Чӣ гуна метавон рӯйхати загрузкаи Windows -ро тағйир дод?

Ба ҳар гуна сабабҳо метавонад чунин ҳолате рух диҳад, ки ҳангоми загрузкаи компютер дар экрани он пешниҳоди интихоб кардани ягон намуди системаи омил пайдо мешавад. Аммо ба шумо тамоман писанд нест, ки ҳар вақт дар экран чунин ҳолатро бубинед ва мехоҳед, ки ба таври низоммеъёр ҳама вақт як намуди системаи омил загрузка шавад.

 

Дар Windows XP чунин ҳолатро метавонистем бо дигаргун сохтани файли boot.ini анҷом диҳем. Барои файли номбурдаро пайдо кардан, бояд ин амалро иҷро кард: тугмаи рости мушакро ба болои рамзи “Мой компьютер”, ки рӯи мизи кори аст, пахш карда, аз он банди “Свойства”-ро интихоб намуд. Баъд аз он дар равзанаи кушодашуда ба шохаи “Дополнительно” гузашт ва дар банди “Загрузка и восстановление” тугмаи “Параметры” -ро бояд пахш кард.

Дар равзанаи навбатӣ тугмаи “Правка”-ро бояд пахш кард.

Баъд аз ин дар таҳриргари матнии соддаи “блокнот” файли boot.ini кушода мешуд, ки онро метавонистем таҳрир кунем.

Дар Windows 7 ва дар Windows 8 чунин тугмаи “Правка” вуҷуд надорад, ки ба воситаи он мо тавонем файли boot.ini -ро кушода онро тағйир диҳем. Инак, чӣ гуна мо метавонем системаи омили иловагиро аз менюи загрузкавӣ бардорем?

Ин кор хеле осон аст: дар Windows 7 (ва дар Windows 8 ҳам) медароем ба “Пуск” – “Выполнить”. Ё ин ки дар клавиатура маҷмӯи тугмаҳои Win+R -ро пахш мекунем. Пас аз он фармони msconfig – ро ворид сохта тугмаи “ОК” -ро пахш мекунем.

Дар равзанаи кушодашуда ба шохаи “Загрузка” мегузарем.

Дар ин ҷо мо метавонем рӯйхати системаҳои омилро бубинем, ки ҳангоми загрузкаи Windows дар экран намуддор мешавад. Инчунин метавонем бубинем, ки кадоме аз ин системаҳои омил ба таври низеммеъёр загрузка мешавад ва метавонем онро тағйир диҳем, метавонем таймаут-вақтро нишон диҳем, ки дар вақти додашуда рӯйхати системаҳои омил дар экран намоиш дода шавад.

муҳимтаринаш ин аст, ки мо метавонем аз ин менюи загрузка сабти системаи омили нолозимаро тоза кунем. Барои ин сатри системаи навиштакардашударо ҷудо мекунем ва тугмаи “Удалить” -ро пахш карда баъд аз он “Применить” – “ОК” -ро интихоб мекунем.

Ҳамааш ҳамин, тамом. Баъд аз перезагрузкаи компютер дигар интихоби системаи омил дар рӯи экран пайдо нахоҳад шуд.

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

  1. Бахтиёр:

    Загрузка? Ин калима кучаги аст. Лутфан онро дар китобу сомонахо чой надихед.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *