами бозгашти содиқонаи ӯ, Худои пок ӯро напазирад ва гуноҳони ӯро набахшад ва гуноҳолӯд аз пешгоҳи Худо бозгардад нанг аст.

Ҳамчунин гуфтаанд: орифе ба ҳузури соҳибмансабе расид. Аз ӯ пурсиданд: чӣ овардаӣ?

Гуфт: аз касе, ки ба ҳузури бузурге омадааст намепурсанд «чӣ овардаӣ?» балки аз ӯ мепурсанд: «чӣ мехоҳӣ?», зеро агар чизе дошт ба онҷо намеомад.

0

2
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
1 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
2 Муаллифони тавзеҳҳо
Муҳиддинов СомонМехриниссо Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Мехриниссо
Меҳмон

Чаро шахсони воломаком факиронро бад сарватмандонро дуст медоранд.

Муҳиддинов Сомон
Меҳмон
Муҳиддинов Сомон

Ман ҳам чунин фикр дорам. Чаро?