Чӣ гуна рамзро дар ҳолати набудани раскладка ворид созем?

Дуруд ба ҳамаи шумо хонандагони азиз!

Мехостам бароятон доир ба ин масъала каме ҳам бошад, равшанӣ бахшам.

Рӯзе аз рӯзҳо яке аз шогирдонам ба ман занг зада аз ман кӯмак хост, ки ҳалли мушкилоти пешомадаро рафъ созам. Манзураш ворид шудан ба системаи Windows буд. 

Инак баъд аз пурсу пос, маълум гардид, ки дар системи омили Windows рамз гузоштааст ва акнун наметавонад ба системааш дубора ворид шавад, чунки ба ғайр аз як забон дигар забони ҳуруфчинӣ вуҷуд надорад ва ҳуруфчинии рамз бо забони мавҷудбуда имконнопазир аст. 

Агар шумо низ бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ шуда бошед, пас ҳаргиз зиқ нашавед, чунки бартараф кардани ин мушкилот басо содда ва тамоман осон аст. Барои ин аз символҳои ASCII истифода мебарем.

Ҳамин тариқ, мегузарем ба истифодабарии он:

Ҷадвали символҳои ASCII -ро поёнтар мегузорам, вале ҳоли ҳозир мехоҳам ба шумо таври навишт ва истифодабарии онро маълум созам.

  Фарз кардем ба мо asd навиштан лозим аст. Мо бояд чунин амалро иҷро кунем: 

  1. тугмачаи Alt -ро дошта, қимати онро аз тариқи клавиатура қисми рақамии он (масалан, 97 барои ҳарфи “а” хурд) ворид кунем ва пас аз ин тугмачаи Alt -ро сар диҳем;
  2.  дигарбора тугмачаи Alt -ро пахш карда, 115 рақамчинӣ кунем (барои ҳарфи “s” хурд) ва пас аз ин тугмачаи Alt -ро сар диҳем;
  3.  дигарбора тугмачаи Alt -ро пахш карда 100 рақамчинӣ кунем (барои ҳарфи “d” хурд) ва пас аз ин тугмачаи Alt -ро сар диҳем.

Дар натиҷа asd навишта хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки шумо метавонед барои ҳосил кардани боварӣ ба дурустии тарзи кор чунин амалро дар барномаи “блокнот” санҷида бинед.

Ҷадвали ASCII (MS-DOS 866 нишон дода шудааст)

КИРИЛЛӢ ҚИМАТ ЛОТИНӢ ҚИМАТ
А 128 A 65
Б 129 B 66
В 130 C 67
Г 131 D 68
Д 132 E 69
Е 133 F 70
Ж 134 G 71
З 135 H 72
И 136 I 73
Й 137 J 74
К 138 K 75
Л 139 L 76
М 140 M 77
Н 141 N 78
О 142 O 79
П 143 P 80
Р 144 Q 81
С 145 R 82
Т 146 S 83
У 147 T 84
Ф 148 U 85
Х 149 V 86
Ц 150 W 87
Ч 151 X 88
Ш 152 Y 89
Щ 153 Z 90
Ъ 154 a 97
Ы 155 b 98
Ь 156 c 99
Э 157 d 100
Ю 158 e 101
Я 159 f 102
а 160 g 103
б 161 h 104
в 162 i 105
г 163 j 106
д 164 k 107
е 165 l 108
ж 166 m 109
з 167 n 110
и 168 o 111
й 169 p 112
к 170 q 113
л 171 r 114
м 172 s 115
н 173 t 116
о 174 u 117
п 175 v 118
р 224 w 119
с 225 x 120
т 226 y 121
у 227 z 122
ф 228    
х 229    
ц 230    
ч 231    
ш 232    
щ 233    
ъ 234    
ы 235    
ь 236    
э 237    
ю 238    
я 239    
Ё 240    
ё 241    

Илова кардани раскладкаи клавиатура дар вақти пазироии экран

Баъд аз дохил шудан ба система илова кардани раскладкаро дар рӯи экран фаромӯш насозед. Барои ин дар реестр илова кардани чунин REG-файл кофист.

Windows Registry Editor Version 5.00
 
[HKEY_CURRENT_USER\Keyboard Layout\Preload]
;Раскладкаи англисӣ
"1"="00000409"
;Раскладкаи русӣ
"2"="00000419"
;Раскладка бо рақами 1 ба таври низоммеъёр пешниҳод мешавад
 
Ин тарзи батанзимдарорӣ танҳо барои истифодабарандаи ҷорӣ пешбинӣ шудааст.

Барои ба ҳамаи истифодабарандагон таалуқ доштанаш, тағиру иловаҳо бояд дар бахши мазкур иҷро гарданд.

1
HKEY_USERS\.DEFAULT\Keyboard Layout\Preload

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *