Илм – равшангари пайраҳаи ҳаёт

Илм чароғи равшанест, ки ба зиндагии инсоният нуру сафои зиёд мебахшад. Касе, ки аз илм баҳраманд бошад, қалби нуронию рӯҳи қавӣ дорад ва ба атрофиён ҳамеша бо нерӯи дониш таъсири мусбат мерасонад. Маҳз тавассути илму дониш инсоният рӯз то рӯз кашфиётҳои наву дастовардҳои зиёд ба даст оварда, мушкилоти ҳаётии худро бартараф месозад. Ман дар бораи равшангари пайроҳаи ҳаёт будани илм чӣ медонам? Мехоҳам дар ин мавзӯъ сухан пардозам.

Оре, дар ҳақиқат рост аст, ки агар илму дониши омӯхтаи мо дар ҳаётамон лозим ояд, мо метавонем ба муваффақиятҳои беназир ноил гардем. Чуноне ки адибони бузург гуфтаанд:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Дар ҷаҳон касе нест, ки аз илму дониши азбарнамудааш зарар дида бошад. Ҳамаи донишмандон, олимону мутафакирон аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъди Шерозӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ ва ғайраҳо аз омӯхтани илму адаб сар ба фалак бардоштаанд. Шахсоне, ки илму дониши қавӣ доранд дар ҳаёт иродаи мустаҳкам доранд.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин фармудаанд :

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Агар мо хонандагон аз илму дониши замони хеш бо хабар бошем, ҳеҷ гоҳ дар пастиву баландии рӯзгор мушкили намекашем. Аз ин лиҳоз ман ҳам бисёр кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки аз илму дониши замони хеш баҳравар бошам.

Илм мӯъҷизаи Худодод аст, ки онро кас на харида ва на фурӯхта метавонад. Илмҳои дӯстдоштаи ман забон ва адабиёти тоҷик, алгебра, биология, кимё ва нуҷум мебошанд. Ман дар оянда мехоҳам, ки ҳамаи илмҳои замони хешро аз худ карда, ҳамчун мутахассиси беҳтарин ба халқу ватани азизам Тоҷикистон хизмати арзанда кунам.

Ман дар охири иншои мухтасар ба чунин хулоса омадам, ки ҳеҷ гоҳ аз илму дониш рӯй нагардонем. Зеро бе илму адаб мо инсон нестем, яъне мо илму адаб надошта бошем, шабеҳи ҳайвон ҳастем .

Илм агар андак бувад , хораш мадор,

Чунки дорад илм қадри бешумор.

Ҳоло барои омӯхтани илму адаб ба мо ҳамаи шароитҳо муҳайёст.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *