Тарзи дуруст истифода бурдани компютер дар чист?

Беҳуда нест, ки асри XXI – ро асри тараққиёти илму техника ном бурдаанд. Инкишофи технология имрӯзҳо нисбат ба фоида зарараш бисёртар аст, насли имрӯзаро хусусан муомила ва муоширати байни якдигарро дигар намудааст. Албатта барҳамхӯрдани технологияро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Дар айни замон, дар ҳар гӯшаву канори кишвар хонаҳои компютерӣ ҳаст, ки ҷавонон бисёртар аз онҳо истифода бурда баъзе барои бозӣ ва баъзе барои шабакаҳои интернетӣ маблағҳои зиёдро сарф менамоянд. Ин амал насли наврасро аз хондан боз медорад. Нигоҳ накарда ба ҳамаи ин, компютер ҷиҳати хуб низ дорад. Имрӯзҳо дар ҳама касбу кор компютер истифода бурда мешавад. Компютер ва технологияи информатсионӣ имрӯз дари худ ва олами донишро ба насли имрӯза боз кардааст.

Тавсияҳо барои хуб омӯхтани компютер ва истифодаи он:

Аслан, барои фаҳмидани компютер аввалан шуморо мебояд забони руссӣ ва агар хоҳед то дараҷаи олӣ донед, забони англисиро низ донистан зарур аст, чунки ҳар он барнома ва системае, ки дар дохили компютер ҳаст, ҳамаи онҳо бо ин ду забон тартиб дода шудаанд ва дар дуюм шуморо мебояд бештар бо намудҳои гуногуни барномаҳо кор кунед, новобаста аз намуди онҳо(яъне графикӣ, матнӣ…). Дар замони ҳозира ҳар он чизе, ки ихтироъ мешаваду кашф мегардад тавассути компютер сохта мешавад, ҳатто маводҳои хӯрока ҳам. Ҳар он чизе, ки шумо мехоҳед бо компютер анҷом диҳед, аввалан дар бораи он маълумотҳои хосса ва бо кадом барномаҳо сохта мешавад, ҳатман донед. Имрӯзҳо дар интернет, дар бораи ҳамаи барномаҳо маълумот гирифтан мумкин аст, кӯшиш намоед, ки ҳар он маълумотҳое, ки дастрас менамоед, бештар бо расмҳо фаҳмонида бошад(скриншот). Тавассути он расмҳо шумо ҳарчи тезтар ва хубтар мефаҳмед.

Кӯшиш намоед, ки камтар бо бозиҳои компютери машғул шавед, чунки бештари вақтро дар онҳо бефоида сарф менамоед. Ҳар он касбе, ки шумо мехоҳед дар оянда бо он машғул шавед, дар бораи он маълумотҳо гиред, маводҳо ё худ китобҳое, ки заруранд сабт намуда аз он истифода баред, ин барои шумо муваффақиятҳои бештарро пеш меорад, яъне шумо аллакай дар бораи ин касб маълумотҳои зиёд доред ва кӯшиш намоед, ки бештар китобҳо хонед. Агар ба шумо китобхонӣ он қадар хуш наояд, китобҳоро дар шакли аудио гиред, ин гуна китобҳо дар интернет бисёр аст, шуморо мебояд танҳо бодиққат гӯш кунед.

Агар шуморо кори компютерӣ хаста карда бошад ва маҷбуред он корро ба анҷом расонед, пас мусиқии дилхоҳатонро гузошта коратонро давом диҳед, албатта дар ин маврид хастагии шуморо бартараф менамояд. Гуфтанием, ки муддати дароз нишастан дар назди компютер ба системаи асаби шумо зарари бениҳоят калон мерасонад. Олимони англис чунин ақида баён намудаанд, ки баъд аз ҳар як – ду соат ҳар як инсони бо компютер сарукордошта, бояд то 20 – 30 дақиқа аз назди компютер дур шавад ва гузоштани растании кактус дар назди компютер хело хуб аст(нурҳои зараровари компютерро ба худ мегирад).

  1. раҳмат барои маводи мазкур маъмурият…

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *